Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, мардикорӣ, зиндон - достони ба маҳбас афтодани Умедҷон. САДО


Русия, мардикорӣ, зиндон -- шарҳи ҳоли мухтасари Умедҷон Валиеви 26-сола, як ҷавони тоҷик, ки чор соли охир дар як зиндони Русия ба сар мебарад, ҳамин аст. Умед 21 сол дошт, ки бо ҷурми нигоҳдории маводи мухаддир ба дасти полис афтод ва баъдан додгоҳ ӯро барои адои мӯҳлати ҷазо, ки 10 сол муқаррар шуд, ба зиндони шаҳри Пензаи Русия фиристод. Худи Умед ин ҳодисаро як хатои ҷиддии даврони ҷавониаш медонад, ки ба зиндагии осудаву озоди ӯ ба мӯҳлати даҳ соли дигар хати батлон кашид.

Умедҷон Валиев яке аз 8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар зиндонҳои Русия бо ҷурми содир кардани ҷиноят, нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамроҳ бо Умед тақрибан 70 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳам дар зиндони Пенза қарор доранд. Аксари онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Ба гуфтаи Умед, тоҷикон талош доранд дар зиндони як кишвари бегона пуштибону ёвари ҳам бошанд.

Русия, мардикорӣ, зиндон - достони ба маҳбас афтодани Умедҷон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Сафари нахустин ба Русия ба кунҷи зиндон бурд

Умедҷон соли 2013 боздошт шуд. Яке аз рӯзҳои моҳи майи он сол дар яке аз манзилҳои канори шаҳри Пенза ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба гумони нигоҳ доштан маводи мухаддир боздошт карданд. Умедҷон мегӯяд, дар ҷайби ӯ 100 грамм маводи мухаддир пайдо шуд, ки марбут ба шарикони наваш дар Русия буд.

Дар маҷмӯъ дар зиндонҳои Русия 7 ҳазор 920 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд. Аксари ин маҳбусон бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Вай мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бо фурӯши ин мавод машғул нашудааст, вале иқрор мешавад, ки бо афроди муртабит бо ин гуна корҳо шинухез мекард. Умед ба гуноҳаш иқрор шуд, вале ҳеҷ интизор надошт, ки ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум мекунанд. Мегӯяд, бекасиву бепулӣ ва надонистани забону ҳуқуқҳояш, барои содир шудани мӯҳлати тӯлонии зиндон, сабаб шуд.

"Парвандаи маро дар ду ҳафта ҷамъбаст карда, ба додгоҳ супориданд. Адвокат ҳам надоштам, ба ман як адвокати давлатӣ доданд. Танҳо дар боздоштгоҳ як маротиба бо ман вохӯрду ҳеҷ кӯмак ҳам накард. Баъди ин танҳо дар суд ӯро дидам, ки дар он ҳукмамро бароварданд".

Умедҷон мегӯяд, дар тӯли чор соли сипаришуда дар зиндон ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки касе аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик пурсон шуда бошад. Вай мегӯяд, намояндагони давлати Қирғизистону Қазоқистон гоҳо барои дидани шаҳрвандонашон ба зиндон меоянд. Вай гуфт, агар аз ҳоли тоҷикон ҳам хабар гиранд, ҳарфи гуфтании зиёде доранд ва муҳимтаринаш кӯшиши интиқоли онҳо барои идомаи адои ҷазо ба Тоҷикистон аст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз дохили зиндон Умедҷон гуфт, шароити нигаҳдории онҳо маъмулӣ аст ва ҳеҷ шикояти ҷиддие дар масъалаи қонуншиканиҳо ваё поймолшавии ҳуқуқашон надорад. Вай гуфт, зиндони онҳо дар маркази шаҳри Пенза воқеъ аст ва пайваста мавриди санҷишу тафтиши ниҳодҳои зирабт мисли додситонӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи Умедҷон, танҳо ду чизи ҷиддӣ зиндониёни тоҷикро дар ин маҳбас азият мекунад -- набуди имкони кор ва ғизое, ки бо гӯшти хук таҳия мешавад. Гоҳо барои пайдо кардани телефони мобил дар дасти зиндонӣ ва ё намозхонӣ, муҷозот мешаванд.

Ба гуфтаи Умедҷон Валиев садорати маҳбас хоҳишҳои ба такрори ӯ ва тоҷикони дигарро барои кордан дар коргоҳҳои зиндон рад карданд: “Кӯшиш мекунанд танҳо шаҳрвандони Русияро бо кор таъмин кунанд, чунки аз онҳо метарсанд, ки ба ниҳодҳои боло шикоят мекунад”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, кори пойафзолдӯзие, ки дар як корхонаи назди зиндон барои маҳбусони шаҳрванди Русия фароҳам меояд, доимӣ ва босубот нест. Дар беҳтарин ҳолат, барои кори бетанаффуси якмоҳа ҳар як зиндонӣ ҳамагӣ 900 рубл маош дарёфт мекунад. Маъмурияти зиндон ба онҳо гуфтааст, ки дар сурати фароҳам омадани шароити таъмин бо кор, бояд пеш аз ҳама ҳақи шаҳрвандони худро риоя кунанд.

Умедҷон Валиев муҷаррад аст ва дар Тоҷикистон волидонаш ӯро интизоранд. Онҳо аз мусибати фарзандашон хабардор ҳастанд, вале шароите надоранд, ки ба зиндон омада, аз ҳоли ӯ хабар гиранд. "Моҳе як бор агар шароити занг задан пайдо шуд, пинҳонӣ аз чашми зиндонбонҳо ба онҳо занг мезанам", гуфт Валиев. Ба гуфтаи ӯ, шароити тамосҳои телефонӣ танҳо тавассути телефонҳои мобили бархе зиндониёни нисбатан доро аз ҳисоби мусалмонони қафқозӣ, даст медиҳад.

Мегӯяд се мартиба ба унвонии Додситони кулл нома навишта дархост кардааст, иҷоза диҳанд то боқимондаи муҳлати маҳбасро дар Тоҷикистон адо кунад. Вале ҳеҷ гоҳ дар давоми чор сол ба ӯ чунин иҷозат дода нашуд. Умедҷон мегӯяд, агар масъала дар пардохти харҷи интиқоли ӯ ба Тоҷикистон тавассути роҳи ҳавоӣ бошад, ҳатман илоҷи ин масъаларо пайдо мекард. Вай мегӯяд, дар сурати ба Тоҷикистон интиқол ёфтанаш, имкони дидору мулоқот бо оилааш бештар шуда, дар муҳити ҳамватанон нигаҳорӣ шуданаш дар зиндон барояш пеш аз ҳама оромиши равонӣ мебахшид.

29 ҳазор хориҷии зиндонҳои Русия

Идораи зиндонҳои Русия мегӯяд, дар маҷмӯъ дар зиндонҳои ин кишвар 29 ҳазору 397 нафар шаҳрванди хориҷӣ адои ҷазо мекунанд ва аз ин миқдор қариб чорҳоякашон ва ё, 7 ҳазор 920 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Аксари маҳбусон аз Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд. Шумори зиндониёне низ кам нест, ки бо ҷурми поймол кардани қоидаҳои кору иқомат дар ин кишвар ва тақаллуби аснод маҳкум шудаанд.

Шикоятҳо кам нест, ки маҳкумшудаҳо барои гуноҳҳои сабук ваё ҷиноятҳои исботнашуда маҳкум ба зиндон шудаанд. Бархе шаҳрвандон дар матбуоти русӣ аз ноодилона барасӣ шудани қазия дар додгоҳ ва бор шудани гуноҳ шикоят кардаанд. Аксари онҳо мегӯянд, танҳо дар сурати доштани имконияти хуби молӣ, метавонанд аз роҳи вакили хуби дифоъ барои барқарор шудани адолат талош кунанд.

XS
SM
MD
LG