Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамза Тӯрабеков – сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод – ҳаргиз хаёл намекард, ки рӯзе ҳамсараш Турғуной ба хотири ҷанг дар Сурия ӯро тарк карда ва чор фарзандашро низ бо худ мебарад. Ӯ рӯзи 10 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замоне, ки ба далели садамаи нақлиётӣ дар маҳбас ба сар мебурд, ҳамсараш ҳамроҳи фарзандон аввал ба Русия ва сипас ба майдонҳои ҷанги Сурия рафтаанд. “Аз он замон то кунун ду сол гузашт. Ҳамсарам писари хурдии хонадонро бо қасами онки “ширашро намебахшад” ва нияти таҳсил ба Маскав бурда буд”, - ба ёд овард Тӯрабеков.

“Зиндагиро аз сифр шурӯъ кардам”

Ин сокини ноҳияи Зафаробод гуфт, ҳамсараш баъди ба Сурия рафтан ӯро низ тавассути телефон ба майдонҳои ҷанг даъват кард, аммо баъди шунидани посухи рад, талоқ хост. “Пас аз онки даъвати ба Сурия рафтанро рад кардам, духтараму домод ва модараш занг заданро бас карданд. Фақат писари хурдиам – Асилбеки 18-сола то моҳи Рамазони гузашта занг мезад. Ҳоло тамоси ӯ ҳам қатъ шудааст. Бисёр мехостам, ки Асилбеку хоҳараш Нодирабегими 24-сола ба ватан биёянд, зеро дар Сурия ҳайф хоҳанд шуд”, - гуфт ӯ.

Моҳи октябри соли гузашта хабари кушта шудани ду писари калониаш – Худоёрбеки 26-сола ва Элёрбеки 20-сола дар Сурия ба ӯ расидааст. Ҳамза Тӯрабеков, ки ба қавли худаш дар як лаҳза зиндагии тақрибан 30-сола бо ҳамсару фарзандонро аз даст дод, ҳаётро аз сифр шурӯъ кард. Аз нав оила барпо кард ва ба қарибӣ соҳиби кӯдак шуд. Як духтар ва як писари ҳамсари наваш низ ҳамроҳи онҳо зиндагӣ доранд.

Сари бало – “Ҳизби таҳрир”

Ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод бо ноҳияи Бекободи Узбакистон ҳамсарҳад аст. Номи ин минтақа моҳи декабри соли 2016, замоне дар сархатти расонаҳо қарор гирифт, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аксу маълумоти 4 фарзанди Ҳамза Тӯрабековро нашр ва онҳоро ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам кард.

Зарифҷон Шукуров, раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, гуфт, дар маҷмӯъ ҳузури 14 сокини ин минтақа дар ҷанги Сурия таъйид шудааст. Ба қавли ӯ, дар гузашта аксари ин афрод аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби таҳрир пайравӣ мекарданд ва баъди тангтар шудани ҳалқаи фаъолияташон худро ба Русия ва баъдан ба Сурия задаанд. “Ин 14 нафар асосан аз се оила ҳастанд. 11-узбакзабон, 3-тоҷик”, - шарҳ дод Шукуров.

“Ҳамаашон замин доштанд”

Ҳамза Тӯрабеков мегӯяд, байни ӯву ҳамсараш – Турғуной низ "Ҳизби таҳрир" ҷудоӣ андохт. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсараш барои ақида паси панҷара рафтани аъзои фаъоли ин созмонро аз рӯи адолат надониста, аз ин ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ ҷонибдорӣ мекард.

Хонаводаи Тӯрабеков қаблан 35 гектар замин дошт ва ӯву писаронаш дар он кор мекарданд ва зиндагии худро пеш мебурданд. Вай ҳоло ҳам 5 гектар замин барои истифодаи якумрӣ дорад ва бо роҳи деҳқонӣ рӯзиашро пайдо мекунад.

Зарифҷон Шукуров, раиси ҷамоати Меҳнатобод мегӯяд, сокинони ин минтқа, ки дар Сурия ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ҳар кадомашон замин доштанд ва ризқи худро аз замин мебардоштанд. “Аз ин нигоҳ наметавон гуфт, ки онҳоро сахтии зиндагиву пайдо кардани маблағ барои рӯзгузаронӣ ба "ҷиҳод"-и Сурия бурд”, - гуфт ӯ.

Имом-хатиб мегӯяд, “ҳамааш аз камсаводист”

Муллоҷон Ботуров, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Меҳнатобод мегӯяд, "ҷиҳодиҳо"-и ин минтақа аслан маълумот ва огоҳии кофии динӣ надоштанд. "Агар онҳо маълумоти исломӣ медоштанд, Сурия мерафтанд? Ба назари ман, онҳо гумроҳонанд. Онҳо ҳатто моҳи Рамазон, ки дар Сурия оташбас эълон карданд, баромада, ҷанг карданд”, - гуфт ӯ.

Занони шаҳраки Меҳнатобод мисли занони кӯҳистони тоҷик рӯймол доранд ва тӯли чанд соати будубош дар ин шаҳрак ягон зани ҳиҷобпӯш ба чашм нарасид. Вале ҳамзамон бархе сокинон аз онки мақомот монеъ ба сатрбандии занону духтарону ришгузории ҷавонон ва масҷидравии наврасон мешаванд, нигаронӣ мекарданд.

Баъзеи дигар мегӯянд, “аз монеагузориҳост”

Ба гуфтаи яке аз онҳо, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, зиёдаравии мақомот дар мубориза алайҳи тундравии динӣ ва бастани дари мадрасаҳо барои тадрис ва илмомӯзии муҳассилони муътадил, бархе мухолифони ин амрҳоро дар муқобили тарғибгарони ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ осебпазир мегардонад.

Бино ба иттилои пулиси Суғд, 394 сокини вилоят ва 24 нафари онҳо бо ҳамсар ва 44 фарзанди ноболиғи худ дар ҷанги Сурия иштирок карда, то нимаи аввали соли гузашта 36 тани онҳо кушта шудаанд. Ҳамчунин, бар пояи маълумоти расмӣ, ҳадди ақалл 7 сокини Суғд, аз ҷумла ду нафари онҳо бо ҳамсар ва 3 кӯдаки худ ихтиёрӣ аз Сурия ба Тоҷикистон баргашта, худро таслим кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG