Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи таҳсил ин дафъа беҷанҷолу милиса (ВИДЕО)


Даҳҳо нафар аз хатмкунандагон ба намоишгоҳ омаданд.
Даҳҳо нафар аз хатмкунандагон ба намоишгоҳ омаданд.

Намояндагии саҳифаи таҳсил дар Русия, Russia.study бо ифтитоҳи машваратгоҳе дар Хуҷанд ба довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар машварат ва маслиҳатҳои бепул медиҳад. Рӯзи аввали ин маҳфил 7 уми апрел дар маркази вилояти Суғд баръакси намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа дар Душанбе, ки пулис аз баргузории он ҷилавгирӣ ва довталабону меҳмонҳоро пароканда намуд, бо баргузории даҳҳо довталаб бидуни халал, оромона ва батартиб гузашт.

Даҳҳо хатмкунандагони мактабҳои миёна ва довталабон, бархе ҳамроҳи падару модар ба машваратгоҳи таҳсил дар Русия меомаданд, ки то ки ба саволҳои худ дар бораи шароти таҳсил дар ин кишвар посух бигиранд.

Дар толори Кохи матбуоти Хуҷанд навиштаҳое аз саҳифаи расмии таҳсил дар Русия дар интернет ва номгӯи бархе аз мактабҳои олии ин кишвар овезон буд. Як нафар довталабонро сабти ном карда, ду нафари дигар ба саволҳои онҳо ҷиҳати таҳсил дар Русия посух мегуфтанд.

Холиқ Абдуҷалилов, намояндаи саҳифаи Russia.study дар Тоҷикистон дар ин бора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

Намоишгоҳи таҳсил дар Русия орому беҷанҷол гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

“Мо ба довталабон машварат медиҳем, ки чӣ гуна тавассути саҳифаи мо ба мактабҳои олии Русия ҳуҷҷат пешниҳод намуда, донишҷӯ шаванд. Ин машварат тамоман бепул аст.”

Мусоҳибам афзуд, ки барои баргузории ин маҳфили машваратдиҳӣ бо мақомот мушкиле надоштанд ва барои иштирок дар намоишгоҳи 6 - уми таҳсил дар хориҷа, ки дар Душанбе баргузор мегардад, иҷозаи расмӣ доранд.

Ба қавли ӯ, тавассути ин саҳифа довтабони тоҷик ҳуҷҷатҳои худро ба яке аз 30 донишгоҳи интихобкардашон пешниҳод намуда, сипас имтиҳонҳои дохилшавиро дар худи Русия месупоранд. Донишҷӯёни тоҷик тавассути ин саҳифа танҳо ба таҳсили пулакӣ дар мактабҳои олии Русия даъват мешаванд.

Нархи таҳсил то 6000 доллар

Нархи яксолаи таҳсил барои дарёфти дараҷаҳои бакалавр ва магистр дар донишгоҳҳои Русия аз 500 то 6 000 доллари амрикоӣ аст. Ин саҳифа соли гузашта фаъол шуда, 74 ҷавони тоҷик тавассути он ба донишгоҳи Русия дохил шудаанд.

Ҳусниддин мегӯяд, шавқи таҳсил дар Русияро дорад.
Ҳусниддин мегӯяд, шавқи таҳсил дар Русияро дорад.

Ҳарсола дар Хуҷанд намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа баргузор мегардид, ки дар он донишгоҳҳои Амрикову кишварҳои Аврупо ва Шарқ муаррифӣ мегардид. Вале баъди ҷилавгирӣ аз баргузории намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа ва пароканда кардани он дар Душанбе мақомот баргузории он дар Хуҷандро низ манъ карданд.

Машваратгоҳи таҳсил дар Русия соли равон нахустин барномаи шинос намудани ҷавонони суғдӣ бо имконоти таҳсил дар хориҷи кишвари худ ва дар доираи танҳо як кишвар маҳдуд аст. Модари як талабаи синфи 11 аз Хуҷанд, ки ба ин машваратгоҳ омада буд, мегӯяд, мисли ин ки давлати Тоҷикистон ва вазорати маориф хуш надорад ҷавонони тоҷик дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ таҳсил кунанд ва мутахассисони ҳирфаӣ шуда ба ватан баргарданд.

Фаррух Ҳотамов, хонандаи синфи 11 – и мактаби рақами 1 - и ноҳияи Деваштич мехоҳад, баъди хатми таҳсил дар ватан ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Новосибирск дохил шавад. Ӯ ва хонандагони дигарро идораи маорифи ноҳияаш аз боз шудани машваратгоҳи таҳсил дар Русия дар Хуҷанд огоҳ кардаанд. “Он ҷо рафиқонам таҳсил мекунанд ва гуфтанд, ки шароиташ хуб аст, мутахассиси хуб шудан мумкин.” гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Маҳлиё ҳам мехоҳад, дар Русия таҳсил кунад.
Маҳлиё ҳам мехоҳад, дар Русия таҳсил кунад.

Ҳамин тавр, Маҳлиё Азизова, хатмкунандаи мактаби рақами 77-и ноҳияи Ашт низ ҳамроҳи падараш ба машваратгоҳ омадааст, то дар бораи таҳсил дар донишгоҳҳои тиббии Русия маълумот бигиранд. Маҳлиё мегӯяд, ҷарроҳ шудан мехоҳад ва ба назари ӯ, дар Русия мутахассиси хубтар омода мекунанд.

Имтиҳон дар ҳузури омӯзгорони ду кишвар

Моҳи март чун ҳарсола дар Хуҷанд довталабон барои ба даст овардани ҳаққи таҳсили бепул дар донишгоҳҳои Русия тибқи квота дар ҳузури муаллимони русу тоҷик имтиҳон супурданд.

Ҳуснидин Шарифов, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 15-и Хуҷанд мегӯяд, ӯ садди болотар аз 52 бал барои донишҷӯи бахши нафту гази Донишгоҳи шаҳри Қазон шуданро убур накард. Ва ҳоло талош дорад барои таҳсили пулакӣ ба Донишгоҳи Уфаи Русия ҳуҷҷат супорад: “Ин ҷо гуфтанд, ки метавонем, тавассути интернет ҳуҷҷатҳоямонро супорем. Баъди он ба Русия рафта, имтиҳони дохилшавиро дар он ҷо месупорем. 50 дар сад умедворам, ки донишҷӯ мешавам.” - афзуд ӯ.

Довталабони таҳсил дар Русия мегӯянд, онҳо мехоҳанд дар хориҷ аз Тоҷикистон таҳсил кунанд ва соҳиби маълумоти олӣ гарданд. Онҳо аз оилаҳои миёнаҳоланд. Ва аз надонистани забони англисӣ ё забонҳои дигари хориҷӣ, камдонишӣ ва тангии имкони молии волидайн барои онҳо танҳо ҳамин як роҳи таҳсил дар донишгоҳҳои камэътибори Русия боқӣ мондааст.

Таҳсили арзон дар муқоиса ба дар донишгоҳҳои Амрикову кишварҳои Аврупо ва ошноии бештар ба забони русӣ аз омилҳоест, ки ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба Русия мебарад. Ҳамчунин тибқи анъана мақомоти тоҷик ба дипломи донишгоҳҳои Русия хушназаранд ва бо он пайдо кардани ҷойи кор дар Тоҷикистон осонтар аст.

XS
SM
MD
LG