Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои Туркманистон зидди хабарнигорони Озодӣ афзоиш меёбад


Мақомоти Туркманистон як хабарнигори ҳамкори радиои Озодӣ Худойбердӣ Аллашовро бо иттиҳоми ҳифзу нигаҳдории нос – як навъи мардумии тамоку ба ҳабс гирифтанд. Ин ҳодиса чанд рӯз баъди таҳдиди ҳабси хабарнигори дигари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) ва ҳам ҷароҳати ҷисмонии навбатии хабарнигори дигари ин расона дар Туркманистон рух дод.

Президенти РАО/РО Томас Кент мегӯяд, ин ҳама ҳодисаҳо “бахше аз маъракаест, ки ҳадафаш хомӯш кардани садои бахши Туркмании РАО/РО ва ҳам азияти мардуми туркман аст”. Вай гуфт, дар давоми 18 моҳи охир чанд хабарнигори радиои Озодӣ боздошт гардида латукӯб, бозпурсӣ, таҳдид ва будини тамос нигоҳ дошта шуданд. “Мо барои ин ҳама амалҳо ҳукумати Туркманистонро гунаҳгор медонем”, гуфтааст Кент.

Томас Кент
Томас Кент

Аллашови 27-сола дар ҳудуди минтақаи шимолии Тошҳаузи Туркманистон рӯзи 3 декабр боздошт шуд. Гурӯҳи ходимони полис бо силоҳу камераҳои видеоӣ вориди манзили ӯ шуда вайро латукӯб карданд, аҳли оилааш, аз ҷумла, модару ҳамсарашро ҷамъ оварда ба навор гирифтанд. Дар пай, модару худаш дар ҳифзу нигаҳдории нос муттаҳам шуданд, ки аз рӯи қонунҳои Туркманистон маводи мамнӯъ маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди ин ки фурӯш ва кашидани нос дар ин кишвар манъ шудааст ва фурӯши он ҳамоно ба таври махфӣ дар бозорҳои Туркманистон ҷараён дорад, ҳеҷ кас то имрӯз барои ҳифзу нигаҳдории нос боздошт ва ё муҷозот нашудааст.

Султон Очиловаи 67-сола
Султон Очиловаи 67-сола

Ҳамсари Аллашов гуфт, ки зери фишору таҳдид шавҳараш маҷбур шуд эътироф кунад, ки 11 кг ин маводро дар хона нигоҳ медошт ва ҳоло ӯро 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Рӯзи 5 декабр қарор буд мурофиаи додгоҳии Худойбердӣ Аллашов баргузор мешуд, вале то ҳанӯз ҳеҷ иттилое роҷеъ ба сарнавишти ин хабарнигор дар даст нест.

Тоҷире, ки ба Аллашов носро фурӯхтааст, ҳамчунин барои як муддат боздошт ва бозпурсӣ шуд. Ӯ баъди ин ба РАО/РО гуфт, ки хабарнигорро дар идораи полис дидааст ва сару рӯи хабарнигор чунон осеб дида буд, ки сарашро бардошта ва ё ҳатто сӯҳбат карда наметавонист.

Аллашов ҳамкориро бо РАО/РО моҳи октябр шурӯъ кард ва дар бораи мушкилоти мисли камбуди ғизо, таъхир дар пардохти маоши мардум, вазъи пахачинӣ ва дигар мавзӯъҳо бо лақаби Мекан Ташлиев гузоришҳо менавишт.

Бо ин ки Туркманистон давоми солиёни зиёд ҳеҷ гоҳ ба фаъолияти расонаҳои мустақил иҷозат надодааст, дар ин охирҳо ҳукумат фишор болои хабарнигорони Радиои Озодиро афзоиш додааст.

Равшан Ёзмуҳаммадов
Равшан Ёзмуҳаммадов

Хабарнигор Султон Очилова дар се ҳодисаи гуногун моҳи ноябр мавриди ҳамла қарор гирифт. Журналист Равшан Ёзмуҳаммадов ҳамчунин моҳи ноябр таҳдид шуд, ки ҳукми ҳабси шартии соли 2013-и ӯ ба ҳабси воқеӣ бадал мешавад. Хабарнигори видеоӣ Сафармамад Нафасқулиев мӯҳлати се соли зиндонро барои иттиҳоми сохтаи интиқоли маводи мухаддир пушти сар мекунад. Фаъолони ҳуқуқи башар бовар доранд, ки ин иттиҳом посухи гузоришнависиҳои ӯ мебошад. Соли 2015 зери фишори мақомот 6 хабарнигори ҳамкори радиои Озодӣ аз кори худ маҳрум шуданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG