Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: "Мини-юбка беҳтар аз камарбанди маргталаб аст!"


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, гуфт, ки дин бояд аз давлат ҷудо бошад ва набояд гузошт, ки мазҳаб ба умури давлат мудохила кунад. Ин ҳарфҳоро раҳбари Қирғизистон рӯзи 1 август дар мулоқот бо журналистон дар Чолпонота баён кард ва гуфт, "кишварҳое, ки ба ин чиз роҳ доданд, бебандубор шуданд".

Ӯ гуфт, ки шунидааст, баъзе аз рӯҳониён ва раҳбарони мазҳабӣ ба фаъолиятҳои сиёсӣ пардохта ин ё он ҳизби сиёсиро таблиғ мекунанд. Отамбоев гуфт, дар мулоқот бо яке аз раҳбарони ҳизбҳои мухолифин Қанат Исоев, раҳбари ҳизби "Қирғизистон" ӯ гуфта буд, ки яке аз сармоягузорони ҳизбаш арақ истеҳсол мекунаду дигараш ҳоҷӣ аст.

Отамбоев гуфт, дарди сахттарини ҷаҳони имрӯз терроризм аст ва аз ин хотир, ба эътимоди ӯ, ҳеҷ кас ё давлате ҳақ надорад ба Қирғизистон мазҳаб, либос ва ё тафаккури бегонаро бор кунад.

Дар изҳороти эҳсосотии худ президент Отамбоев гуфт: ​"Аз солҳои 1950-ум занон дар Қирғизистон мини-юбка мепӯшанд, вале ҳеҷ кадомаш то ҳол тасмаи маргталабро набаста ва касеро натаркондааст. Беҳтараш бо мини-юбка гарданду касеро натарконанд. Бигузор мӯзаро дар сарашон пӯшида гарданду одамонро натарконанд. Ин дин не, ин худо медонад чӣ аст."

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки дар Қирғизистон, мисли дигар кишварҳои ҳамсоя, ақидаҳои исломӣ рӯ ба густариш овардааст ва яке аз нишонаҳои он – сару либоси мазҳабии баъзе занон аст. Таваҷҷӯҳи бархе аз занон ба пӯшидаи ҳиҷобу рӯсарӣ дар ҷомеаи суннатан модерни Қирғизистон, ки худро меросбари фарҳанги Манасу Шаманизм ё рӯҳпарастӣ муаррифӣ мекунанд, суннатгароҳоро дар ташвиш гузоштааст.

Ахиран дар хиёбонҳои шаҳри Бишкек таблоҳои таблиғотии зиддимазҳабӣ пайдо шудаанд, ки занҳои маҳаллиро аз пӯшидани либоси исломӣ ҳушдор медиҳанд ва ёдовар мешаванд, ки ин либос бегона ба фарҳанг ва урфу одатҳои ин мардум аст.

XS
SM
MD
LG