Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"WhatsApp ё Viber баста шавад, даҳҳо месенҷери дигар рӯи кор меояд". ВИДЕО


Як масъули Маркази исломии Тоҷикистон ва ходими Академияи илмҳои кишвар маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои интернетии паёмрасон дар кишварро роҳи муассири мубориза бо ифротишавии ҷомеа намеҳисобад.

Виркани Музаффарпур дар ин бора дар як ҳамоиши Душанбе изҳори назар кард, ки бо ширкати кормандони ниҳодҳои интизомӣ, коршиносони Маркази мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ баргузор

Агар ҳозир WhatsApp ё Viber баста шавад, даҳҳо месенҷерҳои муосири дигар рӯи кор меояд ва баъди як соли дигар мебинед ин месенҷерҳо куҳна мешаванд боз месенҷерҳои дигар маҳбубият пайдо мекунанд

шуд. Дар гузориши худ дар мавзуи “Омили динӣ дар низоми амнияти иттилоотии Тоҷикистон” Виркани Музаффарпур гуфт, бастани месcенҷерҳои назири WhatsApp, Viber, IMO ва дигар шабакаҳои иҷтимоии мухобиротӣ наметавонад роҳи муассири таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар шавад.

Моҳи декабр мақомоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, ки баъди бастани системаи алоқаи телефонии NGN дар фикри бастани паёмрасонҳои маъруфи назири WhatsApp, Viber ва IMO мешаванд, то ки бехатарии иттилоотиро дар кишвар таъмин кунанд. Ин шабакаҳоро, ба қавли мақомот, афрод ва гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳадафи мубодилаи иттилооти барои амнияти кишвар хатарзо истифода мекунанд.

Виркани Музаффарпур рӯзи 29 декабр дар суханронии худ бо ишора ба тазоҳуроти густурда дар бархе шаҳрҳои Эрон гуфт, «нигоҳ кунед, ба тазоҳуроти дирӯз дар машҳади Эрон даъватҳои ибтидоӣ аз тариқи мессенҷери Telegram сурат гирифтааст. Ҳол он ки чанде пеш Viber қатъ карда шуда буд”. Вай гуфт, дар сурати баста шудани бархе шабакаҳои иттилоърасон, гурӯҳҳои тахрибкор аз роҳҳои дигар барои расидан ба ҳадаф истифода мекунанд.

Виркани Музаффарпур пас аз ироаи гузориши худ, дар як суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ андешаҳои худро шарҳ дод:

Виркани Музаффарпур: Қаблан, вақте ки донишҷӯёни Эрон ба Тоҷикистон меомаданд, мегуфтанд, ки дар Эрон Viber беҳад маъруф аст. Аз ин рӯ бастани мессенҷерҳо дар кишвари мо ба фоидаи амнияти иттлоотӣ нест ва албатта корбарони ин мессенҷерҳо аз берун ва дарун кӯшиш мекунанд ба шуури мардум, хусусан дар бахши дину мазоҳиб таъсир расонанд, вале роҳи дурусти хунсо кардани ин барномаҳо ба роҳ мондани гуруҳҳои махсус аз ҳисоби ҷавонони бодониш ва огоҳ, руҳониён ва рушанфикрҳо аст, ки тавонанд ба ин гуруҳҳои мухолиф посухи баҷо диҳанд ва ҳам ба мардуми кишвар тафсиру таълимоти дурусти баҳсҳоро шарҳ диҳанд, то ин ки хонанда бардошти дуруст ва боэътимод пайдо кунад ва бероҳа нашавад. Агар ҳозир WhatsApp ё Viber баста шавад, даҳҳо месенҷерҳои муосири дигар рӯи кор меояд ва баъди як соли дигар мебинед ин месенҷерҳо куҳна мешаванд боз месенҷерҳои дигар маҳбубият пайдо мекунанд.

"WhatsApp ё Viber баста шавад, даҳҳо месенҷери дигар рӯи кор меояд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Радиои Озодӣ: Ба андешаи шумо, масдуд шудани дастрасӣ ба паёмрасонҳо, чӣ хатароте метавонад дар пай дошта бошад?

Виркан Музаффарпур: Масъала ин аст, ки тамоми мардум ба мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои телевизионҳову моҳвораӣ дастрасӣ доранд. Агар шабакаи иҷтимоии интернетӣ аз дохили кишвар қатъ карда шавад, даҳҳо барномаҳои садшикан вуҷуд дорад ва мардум огоҳона ва ё ноогоҳана ба баҳсҳои динӣ ворид мешаванд ва ба онҳо СМС-у паёмакҳо мерасад ва дар ҳамин асно таҳти таъсир мераванд. Вақте ки шабакаҳои телевизонии мазҳабиро тамошо мекунанд, бо гардонандагони онҳо вориди баҳс мешаванд ва дар натиҷа муридони ин шабакаҳо барои мардуми ноогоҳ ҳамчун “шайх”-у “мавлавӣ” мавриди эҳтиром қарор мегирад ва афкори онро дар мавриди мазҳаби худ таҳти суол қарор медиҳад. Аз ин рӯ ба ин масъала хеле огоҳона ва ҷиддӣ бояд муносибат кард.

Нишасте, ки бо ибтикори маркази таҳқиқоти стратегӣ гузашт, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои журналистӣ ва бархе мақомотро гирди ҳам овард. Мизи намояндаи Хадамоти алоқа дар ин нишаст холӣ ба назар мерасид.

XS
SM
MD
LG