Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании ду “Барқчӣ” дар бозӣ бо “Истиқлол” бо шикасти даста анҷомид


Ду бозигари дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки дар бозии охиринаш дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ аз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, аз майдон хориҷ шуд.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 21-уми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Барқчӣ” ва “Истиқлол” рӯзи 23-юми ноябр

Баъди он ки Дилшод Восиев тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид намуд, дарвозабони “Барқчӣ” Беҳрӯз Хайриев барои гол хӯрдан ҳамдастааш Ҳувайдо Малиевро гунаҳкор карда, ӯро як мушт зад. Ҳимоятгар низ ба ӯ бо як мушт ҷавоб дод.

дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Ду голи ҳамлагар Дилшод Восиев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаҳои 66-ум ва 74-ум, ба «Истиқлол» пирӯзӣ овард.

Бояд гуфт, ки баъди голи аввал сардовари ин бозӣ Абдурашид Муродов аз шаҳри Турсунзода ду бозигари “Барқчӣ” - дарвозабон Беҳрӯз Хайриев ва ҳимоятгар Ҳувайдо Малиевро барои занозанӣ миёни ҳарду дар дақиқаи 67-ум аз майдон хориҷ кард.

Раҳимҷон Шарипов, нозири доварони ин бозӣ аз Душанбе, рӯзи 24-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “баъди он ки Дилшод Восиев тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид намуд, дарвозабони “Барқчӣ” Беҳрӯз Хайриев барои гол хӯрдан ҳамдастааш Ҳувайдо Малиевро гунаҳкор карда, ӯро як мушт зад. Ҳимоятгар низ ба ӯ бо як мушт ҷавоб дод. Барои занозанӣ сардовар ба ҳарду корти сурх нишон дод.”

Меҳмонон аз кам шудани шумораи мизбонон дар майдон истифода намуда, дар дақиқаи 74-ум ҳисобро афзун карданд.

Дастаи “Барқчӣ”, ки ба таркиби он аслан бозигарони тими мунтахаби ҷавонони кишвар дохиланд, бо 24 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми панҷумро касб намуд.

Ба ин тартиб, то анҷоми мусобиқоти имсолаи дастаҳои лигаи олӣ ду бозии дигар мондааст, вале натиҷаҳои ҳарду бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвал тағйир нахоҳад дод. Ҳарду бозии мавқуфгузошта бо ширкати “Истиқлол” баргузор мешавад. Қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи шанбеи 25-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ССКА “Помир” ва рӯзи душанбеи 27-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо «Ҳосилот» рақобат мекунад.

Дастаи «Истиқлол», ки бо 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кардааст, сарфи назар аз натоиҷи ду бозии боқимондааш барои шашумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мукофотонида мешавад. “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 15 бозӣ пирӯз шуда, 4 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.

Тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми дувумро касб кард, таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев бо медалҳои нуқра сарфароз мегардад.

Бошгоҳи ССКА «Помир»-и Душанбе, ки бо 34 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми севумро азони худ кардааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш муқобили “Истиқлол”, бо раҳбарии сармураббӣ Тоҳир Муъминов соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мавсими имсолаи футбол дар кишвар рӯзи 2-юми декабр бо бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд, ба поён мерасад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 21-ум

«Барқчӣ» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Дилшод Восиев, 66 (0:1). Дилшод Восиев, 74 (0:2).

«Барқчӣ» (Ҳисор): Беҳрӯз Хайриев, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳусейн Нурматов, Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев (Ҳомидҷон Исоқов, 67), Ваҳдат Ханонов (Мӯҳсиндҷон Парпиев, 64), Шериддин Бобоев, Далер Ёдгоров, Шаҳром Самиев (Амирҷон Сафаров, 64).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Ойбек Абдуғаффоров, Сиёвуш Асроров, Ромиш Ҷалилов (Александр Стетсенко, 78), Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷони Ҳасан (Фарҳод Қосимов, 52), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҳомид Ғуломӣ, 68).

Огоҳӣ гирифтанд: Саидмухтор Азимов, Мӯҳсинҷон Парпиев («Барқчӣ»), Ойбек Абдуғаффоров, Эҳсони Панҷшанбе, Сиёвуш Асроров («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Беҳрӯз Хайриев, Ҳувайдо Малиев («Барқчӣ»), 67 – барои занозанӣ миёни ҳарду.

Бозигари беҳтарини дидор: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

23-юми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

1. «Истиқлол» (Душанбе) - 19 бозӣ - 49 имтиёз

2. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 21 бозӣ – 37 имтиёз

3. ССКА «Помир» (Душанбе) – 20 бозӣ – 34 имтиёз

4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 21 бозӣ – 24 имтиёз

5. «Барқчӣ» (Ҳисор) – 21 бозӣ – 24 имтиёз

6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 21 бозӣ – 22 имтиёз

7. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 21 бозӣ – 19 имтиёз

8. «Ҳосилот» (Фархор) – 20 бозӣ – 15 имтиёз

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 13 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 10 тӯб.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон:

Бозии даври 20-ум

25-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Истиқлол» – ССКА «Помир»

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Бозии даври 17-ум

27-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Ҳосилот» – «Истиқлол»

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

Ҷоми Тоҷикистон. Финал

2-юми декабр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG