Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев: Президенти ҷавон ба мо лозим аст ё ба Қазоқистон? ВИДЕО


Президенти Қирғизистон як ҳафта пеш аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар мақомоти баландпояи Қазоқистонро шадидан интиқод кард. Вазорати хориҷаи Қазоқистон ва баъдан нахуствазири ин кишвар дар посух ба изҳороти Алмосбек Отамбоев ӯро дар “бемасъулиятӣ ва рафтори таҳрикомез” муттаҳам намуданд.

Рӯзи 7 октябр дар қасри Ало Арча – қароргоҳи президенти Қирғизистон маросими ҷоизасупорӣ ба мақомот ва рӯшанфикрони ин кишвар

Номзади калонсолтарини мо 20 сол ҷавонтар аз Назарбоев аст. Ман 16 сол ҷавонтарам. Президенти ҷавон ба кӣ бештар зарур аст – ба мо ё Қазоқистон?

баргузор шуд. Дар ин маросим Алмосбек Отамбоев ба 150 нафар нишону ҷоиза ва ташаккурномаҳо тақдим карда гуфт, ки умедвор аст, охирин ҷаласа бо ширкати президент Отамбоев дар хотири онҳо нақш хоҳад баст.

Вале зоҳиран на ҷоизаҳо, балки изҳороти тунди Отамбоев дар бораи бархе муддаиёни курсии президентӣ ва ҳам раҳбари кишвари ҳамсоя – Нурсултон Назарбоев он чизест, ки бисёрҳо аз мулоқот бо президент дар ёдҳо мегиранд.

Қазоқистон ба президенти ҷавонтар ниёз дорад?

Алмосбек Отамбоев зимни натиҷагирӣ аз маросими ҷоизасупорӣ ба таври ҷудогона ба мавзӯи номзадҳои интихоботӣ ва раҳбарияти Қазоқистон муроҷиат кард. Вай гуфт, ки раҳбарияти кишвари ҳамсоя ва сармоядорон ё олигархҳои ин кишвар талош доранд ба интихоботи Қирғизистон таъсир гузоранд. Илова ба ин, ба гуфтаи ӯ, бархе мақомоти Қазоқистон президенти барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва афроди ӯро пуштибонӣ мекунанд. Отамбоев, аз ҷумла, гуфт:

«Онҳо (бархе мақомоти Қазоқистон) ҳанӯз ҳам Боқиевро дӯст медоранд. Боқиевҳо дар Қазоқистон ҷашнҳои худро таҷлил мекунанд. Ман ҳатто аз баъзе афроди баландпоя дар Қазоқистон шунидаам, ки «Боқиевҳо дуруст карданд, ки ба сӯи мардум тир холӣ карданд».

7 ноябри соли 2014 Назарбоев ба Отамбоев ордени "Дӯстӣ"-и дараҷаи 1-ро тақдим кард
7 ноябри соли 2014 Назарбоев ба Отамбоев ордени "Дӯстӣ"-и дараҷаи 1-ро тақдим кард

Отамбоев дар идома ба вазъи иқтисодии Қазоқистон рӯ овард ва бо киноя гуфт: «Нурсултон Абишевич мегӯяд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Алмаато аз ММД-и Қирғизистон панҷ баробар бештар аст. ММД-и Қазоқистон бист баробар бештар назар ба тамоми Қирғизистон аст. Даромади миёнаи як шаҳрванди Қазоқистон даҳ баробар бештар аз Қирғизистон аст.

Вале чаро мизони нафақа на даҳ баробар, балки якуним баробар бештар аст? Чаро таруфаҳо дар он ҷо панҷ баробар бештаранд? Чунки дар Қазоқистон сарват ғорат мешавад. Ва ин сарват на ба фоидаи мардуми Қазоқистон аст. Вале мо намунаи бади ибрат ҳастем. Отамбоев намунаи бад даст. Отамбоев намунаи қудрати боадолат аст. Зиндагии мардуми вилояти Талас аз зиндагӣ дар Қазоқистон бад нест. Агар даромади ҳар сокини мо даҳ баробар бештар бошад, нафақа ҳам ҳамингуна даҳ баробар бештар мешуд. Чунки дар кишвари мо ҳаргуна олигархҳои мисли Утемуратов (Булат Утемуратов), ки барои таъзим ба наздаш бабановҳову сариевҳову дигарҳо мераванд, имкони сарватманд шудан надоранд».

Отамбоев инчунин аз мулоқоти президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо номзади президентӣ Омурбек Бабанов дар моҳи сентябр интиқод кард. Дар паи ин мулоқот Назарбоев гуфт, ки интихоби раиси нави ҷумҳуриро пуштибонӣ мекунад:

«Номзади калонсолтарини мо 20 сол ҷавонтар аз Назарбоев аст. Ман 16 сол ҷавонтарам. Президенти ҷавон ба кӣ бештар зарур аст – ба мо ё Қазоқистон?»

Остона: Суханҳои Отамбоев бемасъулиятона буд

Худи он рӯз вазорати хориҷаи Қазоқистон бо пахши изҳороте ба суханҳои Алмосбек Отамбоев посух дод ва ҳарфҳои президенти Қирғизистонро «бемасъулиятона» хонд.

«Изҳори итминон дорем, ки изҳороти бемасъулиятона, таҳрикомез ва дурӯғини президенти Қирғизистон, ки бо ҳадафи таъсиргузорӣ ба интихобот карда шудаанд, ба робитаҳои дӯстонаи бисёрсолаву кӯмакҳои мутақобилаи кишварҳои мо осебе намерасонанд. Ҷониби Қазоқистон тарафдори рушди робитаҳои суннатии бародарона бо мардуми Қирғизистон аст», омадааст дар номаи эътирозии Остона.

Хабари мулоқоти Омурбек Бабанов, рақиби калидии номзади ҳукуматӣ дар интихоботи Қирғизистон бо президент Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 сентябр дар вебсайти расмии президенти Қазоқистон нашр шуд. Бишкек аз ин хабар ба хашм омад ва рӯзи 20 сентябр ба вазорати хориҷаи Қазоқистон як нотаи эътирозӣ ирсол кард. Худи Бабанов гуфт, ки дидори ӯву Назарбоев чизи баде надорад ва худи ӯ ҳам қонунро вайрон накардааст.

Рӯзи 6 октябр дар вебсайти шабакаи Youtube сабти аудиоии ду нафар пахш шуд, ки садоҳояшон ба номзадҳои интихоботии Қирғизистон Темир Сариев ва тоҷири қазоқ Булат Утемуратов шабоҳат дорад. Шахсе, ки садояш ба Сариев монанд аст, ба соҳибкори қазоқ пешниҳод кардааст, ки бо ӯ мулоқот кунад. Дар сабти ин навор гуфта мешавад, ки ин сӯҳбат охири моҳи сентябр анҷом шудааст.

"Сӯҳбатҳо рабте ба сиёсат надоранд"

Сухангӯи Сариев Назира Ахмедова гуфт, ки маълум нест сӯҳбати Утемуратову сиёсатмадори қирғизро кӣ ва кай дар Интернет ҷой додааст:

“Ин ҳама сӯҳбатҳо ба сиёсати Қирғизистон ваё интихобот ҳеҷ рабте надорад. Ҷонибҳо масъалаҳои хусусиро баррасӣ мекунанд, ки ҳеҷ рабте ба сиёсат надорад. Аз ин хотир мо онҳоро шарҳу тавзеҳ намедиҳем”.

Булат Утемуратов
Булат Утемуратов

Булат Утемуратов президенти Федератсияи тенниси Қазоқистон аст. Дар гузашта дар вазифаҳои баланди маъмурияти перзидент ва дар мақоми мушовири президент ҳам кор кардааст. Соли 2016 ӯ дар садри феҳрасти сарватмандтарин тоҷирони Қазоқистон ҷой гирифт.

Интихоботи президенти Қирғизистон 15 октябр баргузор мешавад. Расман 13 номзад довталаби курсии президентӣ шуданд, вале дар ниҳоят ду нафар номзадии худро бозпас гирифтанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG