Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худҷӯшу табиӣ" ё "мудохилаи хориҷӣ"? Нигоҳи эрониёни Тоҷикистон ба эътирозҳо дар Эрон. ВИДЕО


Бо ин ки эътирозҳои мардумӣ дар Эрон наздики як ҳафта аст, ки дар сархати ахбори ҷаҳон қарор гирифтанд, эрониҳои муқими Тоҷикистон аз ин таҳаввулот интизороти ҷиддие надоранд. Эронитаборони муқими Тоҷикистон, ки бо далелҳои кориву иҷтимоӣ дар даҳсолаи охир муқими ин кишвар шудаанд ва шуморашон чандон зиёд нест, охирин ҳаводиси ватанашонро тавассути интернет ва шабакаҳои байналмилалии телевизионӣ пайгирӣ мекунанд.

Гурӯҳе аз эътирозҳо ҷонибдорӣ мекунанду бархе дигар ба худҷӯшу табиӣ будани ин тазоҳурот бовар надоранд ва “гурӯҳҳои манфиатҷӯ”-ро муқассири бебандубориҳо медонанд. Дар пайи панҷ рӯзи эътирозҳо аз мушкилоти иқтисодии Эрон тибқи гузоришҳо 22 нафар кушта шуда, садҳо нафар боздошт гардиданд. Рӯзи шашум ҷои эътирозгарони мунаққиди ҳукуматро ҷонибдорони Ҷумҳурии Исломӣ гирифтанд ва аз ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ ҳимоят карданд.

Аксар эрониҳои муқими Тоҷикистон эҳсос мешавад, ки зимни сӯҳбат дар робита ба эътирозҳои ватани худ хеле эҳтиёт мекунанд.

Алӣ Ризо тахминан 40 сол дорад ва ду соли гузашта қарор кард кору тиҷораташро дар Душанбе идома диҳад. Бо пешниҳоди як дӯсти тоҷикаш ва пас аз бад шудани вазъи иқтисодиву ноком шудани тиҷораташ дар Эрон, барои кору зиндагӣ ба Тоҷикистони ҳамзабону ҳамфарҳанг омад. Дар Душанбе қаҳвахонаеро мечархонад ва зоҳиран аз кораш розӣ аст. Мегӯяд, дар Эрон як ширкати тиҷҷорӣ дошт. Бо ёдоварӣ аз он замон мегӯяд: “Солҳои пеш тиҷорат дар Эрон пурравнақтар буд, яъне манфиати бештар ба даст меомад. Аммо як-ду соли ахир дигар вазъияти иқтисодӣ аслан хуб набуд. Фурӯшҳо ба сахтӣ сурат мегирифт ва ин боис шуд, ки дигар ман ангезае барои мондан надоштам”.

"Худҷӯшу табиӣ" ё "мудохилаи хориҷӣ"? Нигоҳи эрониёни Тоҷикистон ба эътирозҳо дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Ин соҳибкори эронӣ дар робита ба ҳодисаҳои ахири кишвараш мегӯяд, дар воқеъ мушкилоти иқтисодӣ мунҷар ба эҷоди норозигиҳо ва ба хиёбон рехтани мардум шуд. Ӯ ҳаводиси Эронро «як эътирози комилан маданӣ» меномад. “Сад дар сад эътирози онҳо аввал бо шиорҳои иқтисодӣ рӯ зад. Падидаи Машҳад як бунгоҳи иқтисодӣ буд, ки натавонистанд пулҳои мардумро сари вақт баргардонанд, мардум ҳам ба эътирози он ба хиёбонҳо баромаданд.”

Алӣ Ҳаддодӣ
Алӣ Ҳаддодӣ

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон тахминан 50 хонаводаи эронӣ зиндагӣ мекунад ва аксари онҳо сокини Душанбе ҳастанд. Пеш аз маҳдуд шудани фазои тиҷорату кор барои эрониҳо дар Тоҷикистон дар ду соли охир шумори эрониҳо хеле бештар буд.

Алӣ Ҳаддодӣ, раҳбари Ҷамъияти эрониҳои муқими Тоҷикистон аст. Волидони ӯ замонӣ шӯравӣ ба нишони пуштибонӣ аз ҳукумати советӣ ва ҳам бо ҳадафи дастёбӣ ба зиндагии беҳтар ба Тоҷикистон омадаанд. ”Падарам ин ҷоро таъриф мекард, мегуфт, он ҷо шароит барои дарсу кор хуб аст. Ӯ ин ҷо дар донишгоҳ дарс мегуфт ва модарам ороишгар буд”.

Алӣ Ҳаддодӣ, дар Тоҷикистон мактаб ва донишгоҳ хондаву кор кардааст. Ҳамсари тоҷик дорад ва дар китобхони миллӣ фаъолият мекунад. Оқои Ҳаддодӣ мегӯяд, дар ин байн як бор талош кард бо хонавода барои зиндагӣ ба Эрон баргардад, аммо пас аз як муддат дубора баргашт. “Як бор рафта будем, бо аҳли хонавода, аммо баргашта омадем. Ҳам одат буд, ҳам зиёд душвор аст зиндагӣ кардан он ҷо. Масъалаи хона, баъд иҷора гирифтан хеле гарон аст.”

Аммо бо вуҷуди даҳсолаҳо дур аз Эрон зиндагӣ кардан, Ҳаддодӣ мегӯяд, ӯ ва дӯстони дигари эрониаш нисбати сарнавишти ин кишвар бетараф нестанд. Онҳо барои Эрон оромӣ мехоҳанд. Он ҷо вазъи зиндагӣ аз ин ҷо фарқ мекунад, мо ин ҷо одат кардем. Он ҷо либос мисли ин ҷо озод нест. Фаранҷӣ мепӯшанд, рӯсарӣ доранд. Агар имкон шуд ва он ҷо мисли ин ҷо озод бошад, эрониҳо ба ҳар ҳол фикр мекунанд, ки бираванд ё бимонанд. Онҳо интизори озодӣ ҳастанд, вале асос ин ки ҷангу террор намехоҳанд”.

Аксар эрониҳои муқими Тоҷикистон эҳсос мешавад, ки зимни сӯҳбат дар робита ба эътирозҳои ватани худ хеле эҳтиёт мекунанд. Аксари онҳо ба далоили амниятӣ ваё бо баҳонаи «сиёсӣ будани мавзӯъ» намехоҳанд зиёд дар ин мавзӯъ назари худро ошкор баён кунанд.

Як мусоҳиби дигари мо, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, эътирозҳо дар Эрон зиёд тӯл намекашад ва тағйироти ҷиддие ҳам дар пай нахоҳанд дошт. Чун ба гуфтаи ӯ мардум, ки аслан аввал бо талабҳои иқтисодӣ ба хиёбон баромада, ҳоло худ дақиқ намедонанд чӣ мехоҳанд ва як пешвои қавӣ ҳам надоранд.

“Як идда афроди судҷӯ ҳам ҳастанд, ки меоянд байни корзору дунболи манфиатҳои худ мешавад. Эрон дар минтақа душмани зиёд ҳам дорад. Чизе, ки бароям ҷолиб буд, масъулини низом ҳам дидгоҳи иғтишошгарона надоранд. Ҳатто масъулин ҳам ба нерӯҳои низомӣ дастур доданд, ки бо мардум бархӯрд накунанд. Ман умедворам, ки эътирози иқтисодии мардум ҷавоб дода шавад ва мардум ба хостаҳои иқтисодии худ бирасанд. Мардум чизе бештар аз ин намехоҳанд. Ман фикр мекунам дар чанд рӯзи оянда онҳо посухи мусбат хоҳанд гирифт. Чун дар шароити феълӣ агар амнияти Эрон ба ҳам бихӯрад, амнияти Ховари Миёна ба ҳам мехӯрад”.

Аксар эрониҳои Тоҷикистон, ки замони шӯравӣ ва дар аҳди шоҳу баъди инқилоби исломӣ дар соли 1979 ба Тоҷикистон омадаанд, дар орзуҳои худ барои зодгоҳашон оромӣ ва дар айни замон озодӣ мехоҳанд. Алӣ Ризо мегӯяд: “Орзуманд ҳастам, ки равнақи иқтисодӣ хеле беҳтар шавад. Фазо чи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва чӣ сиёсӣ, аз ҳар бобат, аз оне, ки ҳаст бозтар шавад, ки мардум ҳам розӣ бошад.”

XS
SM
MD
LG