Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришваситонии 5 корманди кумитаи андоз


Боздошти боз як корманди Кумитаи андози Тоҷикистон бо гумони ришваситонӣ шумораи кормандони бо ҳамин иттиҳом боздоштшудаи ин ниҳоди кишварро дар яку ним моҳи охир ба панҷ нафар расонд.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ин бор сармутахассиси Кумитаи андози Тоҷикистон Ҳалим Касировро ба он гунаҳкор мешавад, ки хостааст, бо истифода аз мансабаш ришваи калоне ситонад. Бино бар иттилои Оҷонсии зидди фасод, ҷаноби Касиров ҳангоми тафтиши як ширкат дар ивази кам кардани ҷарима аз раҳбари он 10000 доллари ИМА пора талаб хоста, ними он -- 5000 долларро гирифтааст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи 5 корманди Кумитаи андоз, ки бо иттиҳоми порагирӣ боздошт шудаанд, нафароне ҳастанд, ки ин ё он масъулияти муҳимро дар кумита бар дӯш доранд: «Баъдан танҳо онҳое, гунаҳкор нестанд, ки пора мегиранд. Худи шаҳрвандон ё ба қавле ҷабрдидаҳо низ гунаҳкор ҳастанд. Чунки дар рупӯш кардани камбудиҳои ҷойдошта онҳо низ манфиатдоранд.»

Аммо масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, боздошти ин теъдод аз кормандони масъули кумита, далели фасодзадагии ин идораи давлатиро надорад. Рустамҷон Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андоз ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло таҳқиқ идома дорад ва он ҳама чиро рӯшан хоҳад кард: «Фасодзада буданро намедонам, аммо ба ҳама маълум аст, ки мо то ҳадди имкон ҳама маълумотҳои андозиро тариқи компютер ҷамъоварӣ карда таҳлил мекунем. Бинобар ин гумон мекунам мо баръакс чораҳои пешгириро андешидаем.»

Ба ақидаи коршиносон яке аз сабабҳои асосии вазъияте, ки дар Кумитаи андоз ба миён омадааст, интихоби тасодуфии кадрҳост ва на танҳо ин ниҳод, балки идораҳои зиёде гирифтори фасод гаштаанд, ки худи мақомот низ эътироф мекунанд.

Ойниҳол Бобоназарова ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари ташкилоти «Перспектива +» барин аст, ки буҳрон амиқ реша давондааст ва системае, ки бояд бо фасод мубориза барад, худ фасодзада шудааст. Вай афзуд: «Бубинед, ки вақтҳои охир мардум аз дасти Кумитаи андоз чӣ қадар доду вой мекунанд, ки онҳоро даркору нодаркор тафтиш мекунанд. Ҳатто онҳо борҳо эътироз ҳам кардаанд. Аммо мо боре вокуниши худи ҳукуматро намебинем. Чаро ҳар сол эълон мекунанд, ки бояд шумораи тоҷирон камтар шаваду ва ғайраву ҳоказо. Аз ҳамин ҷо бармеояд, ки қисме аз онҳо барои кисаи худ кор ҳам мекунанд.»

Ҳамчунин, ба андешаи ин ҳуқуқдон, мубориза бо фасод бояд аз боло оғоз шавад, на аз қишри миёна ё поёнии мансабдорон. Бо вуҷуди ин, бархе аз таҳлилгарон боздоштҳои якуним моҳи гузаштаро ба як навъ рақобати идорӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, соли гузашта Оҷонсии зидди фасод 43 корманди Кумитаи андозро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карда буд.
XS
SM
MD
LG