Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуни ман зарур бошад... ҳозир мешавам" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ду соли охир дар вилояти Суғд теъдоди донорҳои хун беш аз ҳазор нафар афзудааст. Пизишкон мегӯянд, ки ҳудуди 25 дар сади донорҳо ҷавонони аз 18 то 30-солаанд. Маркази хун дар шаҳри Хуҷанд дар маҷмуъ ҳудуди се ҳазор нафарро ба ҳайси "донори фаъол" сабт кардааст. Инҳо дар тӯли сол 4-5 бор хун додаанд.

Ба худам гуфтам, чаро хун биёраму хуни худамро, ки мумкин ба ягон кас зарур аст, дареғ дорам? Аз ҳамон вақт аҳд кардам ва донори хун ҳастам. Вақте барои хунгирӣ даъват мекунанд, шаб аст ё рӯз, агар хуни ман барои бародари муъминам даркор бошад, ҳозир мешавам.

Дар маҳфиле дар намояндагии маркази ҷумҳуриявии хун дар Хуҷанд Ҷумъа Ҳоҷиев, марди 60-сола “фаъолтарин донори хун” дар Суғд эълон гардид. Ҷумъа Ҳоҷиев 13 сол боз бо даъвати табибон барои наҷоти беморон хун медиҳад. Ҳоҷиев рӯзи 27-уми май гуфт, ӯро эҳсоси раҳму ҳамдардӣ ба сафи донорони хун барои ҳамеша пайваст.

"Ба донор шуданам ҳодисае сабаб гардид. Боре модарам бемор шуд ва ман ночор дар соати дуи шаб аз ин марказ омада, хун бурдам. Баъд ба худам гуфтам, чаро хун биёраму хуни худамро, ки мумкин ба ягон кас зарур аст, дареғ дорам? Аз ҳамон вақт аҳд кардам ва донори хун ҳастам. Вақте барои хунгирӣ даъват мекунанд, шаб аст ё рӯз, агар хуни ман барои бародари муъминам даркор бошад, ҳозир мешавам.”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Агар хуни ман зарур бошад, ҳозир мешавам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Тиб барои як инсони солим то 65-солагӣ иҷоза медиҳад . ки донори хун бошад. Мусоҳиби мо мегӯяд, агар иҷоза диҳанд, то 70-солагӣ донор хоҳад буд, чун худро сиҳат ва бардам эҳсос мекунад.

Ба донорҳо бар ивази хун пул пардохт намешавад. Ба онҳо баъд аз хундиҳӣ танҳо як бор хӯроки серғизо медиҳанд. Дар Тоҷикистон ба хости дил ва холисона ва бархе барои таҳкими саломатии худ донори хун мешаванд. Табибони маркази хун дар Хуҷанд дар тӯли як сол 4-5 бор хундиҳиро барои таҳкими саломатии инсон ва ҷилавгирӣ аз бемориҳое ба мисли сактаи дилу болоравии фишори хун ва расондани оксиген ба ҷисми инсон муфид медонанд.

Ҳафиза Миробидоваи 61-сола унвони ифтихории “донори дувуми фаъоли Суғд”-ро ба даст овард. Ӯ аз соли 1998 бе подош хун медиҳад. "Бисёр хурсанд ҳастам, ки хуни додаам ҳаёти чандин одамонро наҷот дод ва медиҳад. Ифтихор дорам, ки ба халқи Ватанам бо хунам ёрӣ мерасонам. Ҳоло ман худамро ба мисли ҷавонон сабук ва чолок эҳсос мекунам", - гуфт ӯ.

То соли 2009 хундиҳӣ дар Тоҷикистон пулакӣ буд ва донорҳо бар ивази хун маблағ мегирифтанд. Вале аз соли 2009 дар кишвар барномаи давлатии “Хуни бе подош” қабул гардид, ки сокинонро ба ройгон додани хун ташвиқ мекунад.

Агар афроди бидуни имтиёз пули хунро дода натавонанд, наздиконашон ҳақ доранд, ки дар иваз ҳамон миқдор хун супоранд.

Бино ба иттилои маркази хун дар Хуҷанд, дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни 1 литр хуни инсон аз 71 то 91 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд ва беморон барои хуни гирифтаашон аз рӯи нархнома маблағ пардохт мекунанд. Мирзохалил Наҷминов, мудири бахши Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар Хуҷанд мегӯяд, вале барои иштирокдорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва афроди дорои имтиёзи баробар бо онҳо, бознишастагони дараҷаҳои 1 ва 2, афроди шароити зиндагиашон вазнин, инчунин, дар ҳолатҳои изтирорӣ хуни зарурӣ ройгон ба маҷруҳону беморон дода мешавад.

“Агар афроди бидуни имтиёз пули хунро дода натавонанд, наздиконашон ҳақ доранд, ки дар иваз ҳамон миқдор хун супоранд”, - афзуд ӯ.

Ба қавли мусоҳиби мо, дар ду соли охир шумораи донорони хун дар вилояти Суғд беш аз 2 баробар зиёд шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2016 шаш ҳазор кас дар ин минтақа ба ҳайси донор хун додаанд ва ҳудуди 3 ҳазори онҳо “донори фаъол” маҳсуб меёбанд. Қисмати умдаи онҳо миёнсолон ва ҳудуди 25 дар садашон ҷавонони аз 18 то 30-сола мебошанд. Табибони маркази мазкур ҷавон шудани “донорон”–ро нишонаи огоҳии зиёдтари онҳо назар ба наслҳои пешин аз манфиати хундиҳӣ ба ҷисму ҷони инсон меноманд.

Мудири бахши Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар Хуҷанд гуфт, “солҳои пеш гумон мекарданд, ки бо сӯзанҳои оддӣ хун мегирем ва бим доштанд, вақти хундиҳӣ беморие ба онҳо мегузарад. Аммо солҳои охир маркази мо барои хунгирӣ ва хунгузаронӣ аз сӯзандору ва дигар ашёи тиббии яккарата истифода мекунад. Ин сокинонро ба хундиҳӣ дилгарм кард.”

Мусоҳиби мо афзуд, ташвиқи нафъи хундиҳӣ ба саломатӣ дар миёни сокинон ва баланд шудани маърифати тиббии сокинон солҳои охир боис ба афзудани шумораи донорҳои хун шудааст.

Аз соли 2005-ум бо ташаббуси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 14-уми июн чун рӯзи бахшандагони хун таъйин шудааст. Ин созмони байналмилалӣ ҳадаф гузоштааст, то соли 2020-ум ҳамаи сокинони ҷаҳон аз зарурати бахшиши хун огоҳ шаванд ва хунсупорӣ дар тамоми дунё бепул шавад.

XS
SM
MD
LG