Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Боғи Айнӣ – ба Лучоб. Қабри бузургон кӯч дода мешавад. ВИДЕО


Дар Боғи Айнии шаҳри Душанбе корҳои бозсозӣ ҷараён дорад ва ба эҳтимоли ғолиб қабри чанд тан аз чеҳраҳои саршиноси тоҷик, ки дар ин боғ дар миёнаҳои асри гузашта дафн шудаанд, ба қабристони Лучоб кӯчонида шаванд. Уламои дин мегӯянд, бо ин ки масъалаи кӯч додани қабри нафари даргузашта аз назари ахлоқӣ нохушоянд аст, вале дар сурати истисноӣ ё зарурӣ, раво дониста мешавад.

Қабрҳоро аз Айнӣ мекӯчонанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Боғи Айнӣ дар солҳои мухталиф макони дафни сардафтари адабиёти шӯравии тоҷикӣ Садриддин Айнӣ (санаи марг 15 июли соли 1954), ду фарзандаш Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафӣ, инчунин раҳбарони вақти Тоҷикистони шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров (санаи марг 12 июни соли 1977), Ҷаббор Расулов (4 апрели 1982) ва шоири маъруф Боқӣ Раҳимзода (30 январи соли 1980) интихоб шудааст.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати зарурӣ чунин кор имкон ва иҷозаи анҷом шудан дорад, ба шарте, ки меросбарони ин афрод мувофиқ бошанд.

Бо шурӯи барномаи навсозии боғ, ки қарор аст як макони тафреҳу фароғат шавад, мақомот дар фикри кӯчонидани қабри ин шахсиятҳои саршинос шуданд. Аз ҷумла, бархе наздикони ин чеҳраҳо аллакай дар мулоқот бо мақомот назару андешаҳои худро дар ин замина изҳор кардаанд.

"Тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст"

Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон, ки Боғи Айнӣ марбут ба ҳамин ҳудуди маъмурӣ аст, гуфт, ки феълан бозсозии ин боғ идома дорад ва аллакай роҳравҳои нав, мақбараи нав дар болои қабри устод Айнӣ ва фаввораҳо, сохта шудаанд.

​Дар мавриди кӯчонидани қабрҳои дигар ҷаноби Самӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 21 сентябр гуфт, ҳоло дар робита ба кӯчонидани қабрҳои дигар дар ин боғ тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст ва агар чунин кор сурат бигирад, хабарнигорон дар бораи он огоҳонида мешаванд.

Набераи Садриддин Айнӣ: Фикр накунам, ки мақомот ба ин кор даст зананд

Эраҷ Айнӣ, набераи сардафтари адабиёти шӯравии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ мегӯяд, дар бораи нияти кӯчонидани қабри авлодҳо ба онҳо хабар додаанд. Эраҷ Айнӣ гуфт, дар ин оромгоҳ бобову падар ва модараш хоксупорӣ шудаанд ва ӯ фикр намекунад, ки дар ниҳоят мақомот аз андешаҳои ахлоқӣ тавонанд ба чунин коре даст зананд. Эраҷ Айнӣ гуфт, дар асл бобояш дар замине хоксупорӣ шудааст, ки замоне шахсан худаш онро харида, васият кардааст, ки ӯву фарзандон ва дигар авлодонаш дар он хоксупорӣ шаванд. "Вале агар тасмим чунин шавад, ки қабрҳоро кӯчонанд, мо ҳам чизе гуфта наметавонем. Дар ин ҳолат бояд худи қабри Садриддин Айниро ҳам кӯчонанд", гуфт Эраҷ Айнӣ.

Набераи Раҳимзода: хешовандон хабар доранд

Вале хешовандони бархе афроди дафншуда мегӯянд, онҳо дар бораи нияти мақомот огоҳонида шудаанд ва ҳатто бо бархе аз онҳо сӯҳбатҳо ҳам анҷом шудааст. Узро Раҳимзода, набераи Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонаводаи онҳо аллакай дар бораи кӯч додани қабри наздиконашон хабар доранд.

"Тақрибан як моҳ қабл мақомот хешовандони афрди дар Боғи Айнӣ дафншударо даъват карда, гуфтанд, ки қарор аст қабри наздиконашонро кӯчонанд. Модарам ба ин мулоқот рафта буданд ва чун пештар аз чунин тасмим огаҳӣ доштем, мо розӣ шудем. Зеро, Боғи Айнӣ ба як маҳалли тафреҳӣ табдил дода мешавад ва эҳтимол дорад мардум дар он ҷо ҳатто майнӯшӣ кунанд. Беҳтар аст, ки ба қабристони Лучоб ҷасади бобоям кӯчонида шавад",-афзуд Узро Раҳимзода.

Абдулқодирзода: "Дар зарурат раво бошад"

Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, дар ҳоле, ки хабари кӯч додани макони дафни афроди гузашта хабари ногаҳонӣ аст, вале бесобиқа ва ё ғайриоддӣ нест. Бархе аз паёмадҳои ахлоқии ин кор андеша мекунанд ва мегӯянд, барои мардуми мусалмон эҳтиром ба қабри гузаштаҳову хотираи онҳо муқаддас аст. Вале Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, дар сурати зарурӣ чунин кор имкон ва иҷозаи анҷом шудан дорад, ба шарте, ки меросбарони ин афрод мувофиқ бошанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар шарҳи назараш ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Дар сурати зарурат кӯчонидани на танҳо қабре, балки ҳатто қабристонро ҳам дини Ислом раво медонад. Вале шарте ҳаст, ки ин қабр ё қабристон бояд таърихи 20-30-сола дошта бошад. Тибқи қоидаи роиҷи исломӣ, устухонҳои майит ба як халтачаи аз матои пок гирифта шуда, сипас дар қабри нав ҳатто бе кофтани лаҳад, дубора дафн карда мешавад. Кӯчонидани қабре ба арзишҳои исломӣ ҳеҷ мухолифате надорад."

Васияти Ғафуров ва Расулов

Вале зоҳиран ин нақшаҳо на барои ҳама қобили қабул будааст. Як шогирди раҳбарони аввали Тоҷикистони шӯравӣ мегӯяд, аз забони худи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ёд дорад, ки онҳо макони дафни худро дар қайди ҳаёт васият карда буданд. Ҳабибуллоҳ Холҷӯраев, ки ҳоло дар вазифаи мудири осорхонаи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд кор мекунад, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки васияти ҳам Ғафуров ва ҳам Расулов ин буд, ки онҳоро дар Боғи Айнӣ дафн кунанд. Ҳабибуллоҳ Холҷӯраев шахсан дар маросими ба қабр гузоштани ин ду нафар ширкат карда, хотироташро чунин баён дошт:

«Бобоҷон Ғафуров вақте бори охир ба Душанбе сафар мекарданд, ба ҳамкоронашон дар Москва гуфтанд, ки хоки ватан маро мекашад ва барои истироҳат меравам. Аммо ҳама медонист, ки он кас гирифтори бемории бедаво ҳастанд. Маро худашон чанд рӯз қабл аз марг даъват карда, гуфтанд, ки бояд маро дар Боғи Айнӣ дафн кунед ва ҳатто ҷойи қабри худро дар харита нишон доданд. Ман он касро шахсан дохили қабр гузоштам ва ҳарчанд нахуст дохили тобути русӣ буданд, вале мо дар дохили лаҳад он касро аз тобут берун оварда, тибқи қоидаҳои исломӣ дафн кардем. Дар мавриди Ҷаббор Расулов низ ҳамин ҳодиса айнан такрор шуда буд ва дар маросими видоъ бо ин ду нафар ҳатто овозхонҳои саршиноси «Шашмақом» ба мисли Барно Исҳоқова ва Тӯҳфа Фозилова оҳангҳое иҷро карданд".

Таърихчаи Боғи Айнӣ

Зимнан, Боғи Айнӣ дар шаҳри Душанбе охири солҳои 1950-и асри гузашта бунёд шуда, дар он ҷо нахуст ҷасади Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик дафн шудааст. Ин боғ тибқи тарҳи А.А.Мануилов сохта шудааст. Дар солҳои 1980 дар қаламрави ин боғ, ки масоҳаташ ҳудуди 6 гектар мебошад, бозсозие анҷом шуда буд, вале ахиран мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифтанд, ки ин боғ бояд намуди тозае ба худ бигирад.

Сокинони Душанбе ва маҳаллаҳои атроф Боғи Айниро макони дӯстдоштаи сайру гашт ва тафреҳ ҳисоб мекарданд ва аз он нороҳат буданд, ки дар ҳудуди боғ қабри чанд шахсияти маъруф ҷой дода шудааст.

Баъди охири солҳои 1970 одат шуд, ки бархе чеҳраҳои обрӯманди ҷумҳурӣ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шаванд ва яке аз аввалинҳо Мирзо Турсунзода (санаи марг 24 сентябри соли 1977) буд, ки дар ин макон ба хок супурда шуд. Баъдан ин оромгоҳ тадриҷан ба макони охирати нависандаҳову олимон ва ходимони давлат табдил шуд.

XS
SM
MD
LG