Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик пас аз суқути Зебок ба дасти Толибон: "Марз ором аст". САДО


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим.
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим.

Масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар минтақаи Ишкошим ором аст ва зери назорати марзбонон қарор дорад. Авохири ҳафтаи гузашта ҷангиёни гурӯҳи Толибон маркази вулусволӣ ё ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон дар 35-километрии марз бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистонро ба тасарруф дароваранд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 1 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имкон дорад дар он сӯи марз амалиёти нерӯҳои интизомии афғон алайҳи ҷангиён идома дошта бошад, аммо ба сурати умум, вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳам дар Ишкошим ва низ дигар минтақаҳои сарҳадӣ, ором аст

Авохири ҳафтаи гузашта ҷангиёни гурӯҳи Толибон маркази вулусволӣ ё ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон дар 35-километрии марз бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистонро ба тасарруф дароваранд.

Як масъули маҳаллӣ дар ҳукумати ноҳияи Ишкошим низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маркази вулусолии Зебоки Бадахшони Афғонистон аз марзи Тоҷикистон дар масофаи 35 километр дуртар воқеъ мебошад ва ҳеҷ гуна нишонаҳои ҷангу даргирӣ аз ин сӯи марз, мушоҳида намешавад. Ин манбаъ афзуд, ки вазъ дар марз ором ҳаст ва мардуми маҳаллӣ ба кори бори худ машғул ҳастанд. Хайр Мамадатохонов, як сокини деҳаи Ямги Ишкошими Тоҷикистон, ҳамсарҳад бо вулусволии Хандуди Бадахшони Афғонистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъ дар ин минтақаи марзӣ ором аст ва зиндагӣ таври маъмул идома дорад.

Толибон ба марз наздик шуданд. Тоҷикистон мегӯяд, сарҳад зери назар аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
Линки мустақим

Ин дар ҳолест, ки 28 апрел мақомоти Афғонистон гуфтанд, маркази Зебок ба дасти гурӯҳи Толибон афтод. Сокинони Зебок мегӯянд, ки субҳи рӯзи ҷумъа гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ин ноҳия ҳуҷум карданд ва дар натиҷа баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, он ба дасти ҷангиёни ин гурӯҳ гузашт. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, суқути ин минтақа бинобар адами ҳамоҳангии нерӯҳои давлатӣ иттифоқ афтодааст. Як масъули амниятӣ дар вилояти Бадахшон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ суқути шаҳристони Зебок ба дасти ҷангиёни гурӯҳи Толибонро таъйид кард.

Харитаи вилояти Бадахшони Афғонистон.
Харитаи вилояти Бадахшони Афғонистон.

Бошандагони ноҳияи Зебок мегӯянд, ки агар ин минтақаро Толибон ҳифз кунанд, ба осонӣ метавонанд ба Покистон рафтуомад кунанд ва ҳамчунин дигар минтақаҳои Бадахшонро низ таҳдид намоянд. Вулусволии стратегии Зебок аз як тараф бо Читроли Покистон ва аз тарафи дигар бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дар ҳамин ҳол, мақомоти афғон аз оғози амалиёти бозпасгирии Зебок аз Толибон, хабар доданд.

Вулусволии Зебок дар 100-километрии шаҳри Файзобод -- маркази вилояти Бадахшон қарор дошта ва аз тариқи роҳи Шоҳ Салим бо Читроли Покистон марз дошта бо вулусволиҳои Вардуҷ ва Ишкошими ин вилоят низ сарҳад дорад. Зебок дар ҳоле ба дасти Толибони мусаллаҳ суқут кард, ки беш аз як сол мешавад, ки ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони вилояти Бадахшон низ таҳти ҳокимияти Толибон қарор доранд.

Суқути ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ба дасти Толибон дар ҳолест, ки чанд рӯзи қабл як ноҳияи дигари ҳамарз бо Тоҷикистон дар вилояти Тахор ба дасти ин гурӯҳ афтода буд. Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Тахор рӯзи 26 апрел гуфтанд, ки Ал-Қуноқ -- яке аз минтақаҳои стратегии вулусволии Дарқад шаби 25 ба 26 апрел ба дасти Толибон афтодааст. Ин минтақа миёни Дарқад ва вулусволии Хоҷа Баҳоуддин, дар наздикии марз бо Тоҷикистон, ҷойгир аст.

Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон мехонад, дар як эъломия гуфтааст, ки амалиёти имсола аз амалиётҳои солҳои гузашта фарқ хоҳад дошт ва он ҳам ҷанбаи сиёсӣ ва ҳам низомӣ хоҳад дошт. Қабл аз эълони оғози ин амалиёт, дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Балх, беш аз 140 нафар кушта шуданд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 1990 дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шудааст.

Баъди сари кор омадани президенти ИМА Доналд Трамп даъвати низомиёни баландпоя ва ҳам фармондеҳони низомии ин кишвар дар Афғонистон барои афзоиши нирӯҳо дар ин кишвар бештар садо медиҳад. Ахиран дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки эҳтимолан то моҳи июн ҳайати ин паймони низомӣ масъалаи афзоиши шумори нирӯҳо дар Афғонистонро баррасӣ ва ҳал кунанд. Ҳоло шумори нирӯҳои ёрирасони НАТО ва ИМА дар Афғонистон то 13000 нафар мерасад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG