Пайвандҳои дастрасӣ

На ҳамҷинсгаро, на табдили ҷинс. Рухшона баъди 22 сол Сулаймон шуд. САДО


Рухшона пас аз 22 сол Сулаймон шуд. Ҳафтаи гузашта сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Кӯлоб аз “мард шудани” Рухшона дар ҳайрат афтоданд.

Падараш маъракаи хурде баргузор кард ва фарзандашро бо исми мардона ба ҳамдеҳагон муаррифӣ намуд. Сулаймон на табдили ҷинс кардааст ва на ҳамҷинсгарост. Азбаски олоти ҷинсии мардонааш дар навзодӣ дохили бадан фуру рафта буд, водидайн фикр карданд, ки

Бечора нақл кард, ки чӣ қадар азоб мекашидааст. Ҳамин чанд соли ахир ришҳояшро мечиндааст. Охири вақт аз Душанбе ба деҳа намеомад ва агар меомад ҳам рӯяшро мепӯшонд. Шарм медошт.

духтар аст.

Сулаймони Саиднабӣ, ки то ду ҳафтаи гузашта Рухшона ном дошт, рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша эҳсос дошт, ки писар аст, вале шарм медошт, ки мушкили худро ба касе бигӯяд. Ӯ ду ҳафта пеш баъди амалиёт дар беморхонаи Ибни Сино ҷинсашро дар шиноснома расман иваз ва иштибоҳе, ки солҳо ӯро озор медод, ислоҳ кард.

“Ман писар таваллуд шуда будам. Фақат калонтарҳо аҳамият надоданд ва худам ҳам то калон шудан шарм медоштам, ки ба касе инро бигӯям”, – гуфт ӯ.

Сулаймон мегӯяд, ба колеҷи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуд ва зимни таҳсил худро бештар шинохт. Ӯ гуфт: «Шарм медоштам, худамро ба касе нишон диҳам. Баъдан аз ташхис гузаштам. Диданд ва гуфтанд, ки ту писар ҳастӣ. Фақат як ҷарроҳии хурд кардам ва ҳама дуруст шуд».

Таваллуд дар ҷисми дигар

Ҷомеаи Тоҷикистон ҳамагуна табдили ҷинс, ҳатто аз рӯи заруратро ба сахтӣ мепазирад ва қариб дар ҳама маврид онро бо ҳамҷинсгароӣ омезиш медиҳанд. Ҳамҷинсгароиро бисёриҳо дар Тоҷикистон қабул надоранд ва намояндагони ин гурӯҳ ба хотири амнияти ҷонашро аз ошкор кардани мавқеи ҷинсии худ худдорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, нафароне, ки ба гуфтаи худашон дар ҷисми дигар ба дунё омадаанд, ин иштибоҳи модарзодиро пинҳон медоранд ва тамоми умр азият мешаванд.

Шумори онҳое, ки аз ин гуна иштибоҳҳои табиӣ азият мекашанд, маълум нест. Бемористонҳои Тоҷикистон низ солона як-ду амалиёти ба ин монандро бо дархости муштариҳо ба шакли пӯшида анҷом медиҳанд ва маъмулан номи онҳое, ки ҷинсашон иваз мешавад, пинҳон мемонад.

Бахти Сулаймони Саиднабӣ баландӣ кард ва хонаводааш ӯро ба духтур нишон доданд. Дар аксар маворид, дар чунин ҳолат, дигар падару модар аз ин гуна даъвоҳои фарзандон истиқбол намекунанд ва талош мекунанд, қазияро дар ҷояш хомӯш кунанд.

Соли 2013 духтаре дар ноҳияи Панҷ эълон кард, ки писар аст ва бо либоси мардона дар кӯча ҳозир шуд, вале ин амали ӯ боиси интиқоду бадномиаш шуд. На танҳо падару модар, балки ҳамсояву ҳамдеҳа ба ӯ нафрин хонданд ва навореро, ки ӯ дар он аз дурӯғ будани ин иддао сӯҳбат мекард, дар телевизиони давлатӣ ба намоиш гузоштанд.

Талоши шинохти худ

Сулаймон колеҷи тиббиро хатм кардааст ва мехоҳад, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. Ашӯр Нуруллоев, як тан аз наздикони ин ҷавон рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, то замони ҷарроҳӣ фикр мекарданд, Рухшона духтарест, ки табиати мардона дорад.

Ӯ гуфт: «Ҳамаи чизҳои мардонагиаш будааст. Фақат онҳо зери пӯст маҳкам монда ва шаклашро ба мисли ҷинси занона карда будааст. Лекин ҳама хислаташ мардона буд. Замони ахир азобаш медод. Назди як профессори шинос бурдем. Ташхис кард ва гуфт, ки сад дар сад писар аст. Фақат ҳамон пусте, ки ҷинси мардонаашро пушонида буд, буриданд ва дигар мард шуд».

Вокуниши атрофиён ба хабари мард будани Рухшона

Ҳамдеҳагонаш аз ин хабар, ки Рухшона писар будааст, дар ҳайрат афтоданд. Назруллоҳ Абдуллоев, як сокини деҳаи Навободи ноҳияи Кӯлоб рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Рухшона ҳамсинфи хоҳараш буд ва то ин замон бовар намекарданд, ки писар аст. «Бечора нақл кард, ки чӣ қадар азоб мекашидааст. Ҳамин чанд соли ахир ришҳояшро мечиндааст. Охири вақт аз Душанбе ба деҳа намеомад ва агар меомад ҳам рӯяшро мепӯшонд. Шарм медошт.»

Сулаймон танҳо бинобар бемории модарзодӣ аз кӯдакӣ иштибоҳан духтар дониста мешуд. Иштибоҳе, ки пас аз 22 сол ислоҳ шуд ва Рухшона ба Сулаймон табдил ёфт.

Сулаймон гуфт, баъди ин ҳама амалиёту таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагиаш худро хушбахт эҳсос мекунад ва мисле, ки аз як қафасе озод шудааст, нафари тоза мекашад ва ба зиндагӣ ҳам дигар дид ва дурнамои дигар дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG