Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғорати беш аз $60000 дар Исфара. "Дасти Музаффаровро шикастанд ва..."


Як гурӯҳи номаълум аз хонаи Нурулло Музаффаров – сокини ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара – “бо зӯр” беш аз 60 ҳазор долларашро ба яғмо бурдаанд. Мақомоти пулис гуфтанд, ки Нурулло Музаффаров ба ҳайси “сарроф” кор мекард ва пулҳои рабудашуда аз 150 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва 2 миллион рубли русӣ иборат буданд. Ҳоло барои боздошти ғоратгарон як гуруҳи махус ташкил шудааст.

Абдулло Эшонқулов – сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки соли 2012 саррофи маҳаллаашон Олимҷон Мирҳалимовро бо чанд зарби корд ба қатл расонда, пас аз он дар Русия паноҳ бурда буд, соли гузашта зиндонӣ шуд.

Дар Раёсати корҳои дохилии Суғд рӯзи 11 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар робита ба ҳодиса тибқи банди “Ғоратгарӣ ба миқдори махсусан калон”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Муҳсин Юсуфов, корманди дафтари матбуоти ин ниҳод, гуфт, баъди ҳодиса Нурулло Музаффаров ва ҳамсараш Мухбира Музаффарова дар бемористони марказии Исфара бистарӣ шудаанд.

Мудири шуъбаи осебшиносии ин бемористон Умархӯҷа Қозиев рӯзи 11 апрел вазъи сиҳатии онҳоро “миёна” арзёбӣ кад. Вай гуфт, ки дасти рости Нурулло Музаффаров шикаста ва мағзи сари ҳамсараш осеб дидааст. “Онҳо таҳти назорати табибон ҳастанд”, - афзуд Қӯзиев.

Муҳибулло Убайдуллоев, раиси ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Нурулло Музаффаров ҳамчун “соҳибкор” сабти ном шуда, дар шаҳри Исфара кор мекард. Вале то шадид шудани назорати табодули асъор ва манъи сокинон аз ин кор ба саррофӣ машғул буд. Бархе аз сокинон ҳам мегӯянд, ӯ дар бозори марказии шаҳри Исфара тиҷорат мекард. Вале дар хабари пулис, аз Нурулло Музаффарови 45-сола “бекор” ном бурда шудааст.

Ҳафт узви хонаводаи Раҳматовҳо барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд
Ҳафт узви хонаводаи Раҳматовҳо барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд

Солҳои охир чандин ҳодисаҳои пурсару садои ғорати сокинони "пулдор" дар вилояти Суғд рух дода, омилони он дастгир ва муҷозот шудаанд. Моҳи июни соли 2013 як гурӯҳи ҷиноӣ, ки баъдан маълум шуд аъзои як хонавода будаанд, нимашаб ба қасди ғорат ба хонаи тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид гардида, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро куштанд ва хонаашонро оташ заданд.

Ин ҷиноят боис ба сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ба мақомоти пулис дастур дод, ки ба ҳар қимате набошад, омилони ин ҷиноятро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъд аз ду соли ин ҳодиса, оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Баъдан ин ҳафт нафар барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Хонаводаи Раҳматовҳо барои қатли саррофон – падару писар Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо дар моҳи декабри соли 2011 низ айбдор шуданд.

Ба қавли додгоҳ, тафтиши ин парванда ошкор намуд, ки оилаи Раҳматовҳо чандин сол ба қатлу ғорати тиллофурӯшону саррофон машғул буд ва моҳи декабри соли 2011 саррофон – падару писар Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳоро низ дар назди хонаашон ҳадафи тир қарор доданд.

Инчунин, мақомоти пулис соли гузашта баъд аз панҷ соли ҷустуҷӯ омили қатли як сарроф дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро боздошт карданд. Додгоҳ Абдулло Эшонқулов – сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки соли 2012 саррофи маҳаллааш Олимҷон Мирҳалимовро бо чанд зарби корд ба қатл расонда, пас аз он дар Русия паноҳ бурда буд, ба зиндон фиристод. Ба гуфтаи пулис, ӯ аз ҷайби саррофи ба қатл расондааш танҳо 54 сомонӣ пайдо карда буд.

XS
SM
MD
LG