Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши “Агроинвестбонк” ва 2 ширкати сохтмонӣ. ВИДЕО


Ширкатҳои “Бунёдгар” ва “Империя Востока” - фармоишгарони сохтмони як манзили 12-табақа дар хиёбони Рудакӣ ба таҳияи санадҳои соҳибони ин манзил, ки аз ҳудуди 100 хонавода иборат мебошад, шуруъ карданд.

То кунун 40 хонавода соҳиби санади мансубияти манзил дар ин иморати баландошёна шуда ва дар Корхонаи сабти амволи ғайриманқул (МБТИ) ба қайд гузошта шудаанд.

Даҳҳо сокини ин мазили истиқоматӣ давоми ду-се соли охир дар

Ҳозир сад фоиз ҳуҷҷатҳои манзиламон тахту дуруст шудааст. Акнун аз ҳамаро дуруст мекунанд

гирдоби кашмакашҳои “Агроинвестбонк” ва ду ширкати сохтмонӣ, ки ба гуфтаи онҳо мутаалиқ ба хешовандони раиси ин бонк Муродалӣ Алимардон ҳастанд, дармонда буданд.

Сокинони ин манзил қаблан ба Радиои Озодӣ зикр карданд, ки ду соли қабл ба умеди соҳиби манзил шудан дар ин бинои 12-ошёна дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ба суратҳисоби ширкатҳои “Бунёдгар” ва “Империя Востока” пули хонаро гузаронданд. Аммо дар ин миён ин ду ширкат натавонист қарзи “Агроинвестбонк”-ро баргардонанд ва дар ивази қарз биноҳоро ба бонк таслим карданд.

Созиши “Агроинвестбонк” ва 2 ширкати сохтмонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

40 хона соҳиби санад шуд, кор давом дорад...

Самандар Саидов, ваколатдори ширкати “Империя востока” рӯзи 27 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди муроҷиатҳои пайдарпаи соҳибони манзилҳо ҳам ширкати “Империя Востока” ва ҳам “Бунёдгар” ба сабти санадҳои ин манзил, воқеъ дар хиёбони Рудакӣ шуруъ карданд ва то имруз дар МБТИ беш аз 40 хонаро ба қайд гузоштаанд.

“Ҳоло дар даст даҳҳо аризаи сокинони ин манзил қарор дорад ва ман дар бинои МБТИ нишастам ва дар рузҳои надик ҳамаи 100 соҳиби манзилро ба қайд мегузорем”, гуфт Самандар Саидов.

Вай гуфт, дигар “Агроинвестбонк” ба масъалаи сабти манзилҳо дахолат надорад ва тамоми марҳилаи сабти хонаҳоро ширкатҳои фармоишгари “Империя Востока” ва “Бунёдгар” ба душ гирифтаанд.

Абдураҳмон Шарифов вакили мудофеи соҳибони манзили 12-ошёна, ки аз ҷониби созмони “Маркази мустақил оид ба ҳифзи инсон” истихдом шудааст, гуфт:

“Барои санади қабули бино аз Комиссияи давлатии сохтмонӣ миёни фармоишгар - ширкати “Империя Востока” ва пудратчӣ ҶДММ “Бунёдгар” баҳс сар зад ва масъалаи ба қайд гирифтани соҳибони манзилҳо дар ин бинои баландошёна зери суол рафт ва аз соли 2014 ба ин тараф онҳо аз ҳуқуқи соҳибмулкӣ маҳрум буданд.

Вақте ки аз тарафи созмони “Маркази мустақил оид ба ҳифзи инсон” барои ҳимояи соҳибони манзилҳо ба Додситонии кулл муроҷиат кардем ва иддаои "Империя Востока”-ро, ки гӯё ин бинои дувоздаҳтабақа ба “Агроинвестбонк” ба гарав дода шудааст, санҷиш гузаронида шуд ва маълум шуд, ки ин иддао нодуруст будааст. Баъди муроҷиатҳои пайдарпаи мо ба додгоҳи Исмоил Сомонӣ ва ба васоити ахбори омма, ширкати “Империя Востока” бо саҳмгузорони бино, яъне харидорони манзилҳои зист ба созиш расиданд ва дар Идораи нотариалӣ ва ҳам дар МБТИ сабти хонаҳои шурӯъ шуд ва онҳо соҳибмулки комилҳуқуқ шуданд”.

Моҷарои соҳибӣ ба санади хона баъди фурӯхта шуданаш

Сохтмони манзили 12-ошёна дар маркази шаҳри Душанбе бар асоси қарори ҳукумати пойтахти Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 оғоз гардида, дар моҳи августи соли 2015 анҷом ёфтааст.

Баҳси соҳибмулкӣ дар ин манзили дувоздаҳтабақа ба ҷое кашида буд, ки соҳибони манзил санаде надоштанд, ки соҳибмулк будани онҳоро тасдиқ кунад. Зиндагӣ дар хонаҳои нав бидуни санад танҳо як бахши мушкили ин оилаҳо шуда буд.

Лола Мансурова, як сокини ин бино рӯзи 27 ноябр ба Радиои Озодӣ бо хушҳолӣ гуфт, ки ширкати “Империя Востока” ниҳоят баъди исрору шикоятҳои соҳибони хонаҳо ба додгоҳ санадҳои хонаро ба дасти онҳо супурданд.

“Мо ҳамон сокиноне будем, ки ба расонаҳо ва ба судҳо муроҷиат карда будем. Ҳозир сад фоиз ҳуҷҷатҳои манзиламон тахту дуруст шудааст. Акнун аз ҳамаро дуруст мекунанд”.

Лола Мансурова
Лола Мансурова

Сохтмони манзили 12-ошёна дар маркази шаҳри Душанбе бар асоси қарори ҳукумати пойтахти Тоҷикистон соли 2015 ва бо арзиши 29 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Чанд моҳ пеш ҳукумати Тоҷикистон дар замимаи қарори хеш ҷиҳати кумаки 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ ба чаҳор бонки дучори буҳроншудаи кишвар рӯйхати амволи дар ихтиёри ин бонкҳо қарордоштаро низ нашр кард. Бинобар ин рӯйхат, танҳо дар ихтиёри “Агроинвестбонк” ба ҷуз аз биноҳои филиалҳояш дар минтақаҳо 665 хонаву манзил, корхона ва дигар амволи ғайриманқул қарор дорад.

XS
SM
MD
LG