Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси бомбаборони Ҳалаб ба Шӯрои амнияти СММ мекӯчад


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид афзоиши хушунатҳоро дар Сурия ва бахусус шаҳри Ҳалаб ба баррасӣ хоҳад гирифт. Дар ин бора дипломатҳои Созмони Милал хабар дода ва гуфтаанд, бештар Бритониё, Фаронса ва Амрико хоҳони баргузории ин нишаст ҳастанд.

Сокинони шаҳри Ҳалаб мегӯянд, ки дар зарбаҳои ҳавоӣ ва заминӣ аз силоҳҳои харобиоваре истифода мешавад, ки қаблан дар минтақа набуд.

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал низ рӯзи якшанбе гуфт, ки Бан Ки Мун аз баъд шудани вазъ дар шаҳри Ҳалаби Сурия сахт нигарон аст. Стефан Дуҷорик, сухангӯи дабири кулли СММ, бо нашри иттилоияе гуфт, аз замони эълони нирӯҳои Сурия ба манзури тасарруфи шарқи Ҳалаб дар ду рӯзи гузашта "гузоришҳое дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ, истифода аз силоҳу муҳимоти пешрафтаи ҷангӣ расидааст".

Баъди он ки тавофуқи оташбас дар Сурия ҳафтаи гузашта "ба мақсад нарасид", Димишқ ҳамлаҳои ҳавоӣ болои минтақаҳои таҳти назорати шӯришиёнро бештар кард. Нирӯҳои давлатии Сурия гуфтанд, ки онҳо дар ҷанг алайҳи терроризм дар ҳоли пешрафт қарор доранд.

Валид Ал-Муаллим, вазири корҳои хориҷии Сурия рӯзи шанбе дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, ки "ҳоло мо ба пирӯзӣ бовари бештар дорем. Нирӯҳои давлатии Сурия бо пуштибонии дӯстони воқеӣ, бахусус Русия ва Эрон, дар ҷанг алайҳи терроризм пешрафтҳои бузург мекунад."

Гуруҳи назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё, рӯзи шанбе гуфт, ки дар натиҷаи бомбаборон дар шарқи Ҳалаб ба камияш 45 нафар ба шумули даҳ кӯдак кушта шудаанд. Ромӣ Абдураҳмон, раиси ин гуруҳ гуфтааст, ин ҳамлаҳо шадид ва давомдоранд. Фаъолон гуфтаанд, ин бомбаборонро ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия ва Русия анҷом додаанд. Нирӯҳои давлатии Сурия гуфтаанд, ки ба маҳалли шӯришиён дар шаҳри Ҳалаб ҳамла карда ва аммо ғайринизомиёнро ҳадаф қарор надодаанд.

Сокинони шаҳри Ҳалаб мегӯянд, ки дар зарбаҳои ҳавоӣ ва заминӣ аз силоҳҳои харобиоваре истифода мешавад, ки қаблан дар минтақа набуд ва бар асари зарбаҳо биноҳои зиёде вайрон шудаанд.

Рӯзи 23 сентябр музокироти Амрико ва Русия дар бораи барқарории созиши оташбас дар Сурия натиҷа надод. Дар ҳамин рӯз бино ба гузоришҳо дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии зиёд, даҳҳо нафар дар Ҳалаб кушта шуданд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар бораи барқарории оташбас “пешрафти андаке” ҳосил шудааст. Сергей Лавров гуфт, барқарории созиши оташбас ба ҳамаи тарафҳо вобаста аст, на фақат ба “гузашти яктарафаи Русия.”

Артиши Сурия, ки нерӯҳои ҳавоии Русия онро пуштибонӣ мекунанд, рӯзи 22 сентябр гуфт, амалиётеро дар шарқи Ҳалаб шурӯъ мекунад, ки дар дасти шӯришиён аст ва онҷо 250 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Як манбае дар артиш рӯзи 23 сентябр ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, амалиёт “фарогир” мешавад ва дар он нерӯҳои ҳавоӣ ва заминӣ ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG