Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба қатл. Дар Душанбе садҳо сагро куштанд. ВИДЕО


Чоҳҳои махсус дар 10-километрии шаҳри Душанбе пур аз ҷасади саг аст. Сагҳои, ба гуфтаи масъулин, бесоҳибу беморе, ки аз хиёбонҳои шаҳр пайдо мешаванд ва ба ҳамин чоҳҳо интиқол меёбанд.

Аслан сагоне, ки бе даҳонбанду гарданбанд ва бе ягон соҳиб дар кӯчаҳо мегарданд, саги дайду ҳисоб мешаванд

Самандар Исмоилов, сокини маҳаллаи наздик ба партобгоҳ, ҳар субҳ ҷасади сагҳоро қабул мекунад. Дар як моҳи ахир ӯ 365 сагро дар дафтараш сабт кардааст, ки аз ноҳияҳои шаҳр ба ин макон оварда шудаанд. Ба қавли Самандар, ба ин ҷо сагҳои ҳалокшударо меоранд. “Онҳоро сабт мекунем. Баъдан ба навбатдори боло занг зада, теъдодашро мегӯем, то дар роҳ сагҳо партофта нашаванд ва ҳамаашон то партовгоҳ бирасанд”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Душанбе садҳо сагро куштанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Масъулияти ҷамъоварии сагҳои бесоҳибу бемор аз хиёбонҳои шаҳрро муассисаҳои истифодабарии роҳи ноҳияҳои пойтахт бар дӯш доранд. Онҳо бо ҷалби гурӯҳи шикорчиён дар рейдҳои махсусе нимашабҳо, аз соати 3-и шаб то 5-и субҳ, замоне ки хиёбонҳо беодаманд, ин сагҳоро боздошт мекунанд. Тибқи қоида сагони боздоштшуда то 3 рӯз дар нуқтаҳои махсусе дар ин муассисаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Баъдан ба гуфтаи Фаридун Раҷабов, муттахассиси Раёсати нигоҳубинии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар сурати пайдо нашудани соҳибонашон онҳоро ба чоҳҳои махсус мефиристанд.

Самандар Исмоилов
Самандар Исмоилов

Фаридун Раҷабов гуфт, “аслан сагоне, ки бе даҳонбанду гарданбанд ва бе ягон соҳиб дар кӯчаҳо мегарданд, саги дайду ҳисоб мешаванд ва барои таъмини амнияти санитариву эпидемиологии аҳолӣ, онҳоро бо дастгоҳҳои махсус боздошт карда, ба ҳамин нуқта меоранд.”

Масъулин дар бораи кушта шудани ҷонварони бесоҳиб ва бо ин роҳ тозаву бехатар кардани шаҳр аз онҳо, ошкор сӯҳбат намекунанд. Аммо дар ин авохир миёни сокинон баҳсу сӯҳбат ва нигарониҳо дар робита ба ҳодисаҳои паррондани сагон ва бераҳмона нобуд кардани ҷонварон зиёд шудааст.

Ба ин ҳам навиштаи чанд шоҳиди чунин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб шуд. Ахиран як гурӯҳ аз сокинони шаҳр ва дӯстдорони ҷонварон барои ҳимоят аз дӯстони чорпои худ гирди ҳам омаданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки бо як муроҷиатномае ба шаҳрдори Душанбе пешниҳод кунанд, то барои ҷонварони бесоҳиб дар шаҳр паноҳгоҳе ташкил шавад.

Парвин Эргашева
Парвин Эргашева

Парвин Эргашева, яке аз ин ҷавонон, рӯзи 6-уми июн гуфт: “Имсол мо шоҳиди муносибати бераҳмона нисбат ба ҷонварон шудем. Махсусан дар кӯчаи Ганҷавӣ гурбаҳо кушта шуданд. Маълум нест, ки аз тарафи кӣ ин кор шуд. Шояд аз ҷониби наврасон. Мо ба мақомот муроҷиат кардем ва нозирон ба ин минтақа рафта, миёни кӯдакон сӯҳбат гузаронданд. Медонем, ки таъсиси паноҳгоҳҳои иҷтимоӣ барои ҷонварон осон нест, аммо умедворем, ин пешниҳод дастгирӣ мешавад.”

Худи Парвин ду гурбаро нигаҳдорӣ мекунад ва мегӯяд, ҷонварон ҳам як узви ҷомеа ҳастанд ва ба дастгирии инсонҳо ниёз доранд. Масъулин мегӯянд, ҳоло ба ҷуз аз интиқоли сагону ҷонварони бесоҳиб ба партобгоҳи берун аз шаҳр, дигар роҳ надоранд ва агар онҳоро берун набаранд, хатари ҳамла ба инсонҳову афзоиши бемории ҳорӣ бештар мешавад.

Хадамоти санитариву эпидемиологии кишвар дар як сол 12 ҳазор ҳодисаи ҳамлаи саг ба инсонро сабт кардааст. Дар як сол то 15 нафар дар пайи газидани сагон мефавтанд.

Сабоҳат Аҳмадбекова, як масъули идораи санитарӣ мегӯяд, аксаран кӯдакон қурбонии рафтори сагони бемор мешаванд. “Чунки онҳо бештар ба сагону ҷонварон наздик мешаванду дӯстдорӣ мекунанд. Онҳо дар бораи хавфи бемориҳои ҷонварон маълумоти кам доранд ва барои ҳамин зиёдтар ба чунин ҳодисаҳо гирифтор мешаванд”, - афзуд ӯ.

Алихон Латифӣ
Алихон Латифӣ

Ба қавли мутахассисон, аксаран дар сар задани чунин ҳодисаҳо ҳам худи одамон гунаҳкоранд, чун дар нигаҳбонии ҷонварон бемасъулиятӣ мекунанд. Алихон Латифӣ, муассиси торнамои “Даҳмарда”, ки дар бораи сагҳои чӯпонӣ дар Тоҷикистон пажӯҳиш мекунад, гуфт, бархе мисли бозича як муддат ҷонварро бо худ мегиранду баъдан онро дар кӯча мепартоянд. Ҳамин гурӯҳи сагҳои дур аз назорат баъдан, ба гуфтаи ӯ, ба манбаи хатар дар ҷомеа табдил меёбанд. “Бадбахтӣ ҳамин аст, ки сагро мехаранд ва баъди чанде дар дилашон мезанаду мепартоянд. Афзоиши сагони дайду ҳам маҳз аз ҳамин ҷо сар мешавад, на аз таваллуди як саг дар кӯча”, - гуфт Латифӣ.

Дар чанд соли ахир дар хиёбонҳои Душанбе шумори сагҳои бузургҷусса ҳам зиёд ба назар мерасанд, ки бо ресмонҳои дароз ва бе даҳонбанд маъмулан шабонгаҳ сайругашт мекунанд. Масъулин мегӯянд, онҳое, ки масъулияти нигаҳбонии ҷонваронро ба дӯш мегиранд, бояд тамоми қоидаҳои бехатарии нигаҳдориро ҳам риоя кунанд ва сари вақт эм карда шаванд.

“Хоҳиш мекунем, ки ҳатман эм кунанд. Ин ҳам барои худи хонаводае, ки дар он сагу гурба аст хуб аст, ҳам барои тамоми мардуми гирду атроф. Оилаҳои зиёд дар хона гурба доранд ва намедонанд, ки аз гурба фарзандон метавонанд ба бемориҳои мухталиф сироят ёбад. Барои ин, бояд ҳатман онҳоро сари вақт аз назорати пизишк гузаронд”, - гуфт ӯ.

Барбос, саги яксолаи Муҳаммадҷон Шоев, як сокини Рӯдакӣ, дар чанд моҳи ахир бори саввум аст, ки аз назорати байторҳо мегузарад ва сари вақт зидди ҳар гуна беморӣ эм мешавад. Муҳаммадҷон мегӯяд, барои солимии хонаводаву фарзандонаш, ки бо ин дӯсти ҷонварашон одат кардаанд, зарур медонад, ки ҳар бор Барбосро аз назорати пизишкони байтор гузаронанд.

Чоҳе, ки сагҳои мурдаро ба онҷо мепартоянд
Чоҳе, ки сагҳои мурдаро ба онҷо мепартоянд

Пизишкони байтор аз таваҷҷӯҳи Муҳаммадҷон нисбат ба бехатарии сагаш тавсиф мекунанд ва мегӯянд, агар соҳибони ҳама сагҳо дар кишвар мисли ӯ дар баробари дӯстони ҷонварашон масъулият эҳсос мекарданд, хатари сагҳо ба одам ва муносибати бераҳмонаи инсонҳо нисбати ин ҷонварон аз байн мерафт.

Алихон Латифӣ, коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист, ки бовар дорад, бемасъулиятии инсонҳо боис ба афзоиши сагони дайдуву ҳорӣ мешавад, мегӯяд, ин мушкил дар тамоми ҷаҳон аст. Кишварҳо ҳам барои рафъи он аз роҳҳои мухталиф кор мегиранд. Дар бархе аз гӯшаҳои ҷаҳон бо ташкили парваришгоҳҳо ба ин мушкил расидагӣ мешавад ва дар бархе дигар ба воситаи ҷарроҳӣ онҳоро безурёт ва бо ин роҳ пеши роҳи афзоиши сагони дайдуву беморро мегиранд.

Мудофеони ҳуқуқи ҷонварон мегӯянд, ғамхорӣ дар ҳаққи сагу гурба ва ҳар ҷонвари дигар дар хона айнан мисли нигоҳубини фарзанди инсон аст, ки меҳру муҳаббат ва масъулияти ҷиддӣ металабад. Дар ин сурат ин ҷонварон, ки онҳоро дӯсти одамизод меноманд, ба инсон хизмати шоиста хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG