Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мазори Шариф чӣ гузашт? САДО


Атомуҳаммади Нур, волии қудратманди Балх дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ хитоб ба мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҳаниф Атмар ва раҳбари раёсати амнияти миллии он кишвар Маъсум Станакзай гуфтааст, "бо тарҳҳои тавтиаомез, Балхро, ки аз амният ва оромиши нисбӣ бархӯрдор аст, ноором насозед."

Волии Балх ҳамзамон бо нашри ин суханон, чанд акс аз Муҳаммад Осифи Муҳманд, як узви Шӯрои вилояти Балхро низ пахш кард, ки нишон медиҳад ин вакили шӯрои вилоятӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт шудааст ва дар даст завлона дорад.

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи "Устод Ато" маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд хизмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар Афғонистон ба шумор меравад.

Дар муқобил Қодир Шоҳ, сухангӯи мушовирати амнияти миллии Афғонистон дар посух ба ин изҳороти Атомуҳаммади Нур дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, "волии муҳтарами Балх дар расонаҳои иҷтимоӣ дар мавриди амнияти Балх изҳороте доштааст. Дафтари Шӯрои амнияти миллӣ ин изҳоротро комилан беасос мехонад ва назари ниҳоии хешро баъд аз такмили таҳқиқоти ҳамаҷонибаи ниҳодҳои ҳифзи қонун, иброз хоҳад кард."

Ин радду бадалҳо миёни волии Балх Атомуҳаммади Нур маъруф ба "Устод Ато" ва мақомоти амниятӣ дар Кобул дар пасманзари боздошти як вакили паштунтабори Шӯрои вилояти Балх бо номи Муҳаммад Осиф Муҳманд, сурат гирифт. Тарафдорони Атомуҳаммади Нур мегӯянд, ки ин як амали тарҳрезишуда буд ва доираҳое дар Кобул мехоҳанд, ки пойи волии Балхро ба моҷаро бикашонанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00
Линки мустақим

"Муҳманд бо дастури додситонӣ боздошт шуд"

Мунир Фарҳод, сухангӯи волии Балх ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби душанбе ба сешанбе вақте Муҳаммад Осиф Муҳманд, узви Шӯрои вилоятии Балх аз Кобул ба фурудгоҳи ин вилоят расид, бар асоси дастури Додситонии куллии он кишвар, аз сӯи пулис боздошт шуд. Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни боздошти ин узви Шӯрои вилоятӣ, бархе аз афроди мусаллаҳи ғайримасъул вориди фурудгоҳи Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ шуданд ва дар даргириҳо ду муҳофизи фармондеҳи амният низ захм бардошт.

Муҳаммад Осиф Муҳманд.
Муҳаммад Осиф Муҳманд.

Вай гуфт, "дар дохили фурудгоҳ барои боздошти оқои Муҳманд худи фармондеҳи амният вазифадор шуда буд ва мушаххасан дар дохили терминали фурудгоҳ ва толори умумӣ худи фармондеҳи амният дохил шуда буд. Мо акс ва санадҳо ҳам дорем, ки дар бархӯрди физикӣ ду муҳофизи фармондеҳи амният захмӣ шудааст."

Оқои Фарҳод вуруди муҳофизони Атомуҳаммади Нур барои боздошти Муҳаммад Осиф Муҳманд дар дохили фурудгоҳро рад кард, аммо гуфт, ки бархе аз муҳофизони волии Балх пас аз оғози даргириҳо, барои кӯмак ба пулис, ба берун аз фурудгоҳ рафта буданд.

Собиқаи ихтилоф миёни Нур ва Муҳманд

Тибқи гузориши бархе расонаҳо, ихтилоф миёни Осиф Муҳманд, узви Шӯрои вилоятӣ ва Атомуҳаммади Нур, волии қудратманди Балх аз қабл вуҷуд дошт. Ба навиштаи шуморе аз расонаҳо, оқои Муҳманд як ҳафта пеш ба Кобул омад ва иддао карда буд, ки санадҳоеро дар бораи фасоди идории волии Балх ва имтиёз додани вай ба наздиконаш, ба додситонӣ ироа хоҳад кард.

Фурудгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Мазори Шариф.
Фурудгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Мазори Шариф.

Муҳманд ҳамчунон иддао карда буд, ки волии Балх мехоҳад вайро террор кунад. Аммо сухангӯи волии Балх мегӯяд, ки пеш аз изҳороти Осиф Муҳманд, дафтари амниятии вилояти Балх номаеро ба ниҳодҳои амниятӣ супурд, ки дар он гуфтааст, ки бархе афроди ношинос мехоҳанд оқои Муҳмандро террор кунанд ва масъулияти онро ба дӯши волии Балх бигузоранд.

Оё Муҳманд латукӯб шуд?

Як манбаи муътабари амниятӣ ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Муҳаммад Осиф Муҳманд дар шаби ҳодиса аз сӯи муҳофизони Атомуҳаммад Нур боздошт ва пас аз он ба амнияти миллӣ супурда шудааст. Манбаъ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир оқои Муҳманд барои ҳифзи ҷонаш, дар идораи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Наҷиб Дониш, сарпарасти дафтари сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон хабар додааст, ки пулис дар боздошти оқои Муҳманд нақше надошт.

Комиссияи ҳақиқатёб мӯйро аз хамир ҷудо хоҳад кард?

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Афғонистон барои баррасии чигунагии -азияи Муҳаммад Осиф Муҳманд ҳукм содир кардааст. Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии куллии Афғонистон рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ номае барои боздошти ин увзи Шӯрои вилоятии Балх аз сӯи ин ниҳод содир нашудааст.

Қаблан Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Атомуҳаммади Нур аз раҳбарони он мебошад, хостори барканории Ҳаниф Атмар, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аз мақомаш шуда буд.
Қаблан Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Атомуҳаммади Нур аз раҳбарони он мебошад, хостори барканории Ҳаниф Атмар, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аз мақомаш шуда буд.

Ба гуфтаи вай, бар асоси ҳукми раиси ҷумҳур, ҳайате ба раёсати яке аз муовинони Додситони кул, намояндагони вазорати дохила, адлия, амнияти миллӣ ва идораи мустақили ниҳодҳои маҳаллӣ вазифадор шудаанд, ки ин ҳодисаро баррасӣ кунанд. Абдулҳабиб Ҷабборхел, раиси тафтиши дохилии Идораи мустақили ниҳодҳои маҳаллии Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита ба ин қазия, таҳқиқот оғоз шудааст.

Иддаои наздикони Осиф Муҳманд

Аъзои хонаводаи Муҳаммад Осиф Муҳманд иддао кардаанд, ки ин вакили Шӯрои вилоятии Балх баъд аз боздошташ мавриди латукӯби наздикони Атомуҳаммади Нур қарор гирифта ва сипас ба идораи амнияти миллӣ интиқол дода шудааст. Аммо Мунир Фарҳод, сухангӯи волии Балх ин иддаоҳоро шадидан рад кард.

Устод Ато кист?

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи "Устод Ато" маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон буд хизмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад.

Вай соли 1964 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11-соларо дар он ҷо хатм кард. Соли 2008 дипломи бакалаври донишгоҳи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст.

Атомуҳаммади Нур дар тобистони соли 2012 дар Академияи улуми Тоҷикистон рисолаи илмиашро дар риштаи иқтисод дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии иттилооти тиҷорат» таҳти раҳбарии Муҳаммад Хонов, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, ҳимоят кард.

Атомуҳаммади Нур аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон буда, аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд.

XS
SM
MD
LG