Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабоҳати 78-сола пас аз 40 сол табибӣ ронандаи таксӣ шуд (ВИДЕО)


Сабоҳат Бойматова ифтихорномаҳои зиёд дорад.
Сабоҳат Бойматова ифтихорномаҳои зиёд дорад.

Дар миёни садҳо таксирони пойтахти Тоҷикистон гоҳе бонувон ҳам дида мешаванд. Сабоҳат Бойматоваи 78-сола, ки муддатҳои тӯлонӣ ба ҳайси пизишки кӯдакон кор кардааст, яке аз онҳост. Ӯ дар як рӯз даҳ бор хиёбони маркзаии Душанберо давр мезанад.

Ин зани таксирон таҳсилкардаи Донишгоҳи тиббӣ буда, барои 40 сол ба ҳайси пизишки кӯдак кор кардааст. Ӯ мегӯяд аз замони таҳсил дар мактаб ба варзиш машғул шуда, ба дучархасавроӣ алоқаи хос доштааст. “Соли 1980 соли кӯдакон буд. Ҳамон сол ба хотири натиҷаи кори хубам Вазорати тандурустии Шӯравӣ ба ман мошини “Жигулӣ” туҳфа доданд. То имрӯз 12 мошинро иваз кардам” -мегӯяд, Сабоҳат Бойматова.

Хонум Бойматова ҳарчанд 5-6 сол шудааст, ки таксиронӣ мекунад, аммо ронандагиро барвақт омӯхтааст. “Духтаронам репетитор буданд. Онҳоро пеши донишҷӯёнашон мебурдам. Ҳатто то Хоҷа Обигарм мебурдам” - меафзояд, ҳамсӯҳбати мо.

Сабоҳати Бойматова аз ӯҳдаи иваз кардани чархи мошин ҳам бармеояд.
Сабоҳати Бойматова аз ӯҳдаи иваз кардани чархи мошин ҳам бармеояд.

Ба фарқ аз таксиронҳои дигар Сабоҳат Бойматова ба далели кори хона то 3 соат дар як рӯз кор мекунад ва ҳар касро ҳам дар мошини худ ҷой намедиҳад. Ӯ аз муносибати мусофирон розӣ аст, аммо мегӯяд: “Ман ҳамчун духтур психологияро медонам. Нигоҳ мекунам. Маъқул шавад мегирам, нашавад намегирам.

Ба қавли Сабоҳат Бойматова саволи аввалин ҳар мусофирон дар бораи синни ӯ аст ва бо табассум афзуд. “Ман мегӯям баро чӣ ба шумо даркор аст. Ҷавон нестам ку?” Ин таксирони 78-сола мегӯяд нозирони роҳ ҳам ба ман эҳтиром доранд ва ягон бор “маро хафа накардаанд. Агар хато кунам узр мепурсам ва онҳо ҳам мегӯянд муаллимаҷон дигар накунед”. Ӯ бо изҳори норизоиятӣ аз рафтори ронандагон, мегӯяд, онҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.

“Ман ҳамчун духтур психологияро медонам. Нигоҳ мекунам. Маъқул шавад мегирам, нашавад намегирам.

Сабоҳат Бойматова мегӯяд ҳанӯз ҳам агар мусофирон бо кӯдакони худ савори мошини ӯ мешаванд аз аҳволашон пурсон, маслиҳат медиҳад ва баъзан то беморхона ҳам мебарад.

Ӯ воқеаи ҷолиберо ҳам нақл кард: “Ин хел воқеа ҳам шуд, ки дар Варзоб садама шуд ва дидам ду кӯдак беҳуш шудаанд. Дарав фаромада ба онҳо ёрии аввалин додам ва мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ задам. Ду каси дигарро худам ба беморхона бурдам.” Даҳҳо ифтихорнома ва порчаҳои нашрияҳои даврони донишҷӯии ин пизишки ҳирфаӣ ва акнун таксирони ҷоддаҳои пойтахт ҳокӣ аз меҳнатдӯстии ӯ аст.

Яке аз ин порчаҳо нашрияи донишгоҳӣ аст, ки аз пахтачинии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Ҳисор қисса мекунад. Онҷо гуфта шудааст: “Субҳ бар рағми ҳавои номуносиб ва ғалабаи боду борон комсомолҳо бо нишони азхудгузаштагӣ ба саҳро мебароянд. Миёни онҳо Сабоҳат Бойматова беҳтарин донишҷӯи пахтачин аст. Дӯстонаш дастони тиллоии ӯро бо шӯхӣ “мошини пахтачинӣ” мегуфтанд.”

Ӯ мегӯяд ҳарчанд таксиронии ӯ дар синни 78 солагиаш боиси ҳайронии баъзе аз мусофирон мешавад, аммо ба қавли ӯ “ин барои ман як “ҳоббӣ” аст. Агар мошин ҳай кунам хастагиям бартараф мешавад”.

Табиби 78-сола бо таксиронӣ рӯз мегузаронад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

XS
SM
MD
LG