Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаҳои ғамангези Ҳабиб


«Ояндасоз–мюзик»-ро аз тозаҳои эҷодии Ҳабиб Ҳакимов, ки рӯзҳои наздик маҷмӯъаи нави таронаҳои худро пешкаши ҳаводоронаш месозад, оғоз мекунем.

Бояд гуфт, ки ин албоми нахустини Ҳабиб хоҳад буд, ки дар алоҳидагӣ аз гурӯҳи «Фарзин» омода мешавад. Аҷиб ин аст, ки замоне Ҳабиб дар гурӯҳи «Фарзин» фаъолият дошт, кулли таронаҳояш дар сабки шӯх иҷро мешуданд, аммо ҳоло аз аксари таронаҳои ӯ ғаму ҳасрат эҳсос мешавад. Чаро чунин аст? Агар мехоҳед посух ба ин суол ва таронаи ҷадиди Ҳабибро бишнавед, аз тарафи рости ин сомона барномаи «Ояндасоз-мюзик»-ро бишнавед.

Таронаи дигаре, ки «Ояндасоз-мюзик» тақдиматон месозад аз Ғолибҷон, овозхони гурӯҳи «Эҳсон» аст, ки баръакси Ҳабиб пас аз ҳаёти пасипанҷарагӣ бо хушбинӣ ба ҳаёти муқарарӣ баргаштааст. Мухлисони Ғолибҷон хеле хуб дар ёд доранд, ки ӯ ду соли қабл барои ба қатл расонидани собиқ ҳамсараш зиндонӣ гардид ва ҳоло дар озидӣ ҳасту пайи эҷоди таронаҳои нав. Бояд гуфт, ки ӯ аллакай албоми ҷадидашро нашр кардааст. Ногуфта намонад, ки нахустин таронае, ки Ғолибҷон пас аз ба озодӣ баромаданаш эҷод кард «Салом модар» ном дорад, ки онро низ аз Ояндасоз мюзик бишнавед.

Имрӯзҳо таронаҳои дар васфи модар ватан ва Тоҷикистон хеле маъмул гаштааст ва хеле зиёд ба гӯш ҳам мерасад. Чун мо дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ қарор дорем, радиоиву телевизионҳои маҳаллӣ ин намуди сурудҳоро хеле зиёд истифода мекунанд. Ба гунаи мисол яке аз таронаҳои маъмул аз Шӯҳрат Сайнаков аст.

Аммо туҳфае, ки ахиран аз водии Рашт бароятон овардем, таронаи ҷадидест дар мавзӯъи муҳоҷират. Дар он як овозхони ҷавон баръакси Шӯҳрат Сайнаков на Тоҷикистон, балки Русияро васф мекунад. Вай мегӯяд, «Русия поянда бод, хоҳи шави бойбача, бо ман Русия бра». Фикр мекунем, шунидани ин тарона на танҳо барои мо, балки барои шумо низ ҷолиб аст.

То мулоқот дар «Ояндасоз-мюзик»!

Вобаста

XS
SM
MD
LG