Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе аксари марказҳои букмекериро бастанд. САДО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дари аксари марказҳои букмекерӣ дар Душанберо бастааст. Масъулини ВКД мегӯянд, марказҳои букмекерӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя накарданд ва то ислоҳи камбудиҳо дарашон баста боқӣ хоҳанд монд. Мақомот ҳамчунин мегӯянд, назорат аз болои нуқтаҳои ҷамъшавии ҷавонону наврасон баъди муноқишаи ҷавонон дар як интернет-кафе, ки бо марги 2 нафар анҷомид, тақвият ёфтааст.

Дари баъзе аз марказҳои букмекериро бастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00
Линки мустақим

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 2 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи як рейди кормандони хадамоти оташнишонӣ дар марказҳои букмекерӣ, чандин камбудиҳоро ошкор карданд. Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ мегӯяд, “ҳар вақте камбудиро бартараф кунанд, боз мешаванд. Қаблан низ интернет-кафе ва марказҳои букмекерӣ зери назорат буданд, зеро мо бояд донем, ки ҷавонон ба чӣ корҳои машғуланд.”

Масъулини вазорати дохилӣ мегӯянд, марказҳои букмекерӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя накарданд ва то ислоҳи камбудиҳо, дарашон баста боқӣ хоҳанд монд.

Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин гуфт, баъд аз ҳодисаи муноқишаи ҷавонон дар оғози моҳи январи соли равон, назорат аз болои маконҳои ҷамъшавии ҷавонону наврасон пурзӯр карда шуд. Аммо Умарҷони Эмомалӣ гуфт, дар дасти онҳо иттилое дар заминаи эҳтимоли сар задани муноқиша дар миёни ҷавонони муштарии марказҳои букмекерӣ вуҷуд надорад.

Марказҳои букмекерӣ асосан шабона фаъолият мекунанд ва ҷавонони зиёде дар онҷо ҷамъ шуда, мусобиқаҳои варзиширо мустақиман тамошо мекунанд. Ҳамакнун аз як ҳафта ба ин тараф дари аксари марказҳои букмекерӣ дар шаҳри Душанбе баста мебошанд. Масъулини марказҳо нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд ва танҳо пушти дарашон навиштаанд, ки муваққатан фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Аммо на ҳама ҷавонон тарафдори бастани дари марказҳои букмекерӣ ҳастанд. Суннатулло Ҳасанов, як муштарии ин марказҳо мегӯяд, бо дӯстонаш дар вақтҳои холӣ ба ин маконҳо меомаданд ,то ҳам футбол тамошо кунанд ва ҳам барои пешгӯии натиҷаҳои бозӣ тими дӯстдоштааш маблағ гузорад ё қиморбозӣ кунанд. Суннатулло мегӯяд, “дар ин марказҳо қариб кӣ пул кор кардан намешавад. Маблағи бурд ва бохташ қариб баробар аст. Барои ман ин як кайфият дорад, аммо барои аксар ҷавонон ин як ломка аст. Одамоне ҳаст, ки пули зиёд бой медиҳанд.”

“Марказҳои букмекерӣ ба ҷойи китобхона ва театр”

Коршиносон мегӯянд, дар як соли ахир марказҳои букмекерӣ ва интернет-кафеҳо макони таҷаммӯи ҷавонон шудааст. Ба гуфтаи равоншиноси тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров, “таъсиси марказҳои букмекерӣ барои мардуми оддии мо ҳанӯз барвақт аст. Бояд талаботҳое гузоранд, ки одамҳое, ки ба ин талаботҳо ҷавоб намедиҳад ба марказҳои букмекерӣ роҳ дода нашаванд. Масалан, ӯ бояд пухтагии иҷтимоӣ дошта бошад, бекор набошад ва як даромади хубе низ дошта бошанд. Ҳадди ақал бояд масъулини марказҳои букмекерӣ донанд, ки зиндагии ӯ хуб аст.”

Ҷаноби Кабиров мегӯяд, ҳоло дар назди ӯ ҷавоне аз "дард"-и гирифтор шудан ба бозиҳои букмекерӣ, "табобат" мегирад. Ин равоншиноси тоҷик таъкид мекунад, ки мушкилиҳои иҷтимоии ҷомеа ҷавонони тоҷикро ба сӯи марказҳои букмекерӣ мекашад.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик.
Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик.

Ба гуфтаи ин равоншиноси тоҷик, «ҷавонҳои мо аз тиҷоратҳои асри 21 дарак надоранд. Вақте онҳо тиҷоратҳои анъанавиро намедонанд ва ё бо маош зиндагӣ кардан наметавонанд, ба ин чиз дода мешаванд ва мехоҳанд даромади осон ба даст оранд. Вале вақте пулашонро бой медиҳанд, ин чиз ба эҳсосоти онҳо таъсири манфӣ меорад, мехоҳанд онро ҷуброн кунанд. Боз мераванд ва ба вобастагии равонӣ гирифтор мешаванд. Барои ҳамин, ба ҷавонон роҳҳои гуногуни даромадро нишон додан лозим аст, то онҳо тавонанд аз ин чизҳо эмин бошанд.”

Дар Тоҷикистон наздики 50 ширкати букмекерӣ ё худ шартбандиҳо фаъолият мекунад. Соли гузашта ин ширкатҳо наздик ба 10 миллион сомонӣ ба буҷа андоз супурдаанд. Марказҳои букмекерӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле пайдо ва шумораашон бештар шудааст, ки соли 2009 бо тағийри моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон “ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ”, дар кишвар баста шуданд.

XS
SM
MD
LG