Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик аз Саудӣ: "Маро аз ғуломӣ озод кунед" ВИДЕО


Мадина Худоназарова, шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон, дар муроҷиат ба Радиои Озодӣ барои раҳо кардани ӯ аз зиндагии ғуломона дар як манзили шаҳрванди Арабистони Саудӣ кумак хост.

Дар баробари ин, туро таҳқир мекунанд, муносибати бад мекунанд. Ду рӯзи охир ман фақат мегирям. Тоқатам тоқ шуд.

Мадина Худоназарова рӯзи 12-уми январ дар як тамоси телефонӣ аз шаҳри Бурайдаи вилояти Ал-Қасим гуфт, бо даъвати хеши шавҳари собиқаш рӯзи 24-уми октябри соли 2016 вориди Арабистони Саудӣ шуд. Дар марҳилаи аввал панҷ моҳ дар хонаи як шаҳрванди маҳаллӣ кор кард ва бар хилофи ваъдаи 600 доллар дар моҳ барои кор, ба ӯ дар он манзил 400 доллар медоданд. "Кор, шароити зиндагӣ ва муомила дар ин хона хеле сангин буд ва ман ин манзилро тарк кардам", - афзуд ӯ.

Мадина Худоназарова: "маро аз бандӣ ғуломӣ дар Арабистон раҳо кунед!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Мадина гуфт, баъд аз ин мардеро дар истгоҳи автобус вохӯрд ва ӯ пешниҳоди кор дар оилаи худро кард. Марде бо номи Султон бо хеши Мадина дар тамос шуда, бо онҳо қарордод баст ва Мадинаро баҳори соли 2017 ба хонаи худ бурд.

"Гуфт, туро ба 16 ҳазор риёл харидам..."

​Мадина Худоназарова мегӯяд, ҳеҷ гоҳ шартномаро бо чашми худ надида, вале ба кор розӣ шуд. Мегӯяд, бо сабаби сангинии шароити кор, даромади ночиз дар ҳаҷми 400 доллар ва кори бетанаффус хаста шудааст. Вале талошҳои ӯ барои тарки ин кору манзил натиҷа надод: соҳиби хона, ки шиносномаи Мадинаро дар дасти худ нигоҳ медорад, ба ӯ гуфтааст, "вайро бо ивази 16 ҳазор риёл харидааст, аз ин рӯ Мадина бояд боз як соли дигар барои ин хонавода кор кунад".

Ба гуфтаи Мадина, ӯ дар даст ҳеҷ санади дигар надорад ва ваъдаи таҳияи санади иқомати муваққатӣ ҳам, ки аз ҷониби соҳиби хона карда шуд, иҷро нашудааст.

"Ба мо чӣ ваъда доданд? Гуфтанд, ки кор зиёд нест, 400 доллар маош аст. Гуфтанд, ки субҳ хеста ношто таҳия ва хонаро тамиз мекунӣ. Вале ба мо нагуфтанд, ки ба кӯдакон нигоҳубин мекунӣ, тамоми хонаро тоза мекунӣ ва дар хонаи дигар ҳам кор мекунӣ. Воқеият ин аст, ки ҳар субҳ аз соати 9-и саҳар то соати 1-2-и шаб кор мекунӣ. Дар баробари ин, туро таҳқир мекунанд, муносибати бад мекунанд. Ду рӯзи охир ман фақат мегирям. Тоқатам тоқ шуд. Ман то ин рӯз фақат тоқат кардам, чунки се кӯдак дораму волидонамро ҳам нигоҳ мекунам", - нақл кард ин шаҳрванди Тоҷикистон.

"Таҳдид кард, ки рӯзамро сиёҳ мекунад"

Қаблан мақомот Нурбибӣ Мансуроваро аз Арабистони Саудӣ оварда буданд
Қаблан мақомот Нурбибӣ Мансуроваро аз Арабистони Саудӣ оварда буданд

Мадина мегӯяд, аслан рӯзи истироҳат надорад, соҳибони хона ба шароити хӯроку истироҳати ӯ бепарво ҳастанд ва бидуни танаффус наздики як сол мешавад, ки дар чунин шароит кор мекунад. Ба гуфтаи Мадина, ҳамсари соҳиби хона вақте ба дидорбинии модараш меравад, ӯро ҳамроҳ мебарад, то кори хонаи модари ӯро ҳам анҷом диҳад. Мадина гуфт, дар ҳаракати худ озод нест ва ҳаққи аз хона берун шуданро надорад.

Ӯ гуфт, "ду рӯз пеш ман бо онҳо даъво кардам. Шабе аз он пеш ман кор кардам ва субҳ ба ҷои соати 9-10, соати 11 аз хоб хестам. Ман хеле хаста шуда будам ва поҳоям дард мекард. Зани соҳиби хона бо ман даъво кард, ки дер хестиву ба кӯдакон нигоҳ накардӣ. Баъд таҳдид кард, ки рӯзамро сиёҳ мекунад. Мо бо забони англисиву арабӣ сӯҳбат мекунем. Шавҳарашро даъват кард. Вай гуфт, ман барои ту 16 ҳазор риёл пардохт кардам. 400 доллари маоши ман 1500 риёл мешавад. Худатон ҳисоб кунед. Ман ба чунин хулоса расидам, ки аз болои мо одамони дигар пул кор мекунанд. Ман намедонам, чаро чунин мешавад. Вале ман хеле хастам шудам, дигар чунин зиндагӣ карда наметавонам."

Мадина гуфт, сокинони маҳаллӣ, ки барои худ тавассути ширкатҳо коргар истихдом мекунанд, аксар вақт бераҳманд ва коргари худро мисли ғулом истифода мекунанд. Дар хонаи аввале, ки панҷ моҳ кор кард, се мошинаи либосшӯӣ дошт, вале соҳибхоназан аз ӯ талаб мекард, либосҳоро бо даст бишӯяд. Вай гуфт, ҳатто вақте рӯзе дасташро буриду хунаш равон буд, он зан раҳм накард ва аз ӯ талаб кард, тамоми либосҳоро бо дастонаш бишӯяд.

Вазорати хориҷа: Дар раҳоии Мадина кумак хоҳем кард

Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Мадина Худоназарова гуфт, дар бораи вазъи худаш ба вебсайтҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе хабар дода, аз онҳо дархости кумак кардааст. Дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ масъулони раёсати иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12 январ гуфтанд, тамоми талошро ба харҷ дода, дар раҳо шудани Мадина Худоназарова кӯмак мекунанд. "Сафорати Тоҷикистон дар Риёз аллакай огоҳ карда шуд", - гуфт як мақоми ВКХ ба Радиои Озодӣ.

Ширкати "Ҷамол-2012": Мо шуморо намешиносем

Дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ Мадина Худоназарова гуфт, шахсе, ки ӯро ба кор даъват кардааст, як бародари ҳамсари собиқи мурдааш будааст. Вай гуфт, шунидааст, ки даъвати ӯро тавассути ширкати "Ҷамол-2012" расмӣ кардаанд, ҳарчанд иқрор шуд, ки ҳеҷ созишнома ё қарордодро бо чашми худ надидааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамолиддин Расулов, раиси собиқи ширкати бо кортаъминкунандаи «Ҷамол- 2012» дар як вокуниши катбӣ ба унвонии Радиои Озодӣ рӯзи 12 январ навишт, ки Мадина Худоназарова тавассути ин ширкат ба кор қабул нашудааст. Вай навишт: «Ин гап тӯҳмат аст. Мо шуморо намешиносем».

Дар идома ӯ навиштааст, ки дар қазияи Мадина шахси муқассир ё гумонбар хеши ӯст, ки барои кор даъват кардааст. «Ҳар муҳоҷири меҳнатие, ки бо тариқи ширкати мо бо кор таъмин шудааст, пеш аз ҳама ариза, пурсишнома, забонхат бо шахсони кафолатдиҳандааш пур мекунад, шартномаи байни ширкат ва корҷӯй имзо мекунад, шартномаи байни корҷӯй ва корфармо имзо мекунад, ки дар он шартнома тамоми шарту шароити корӣ: маош, суроғаи аниқи корфармо, телефонҳо, рақами шиносномаҳо, ҷои зист, хӯрок, роҳкиро ва дигар шартҳо дарҷ гардидааст». Ҷамолиддин Расулов навиштааст, ки созишнома аз тарафи ширкат, корфармо ва корҷӯй дар се нусха имзо шуда ба тарафҳо дода мешавад. Пеш аз рафтани корҷӯй ҳатман хешу ақрабои коргар аз тарафи ширкат даъват шуда, розигиашон пурсида мешавад.

Зиндагӣ дар Тоҷикистон ва Русия

Мадина Худоназарова соли 1980 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, баъдан бо хонаводааш ба Душанбе кӯчидааст. Соли 2001 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, дар соли дуюми таҳсил бо сабаби надоштани маблағ таҳсилро қатъ кард. Соли 2004 издивоҷ карда, соҳиби ду фарзанд шудааст. Баъди марги ҳамсар соли 2010 ба Русия барои кор рафт ва дар онҷо бо марди мусалмоне издивоҷ карда, соҳиби як фарзанди дигар шуд. Вале ин оила ҳам дер напоид. Фарзандони Мадина 2, 10 ва 13 сол доранд ва масъули тарбияи онҳо дар Душанбе падару модари Мадина мебошанд.

Мадина мегӯяд, дар Маскав кори мухталифи занона анҷом медод, вале вақте як хешаш пешниҳоди кор дар Саудиро кард ва гуфт, кор кам асту осуда ва дар хонаи муштарӣ истода 600 доллар кор мекунад, розӣ шуд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки чаро кор дар Русияро партофта тасмим гирифт ба Саудия биравад, гуфт, "хаёл кардам, онҳо мусалмонанд ва барои мо кору зиндагӣ дар чунин кишвар аз Русия роҳаттар будагист. Вале фаҳмидам, ки хато кардам".

Ба гуфтаи ӯ, дар оғоз бо даъвати хеши шавҳари собиқаш як духтари холааш ҳам бо ӯ барои кор рафт, вале тавонист баъди панҷ моҳ аз онҷо раҳо шуда ба Тоҷикистон баргардад. Аммо Мадина ба хотири кору даромад дар онҷо монд. Баъдан фаҳмид, хеши бародараш, ки дар миёнаравӣ кумак карда буд, аз Саудӣ ихроҷ шуда, ин кишварро тарк кардааст ва ҳоло дигар онҳо дар тамос нестанд.

Қазияи Мадина Худоназарова ягона нест. Декабри соли 2017 мақомоти тоҷик гуфтанд, ки Садбарг Сироҷеваи 41-соларо, ки дар манзили як сокини Саудӣ дар Мадина кор мекард, ба Тоҷикистон баргардониданд. Сироҷева гуфтааст, ки ӯро берун аз шартҳои қарордод зиёд кор мефармуданд ва зиёд азияту таҳқир шуд.

Дар Тоҷикистон дар паи шикояти волидони се зани тоҷик додситонии кулл алайҳи се ширкати “Ҷамол-2012”, “Имкон-2015” ва “Абдукарим” парванда боз кардааст. Ин занҳо бо нашри видео дар бораи сарнавишти талхи худ ҳангоми кор дар Арабистони Саудӣ шикоят карданд. Онҳо аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор бар ивази дастмузди ночиз ва гоҳо латту кӯбу хушунат хабар доданд. Бино ба нақли ин занҳо, шароити кории онҳо дар манзили шаҳрвандони Арабистони Саудӣ хеле вазнину тоқатфарсо буд.

То ба ҳол маълум нест, ки чӣ теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занон дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, кору зиндагӣ мекунанд. Бино ба маълумоти соли 2016-и дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, дар муддати солҳои 2005-2016 дар маҷмӯъ 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG