Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додугирифти табибони тоҷик бо ширкатҳо ғайриқонунӣ шуд


Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба табибон дастур додааст, ки ҳамкорӣ бо ширкатҳои доруфурӯширо қатъ кунанд.

Табибони тоҷик рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тибқи дастур сар аз моҳи июн, минбаъд онҳо ҳаққи бастани қарордоди инфиродӣ бо ширкатҳои доруфӯрӯширо надоранд ва набояд маҳсулоти ширкати хосеро ба беморон таблиғ кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин далел, ки духтур ба ташвиқи доруи як ширкати хориҷӣ манфиатдор мешавад, ба фоидаи бемор нест, зеро табиб барои дарёфти маблағ манфиати худро болотар аз фоидаи бемор мегузорад.

Аз ҳашт ҳазор ҷарима то панҷ соли зиндон

Ширкатҳои хориҷӣ, ки иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро доранд, дар баробари ниҳодҳои расмӣ, ҳамчунин бо табибон шартномаҳои инфиродӣ мебанданд ва онҳоро фурӯшанда ва таблиғгари маҳсулоти худ мекунанд. Пизишкон ду нусха дорухат навишта, якеро ба бемор ва дигареро ҳамчун санади собиткунандаи фурӯши маҳсулот ба ширкат пешниҳод мекунанд.

Мақсади мо ин буд, ки ҳамкории инҳо барҳам хӯрад, чун ба манфиати бемор нест. На танҳо табибон, балки дар сурати ошкор шудани таблиғи маҳсулоти доруворӣ ширкатҳое, ки ин корро мекунанд, ҷавобгар мешаванд

Содиркунандагони аслии доруворӣ ба Тоҷикистон Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Покистон ва Чин аст. Тоҷикистон ширкатҳои бузурги истеҳсоли доруворӣ надорад. Танҳо 27 ширкати хурд ба тавлиди чанд доруи сода, мисли глюкоза, метрогил ва витаминҳои гуногун қодиранд, ки дар бозори дохилӣ масраф мешавад.

Салим Абдулазизов, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии вазорати тандурустӣ рӯзи 8 июн дар шарҳи дастури нав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз қувваи қонунӣ гирифтани Кодекси тандурустӣ, тамоми ҳамкориҳои табибон бо ширкатҳои фармасевтӣ, таблиғи маҳсулоти дорувории онҳо манъ аст.

"Мақсади мо ин буд, ки ҳамкории инҳо барҳам хӯрад, чун он ба манфиати бемор нест. На танҳо табибон, балки, дар сурати ошкор шудани таблиғи маҳсулоти доруворӣ ширкатҳое, ки ин корро мекунанд, ҷавобгар мешаванд" - гуфт Салим Абдулазизов.

Кодекси тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 3 июни соли равон дар нашрияи “Ҷумҳурият” нашр шуд ва қувваи қонунӣ гирифт.

Бар асоси Кодекси нав, табибон ва ширкатҳо барои чунин ҳамкорӣ то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Дар сурати зиён дидани муштарӣ аз доруи таблиғшуда аз 2 то се 5 сол зиндон низ пешбинӣ шудааст.

Мо доруи зараровар тавсия намекунем

Мавлуда Ҳакимова, пизишки як беморхонаи шаҳри Душанбе 8 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бо иҷозаи вазорати тандурустӣ бо ширкатҳои доруфурӯшӣ ҳамкорӣ мекарданд, вале акнун бар асоси қонун маҷбуранд, аз ҳамкорӣ даст бикашанд.

Ин пизишк мегӯяд, ҳамкорӣ бо ширкатҳо ба фоидаи табибон, беморон ва ширкатҳо буд.

"Бештар ширкатҳо доруҳои истеҳсоли Ҳиндустонро ба мо медоданд. Мо огоҳ мешудем, ки кадом доруи нав барои табобати кадом беморӣ аст. Масалан, ман табиби бемориҳои асаб ҳастам, ба ман фақат рӯйхати доруҳои асабро медоданд" - гуфт ӯ.

Мавлуда Ҳакимова нигарониҳоеро рад кард, ки табибон барои фурӯхтани доруи бештар ва ба даст овардани маблағ, даркору нодаркор ба бемор табиб доруи зиёд тавсия мекунанд.

“Агар ягон духтури бевиҷдон набошад, ҳиҷ табиб ба бемор доруеро, ки ба фоидааш набошад, дар дорухат наменависад. Мо ҳамон доруеро, ки фоидавоар ҳаст, менавиштем. Ширкатҳо пули нағз медоданд, ки бисёри табибон аз он ҳисоби зиндагиашонро беҳтар карда, дигар аз бемор пул намегирифтанд”

Ширкатҳои доруфурушӣ ба табибоне, ки дар таблиғи доруи онҳо пешсаф буданд, роҳхати сафар ба хориҷи кишвар ва тӯҳфаҳои пуливу молӣ медоданд.

Беморон: Духтур тавсия мекард, ширкат занг мезад

Сокинон мегӯянд, шеваи ҳамкории пизишкон бо ширкатҳои доруфурӯшӣ барояшон хастакунанда буд. Акрам Сайфуллоев, ки солҳост аз дарди сутунмӯҳра ранҷ мебарад, 8 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар вақти авҷ гирифтани дардаш ба пизишкон муроҷиат мекунад ва доруҳоеро барояш тавсия медиҳанд, ки ширкатҳо барои таблиғ пешниҳод кардаанд.

-Рости гап, безор шудам, аз ин доруҳо. Ҳич фоида надоранд. Ҳамин духтур менависад, ба хона мерасӣ, ки аз ширкат занг мезананд. Занг мезанад, ки ака фалон доруро харидӣ ва ё истифода кардӣ. Духтурон ҳам барои духтурон тамоми маълумоту рақами телефони моро медоданд. Ман чаҳор сол аст, табобат мекунам, ба ғайр аз фоида овардан ба ҳамин ширкатҳо ва духтурон ҳеҷ фоидае ба саломатиам нарасидааст. Дард каме таскин меёбад, боз сар мешавад" - гуфт ӯ.

Адолат Ҷалилова, як зани дигар мегӯяд, барои писараш, ки аз дарди меъда ранҷ мебурд, пизишкон чунин доруҳоро тавсия мекарданд.

"Як духтури шинос доштам, мерафтам пешаш нисфи ин доруҳоро хат мезад. Мегуфт, ки ин доруҳои реклама ҳаст. Агар дар дорухат даҳ дору менавиштанд, нисфаш доруи рекламаи ширкатҳо буд" - гуфт ин зан.

Чаҳор шикоят аз пастсифатии дору

Намояндагони ширкатҳои доруфурӯшӣ дар Тоҷикистон ҳозир нашуданд, дар робита ба ин муқарароти нав сӯҳбат кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ беш аз 90 ширкати хориҷӣ ба бозори Тоҷикистон маҳсулоти доруворӣ ворид мекунанд. Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дорухона барои фурӯши дору иҷозат доранд. Соли гузашта танҳо 4 шаҳрванд аз сифати пасти дору ба Хадамоти назорати фармасевтии вазорати тандурустӣ шикоят кардаанд.

Телевизионҳои давлатӣ ба таври фаровон маҳсулоти ин ширкатҳоро дар Тоҷикистон таблиғ мекунанд. Ҳамзамон, ширкатҳо бевосита ба пизишкон шартнома барои таблиғи маҳсулоташон доштанд, ки ҳоло мамнӯъ эълон шуд. Шартномае, ки ба гуфтаи масъулони вазорати тандурустӣ ба манфиати беморон набуд.

XS
SM
MD
LG