Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пояи парчамро дар Деваштич кӣ канд? САДО


Мақомоти пулис дар ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) гуфтанд, ки кандани парчам дар назди яке аз мактабҳои ноҳия ангезаи сиёсӣ надорад. Ба қавли онҳо, шаби 12 ба 13 марти имсол як фарди номаълум пояи оҳаниро, ки дар назди мактаби рақами 4-и деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич насб шуда буд, бо худ бурда ва парчамро дар замин андохтааст.

"Масъала сиёсӣ нест"

​Як сол пеш Даврон Қурбонов, сокини 21-солаи Душанбе, ба ҷурми боло кардани парчами гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар маҳаллаи 103-юми пойтахт ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Ин ҳодиса сарусадоҳои зиёдро дар миёни сокинон ба вуҷуд овард, ки гӯё ин амал бо ангезаҳои сиёсӣ анҷом гирифтааст. Бархе ҳам гуфтанд, ки шахси номаълум дар дили шаб ба ҷои Парчами миллии Тоҷикистон парчами сиёҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро насб кардааст.

Бобоҷон Қосимов, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Деваштич, рӯзи 12 май гуфт, "таҳқиқ муайян кард, ки ҳодиса ангезаи сиёсӣ надорад". Вай афзуд, "он парчами миллӣ набуд, балки парчами оддии сафед буд, ки дар арафаҳои ҷашн барои ороиш овехта мешавад". Бобоҷон Қосимов мегӯяд, дар робита ба ин қазия то ба ҳол касе боздошт ва ё ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

"Пояи парчами сафедро канда..."

Комил Отабоев, раиси ҷамоати Муҷун, гуфт, он появу парчамҳоро тақрибан соле қабл маъмурияти мактаби рақами 4 дар назди бинои ин муассисаи таълимӣ насб карда буданд. Ӯ гуфт, дар онҷо дар чанд пояи оҳанӣ парчамҳои ҷашнӣ бо рангҳои сафед, сурх, кабуд ва дар яке акси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон насб карда шуда буд. Вале шахси номаълум танҳо як пояи оҳаниеро, ки дар он парчами сафед насб гардида буд, бо худ бурдааст.

Пояи парчам дар Деваштичро кӣ канд? Посбон аз кор ронда шуд ва...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи ин масъули маҳаллӣ, "пояҳои ҳамаи парчамҳо ва акси раиси ҷумҳур оҳанӣ буд, ба ҷуз як пояи дуздидашуда, ки бо семент мустаҳкам карда шуда буд. Барои сокинони деҳа он оҳан чизи қимат ҳисоб мешавад. Барои ҳамин, ҳамон шаб касе ҳамон пояи сустро канда бурдаву парчами сафедро дар замин гузоштаааст. Дигар пояҳо бо акси раиси ҷумҳур ва дигар парчамҳо барҷоянд."

"Посбон аз кор ронда шуд"

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса шаби якшанбе ба душанбе рух дода ва дурбини назоратии мактаб хомӯш буд. Ӯ мегӯяд, пояи оҳании дуздидашуда, ки дар он се парчам насб шуда буд, то 6 метр баландӣ дошт.

Деҳаи Хушикати ноҳияи Деваштич
Деҳаи Хушикати ноҳияи Деваштич

Ботур Саломов, мудири мактаби рақами 4-и ноҳияи Деваштич мегӯяд, дар пайи ҳодисаи дуздидани пояи парчам, посбони мактаб Шаҳобиддин Мирзоқулов, ки он шаб сари кор буд, аз кор ронда шуд. Бо ҳамин, таҳқиқи ин ҳодиса ба анҷом расидааст. Комил Отабоев, раиси ҷамоати Муҷун мегӯяд, ба ҷои пояи рабудашуда пояи дигар гузошта, ин навбат сахт устувор карданд ва аз нав парчами сафедро овехтаанд.

Ҷавобгарӣ барои таҳқири парчам

Ҳодисаи кандани пояи парчам дар ноҳияи Деваштич дар ҳолест, ки аз ин қабл насби парчамҳои сиёҳи монанд ба парчами “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон чанд дафъа аз ҷониби бархе афрод иттифоқ афтодааст.

Мурофиа барои боло кардани парчами гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар шаҳри Норак
Мурофиа барои боло кардани парчами гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар шаҳри Норак

Қонунҳои Тоҷикистон барои таҳқиру тавҳин ба Парчаму Нишон ва акси раиси ҷумҳур ҷавобгарии ҷиноӣ таъин кардааст ва омилони ин амал муҷозот карда мешаванд. Моҳи марти соли равон додгоҳи вилояти Хатлон се сокини ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норакро барои боло кардани парчами сиёҳе монанд ба байрақи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2015 гунаҳкор дониста, ба 3-солии зиндон маҳкум кард.

Як сол пеш Даврон Қурбонов, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе, ба ҷурми боло кардани парчами гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар болои пул (купрӯк) - е дар маҳаллаи 103-юми пойтахт ба 6 соли зиндон маҳкум гардида буд.

XS
SM
MD
LG