Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Розҳои сар ба муҳри" боздошти кормандони Оҷонсӣ. Чаро чизе намегӯянд?


Давлатбек Хайрзода
Давлатбек Хайрзода

Гузашти тақрибан ду моҳ аз боздошти пурсарусадои баъзе муфаттишон ва собиқ мақомдорони баландпояи Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон пардаро “аз ин роз” набардошт. На мақомоти қудратӣ ва на пайвандони боздоштшудаҳо дар робита ба ин қазия намехоҳанд, ки бо матбуот сӯҳбати муфассалу ошкоро дошта бошанд.

Дар Чӯянгарон, дар манзили наздикони Давлатбек Хайрзода

Аммо сукути тӯлонии мақомот дар робита ба ин қазияи пурсарусадо ва боздоштҳои дигар дар миёни соҳибназарон фарзияҳои зиёдро халқ кардааст.

Боздиди хабарнигорони Радиои Озодӣ аз манзили зисти Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар деҳаи Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдат барои суҳбат бо пайвандонаш низ бенатиҷа буд.

Раҳимбек Хайров – бародари Давлатбек Хайрзода – дар як дидори хеле кӯтоҳ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ бо зикри онки “иттилоъ дар мавриди сарватҳои бародараш дурӯғ аст” ва “расонаҳое, ки иттилои носаҳеҳ пахш кардаанд, ҷазо мебинанд” нахост дар робита ба қазияи бародараш ҳарфи бештар гӯяд. Ин боздиди хабарнигорон охири ҳафтаи равон сурат гирифт.

Сукути тӯлонӣ, фарзияҳои зиёд

Мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи боздошти Давлатбек Хайрзода, таҳқиқи парвандаи ӯ ва замони ба додгоҳ ирсол шудани он чизе намегӯянд. Қаблан Қутбиддин Хайров, бародари Давлатбек Хайрзода, боздошти бародарашро тасдиқ карда ва гуфта буд, ки ӯ худро бегуноҳ мешуморад ва зоҳиран дар ин қазия нофаҳмие сурат гирифтааст.

Аммо сукути тӯлонии мақомот дар робита ба ин қазияи пурсарусадо ва боздоштҳои дигар дар миёни соҳибназарон фарзияҳои зиёдро халқ кардааст.

"Ҳатто наздикони наҳзатиҳо чунин хомӯш набуданд"

Тааҷҷуби соҳибназарон бештар аз он аст, ки ҳатто дар замони боздошти аъзои Ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба терроризм айбдор шуданд, хешовандони онҳо бо расонаҳо ҳамкорӣ карда, тавассути пахши иттилоъ хостори кумак мешуданд. Мақомот низ ба навбати худ дар бораи боздошти ин афрод ва айбҳояшон гузоришҳо медоданд. Ҳоло бо гузашти тақрибан ду моҳ дар бораи боздоштшудаҳои Оҷонсии зиддифасод касе чизе намегӯяд.

Амнияти Абдуназар
Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдуназар, коршиноси тоҷик, рӯзи 17-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки хешовандони мақомоти боздоштшудаи Оҷонсии мубориза бо фасод мехоҳанд, “аз роҳҳои дигар ба онҳо кумак кунанд”. Ӯ гуфт, “инҳо худ бо фасодкорӣ мубориза мебурданд ва зоҳиран хешовандонашон мехоҳанд, ки аз роҳи фасод барои раҳоии онҳо кумак кунанд. Танҳо ин амр метавонад, сабаби худдории наздикон аз ҳамкорӣ бо расонаҳо бошад.”

"Мабодо ҳарфи гуфтаам дарди сар нашавад?"

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносон, хомӯшии мақомот дар баёни назари расмӣ ба матбуот пайвандони боздоштшудаҳоро низ ба маротиб эҳтиёткор кардааст. Пайвандон аз хавфи “мабодо ҳарфи гуфтаам, боис ба хашми мақмот ва печидатар шудани қазия” аз ҳама гуна суҳбат бо расонаҳо худдорӣ меварзанд.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боздоштҳои ахири марбут ба мубориза бо фасод, ки умдатан аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ анҷом шудаанд, худсонсурӣ дар миёни ҷомеаро афзоиш додааст. Зеро, ба қавли ӯ, “ҳам мақомот ва ҳам хешовандони боздоштшудаҳо аз эҳтимоли таъқиб тарс доранд.”

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомиву амниятӣ дар бораи ин боздоштҳо иттилои кофиро дар ихтиёри расонаҳо намегузоранд ва хабарнигорон водор мешаванд зарра-зарра иттилои пайдокардаи худ аз ҳар роҳҳоро нашр кунанд.

1, 2, 3... Чанд нафар боздошт шуд?

Ахиран гузориш шуд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон Хуршед Ҷабборзода, як мақоми баландпояи Додситонии кулл ва дар гузашта корманди Оҷонсии зиддифасодро низ дар доираи ин боздоштҳо дастгир кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ ду ҳафтаи пеш аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудааст.

Чӯянгарон, ноҳияи Ваҳдат
Чӯянгарон, ноҳияи Ваҳдат

Бар асоси иттилои манобеи ғайрирасмӣ, ҳоло ҳафт корманди собиқи Оҷонси мубориза бо фасод дар боздошт қарор доранд. Ҳарчанд мақомот боздошти чанде аз кормандони собиқи ин ниҳодро тасдиқ карданд, вале ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд.

Иддаои волидони Фирӯз Холмуродзода

Зимнан, Оҷонсии мубориза бо фасод дар як номаи хаттӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ ошкор шудани “миллионҳо доллар ва халтаҳои тилло” аз манзили боздоштшудаҳоро рад карда буд. То кунун танҳо волидони Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши боздоштшудаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, бо Радиои Озодӣ бидуни зикри нома ва сабти видеоӣ дар бораи вазъи фарзандашон суҳбат карданд. Онҳо ҳафтаи гузашта иддао карданд, ки Фирӯз Холмуродзода дар рӯзҳои аввали боздошт ба хотири эътирофи гуноҳ гӯё шиканҷа шудааст.

XS
SM
MD
LG