Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки як рӯҳонии 30-соларо барои пайравӣ аз равияи мамнӯи "Салафия" ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст. Дар қарори додгоҳи вилоят, ки охири моҳи октябр содир шуда, аллакай ҳукми иҷро гирифтааст, гуфта мешавад, ки Маҳмадсаид Назарови 30-сола ба ҳайси имомхатиби масҷиди деҳа ба таблиғи ақидаҳои созмони мамнӯъ машғул буд.

Ин мардро хатмкардаи мадрасаи "Ишоат Ат-Тавҳид"-и вилояти Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯянд. Мадрасаи илмии "Ишоат Ат-Тавҳид"-и Зоҳидон зери назари Шӯрои ҳамоҳангии мадрасаҳои улуми динии аҳли суннати вилояти Сиистон ва Балуҷистон мебошад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Салафия"-ро якҷо бо созмонҳои мазҳабии дигаре ба хотири дар ихтилоф бо мазҳаби роиҷ дар кишвар буданаш шурӯъ аз соли 2009 мамнӯъ ва экстремистӣ эълон кардааст.

То замони боздошту ба зиндон рафтанаш Назаров - сокини деҳаи Боғпарвари якуми ҷамоати деҳоти "Бустонқалъа" -и ноҳияи Бохтар аз роҳи имоматӣ ва кор дар бозори маҳаллӣ, даромад ба даст меовард.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси Додгоҳи вилояти Хатлон ва ҳамзамон қозии парванда дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Исмоилов бар асоси моддаи 307, қисми 2-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, яъне “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ”, ҳукм содир шудааст.

Чигуна Маҳмадсаид ба "Салафия" пайваст?

Дар нусхаи ҳукми содиршудаи додгоҳ, ки ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, гуфта мешавад, ки ӯ дар соли 2015 дар мадрасаи "Ишоат Ат- Тавҳид"-и Зоҳидони Эрон ба равияи Салафия гароида, инчунин дар маъракаҳо мардумро ба пайравӣ аз ин равия даъват мекард. Дар ҳукми додгоҳ инчунин гуфта мешавад, ки Маҳмадсаид Назаров таълимоти мазҳаби "Ҳанафияро" пурра инкор намуда, даъват кардааст, ки бо тариқи равияи Салафия намоз гузоранд.

Дар матни ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Назаров аз тариқи интернет ва гурӯҳҳои махсусе, ки бо салафиҳо иртибот доштааст, дар муошират буд ва аз ҷумла, дар шабакаи "WhatsApp" гурӯҳеро ба номи "Муҳибони саҳоба" боз намуда, ақидаҳои салафиро ҷорӣ кардааст. Вале худи Маҳмадсаид Назаров дар додгоҳ ин иттиҳомотро қисман қабул карда гуфтааст, ки на бо ҳамаи иттиҳомоти зидди худ розӣ аст.

"Гуноҳе надорад"

Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон
Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон

Ҷӯрабек Назаров, амаки Маҳмадсаид Назаров гуфт, ки чанд маротиба дар мурофиаи додгоҳӣ буд, вале салафӣ будан ва ҷиноят содир кардани ӯро рад мекунад. Ҷӯрабек Назаров гуфт, ки ҳарчанд онҳо аз болои ҳукми додгоҳ шикоят накарданд, вале хонавода мутмаин аст, ки ин Маҳмадсаид тарафдори ҳеҷ созмони мамнӯъ набуд:

"Худаш гуфт, ки гуноҳе надорад. Бегуноҳ буд. Дар Эрон мехонд, хонагиҳояшон низ рад мекунанд. Танҳо дар Эрон таҳсил кардааст. Салафӣ набуд. Ду фарзанд дорад, акнун падарашон нигоҳашон мекунад".

Боздошти беш аз 100 нафар барои ҳамдасти бо "Салафия"

Додгоҳи вилояти Хатлон аз аввали соли ҷорӣ ҳудуди 10 сокини ин вилоятро барои ҳамдастӣ ва таблиғи ақидаҳои Салафия равонаи зиндон кардааст. Мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, ки танҳо дар ним соли гузашта дар ин минтақа 110 нафар ба гумони пайравӣ аз Салафия боздошт ва алакай бархеи онҳо бо ҳукми додгоҳ зиндонӣ шудаанд.

Як мақоми Раёсати корҳои дохилии Хатлон дар як нишасти матбуотӣ дар Қӯрғонтеппа моҳи июли имсол гуфта буд, ки аксари боздоштшудаҳо ҷавон ва аз ноҳияҳои Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар ва минтақаи Кӯлоб будаанд. Ба гуфтаи ин мақом, дар муқоиса ба солҳои гузашта боздошти пайравони “Салафия” дар Хатлон афзоиш ёфтааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Салафия"-ро якҷо бо созмонҳои мазҳабии дигаре ба хотири дар ихтилоф бо мазҳаби роиҷ дар кишвар буданаш шурӯъ аз соли 2009 мамнӯъ ва экстремистӣ эълон кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG