Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳизби куҳансолон" ба ҷавонон рӯй овардааст


Яке аз анҷуманҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз анҷуманҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯянд, ки бо ҳадафи ҷон бахшидан ба фаъолияти дуввумин ҳизби бузурги кишвар, дар як соли ахир садҳо ҷавонро ба сафи худ ҷалб кардаанд. Раҳбарони ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то кунун 600 нафар ва аксаран ҷавонони аз 18-сола боло, бо майли худ ба Ҳизби коммунист шомил шудаанд.

600 ҷавони суғдӣ дар сафҳои ҲКТ дар як сол

Қурбонгул Мирзоева, раҳбари созмони Ҳизби коммунист дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар як соли ахир 600 ҷавони суғдӣ ба хости худ ба ҳизб пайвастанд", вале дар байни онҳо ҳамчунин афроде ҳастанд, ки аз 40 то 50 сола ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷавононро на бо ваъдаи мақому мансаб, балки шиорҳо тавонистаанд ба сафи ҳизбе ҷалб кунанд, ки онро дар Тоҷикистон ҳизби “куҳансолон” ва ё бознишастаҳо, меноманд.

Синни аксари коммунистҳои тоҷик аз 60-70 боло аст ва фаъолияти густарда дар ҷомеа надоранд.

“Мо наметавонем ба аъзои нав ваъдаи мансаб ё мақомеро диҳем. Вале мо ба онҳо ғояҳои ҳизбамонро, ки ҳимоят аз ҳуқуқи меҳнаткашон аст, фаҳмонидем ва онҳо барои дохил шудан ба сафи мо ҳавасманд шуданд. Мо имрӯз бо ҳар нафаре, ки узви Ҳизби коммунистӣ шудан мехоҳад, ба таври инфиродӣ кор бурда истодаем”- гуфт Қурбонгул Мирзоева. Баъди ҷалби нерӯи ҷавон ба гуфтаи намояндагони ҳизб, қадами баъдӣ фаъолияти бештар ва роҳ ёфтан ба порлумони кишвар аст.

Донишҷӯён дар сафҳои ҲКТ

Муҳаммадҷон Алибоев, донишҷӯи соли дуюми Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон ҳамин сол ба Ҳизби коммунистӣ шомил шудааст. Ӯ мегӯяд, хостори “баробарҳуқуқӣ” ва “зиндагии баробари мардум” аст ва ҳамин чиз танҳо дар барномаи Ҳизби коммунистӣ содда ва равшан сабт шудааст ва барои ҳамин, ба сафи коммунистҳо пайваст.

"Ман мехоҳам, ки ҳама одамон бо ҳам муносибати баробар дошта бошанд. Масалан, як ҳамсоя “ман раис” гуфта, худашро аз ҳамсояаш боло нагирад. Ногап шуданҳо ва баҳсу ҷанҷолҳо байни мардум, аз ҳамин нобаробарӣ сар мезанад", - афзуд вай.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мухлиса Ҳайдарова, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон -- яке дигар аз коммунистҳои ҷавону пайрави ақидаҳои Ленин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шиори ҳизби онҳо чизест, ки аксарият дар Тоҷикистон мехоҳанд: "Ҳамаи ҷавонон бо кор таъмин бошанд, маоши хуб гиранд. Мардикорӣ нарафта, дар ватан ҳам зиндагии худро пеш баранд."

Азбаски дар Тоҷикистон пайдо кардани ҷои шуғли муносиб мушкил аст, ҳамасола ҳудуди 1 миллион нафар барои кор ба Русия мераванд. Бо вуҷуди огаҳӣ аз шиорҳои коммунистон, ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз гузаштаву таърихи ҳизбашон огоҳии сатҳӣ доранд.Танҳо медонанд, ки ин ҳизб барои падару модарони онҳо ҷомеае бо имконоти хуби зиндагии ором ва бидуни машаққати корёбиву муҳоҷирати корӣ сохта буд.

Кашмакашҳои гузаштаи ҲКТ

То соли гузашта Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки “ҳизби куҳансолон” – аш меноманд, гирифтори баҳсҳои дохилии худ буд, чӣ расад ба ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ. Ҳизби коммунистӣ пас аз ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ дуюмин ҳизби бузурги сиёсӣ дар Тоҷикистон аст ва тақрибан 35 ҳазор узв дорад.

Ҳизби коммунист дар интихоботҳои қаблӣ ҳамеша ҳадди ақал 2 курсии порлумонро соҳиб мешуд, вале дар интихоботи соли 2015 ноком монд ва садди 5 дарсадиро убур накард. Ба коммунистҳо 87 ҳазору 112 нафар ё 2,3 фисади интихобкунандаҳо овоз доданд ва ҳамин тариқ, ҲКТ аз рӯйхати ҳизбӣ ба порлумон роҳ наёфт.

Вале ду намояндаи ҳизб Иброҳим Абдуллозода ва Ҷаббор Аҳмадов аз ҳавзаҳои инфиродии Истаравшан ва Бобоҷон Ғафурову Бӯстон соҳиби курсӣ дар порлумон гардиданд. Коммунистҳо дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд як намоянда ва дар бисёре аз маҷлисҳои маҳаллӣ намояндагони худро доранд.

Синни аксари коммунистҳои тоҷик аз 60-70 боло аст ва фаъолияти густарда дар байни ҷомеа надоранд. Сарони коммунистҳои Суғд мегӯянд, ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ ба он хотир ҳам ҳаст, ки ҷойгузин омода кунанду ҳизбро нигаҳ доранд.

Масъулони ин ҳизб мегӯянд, ки айни замон ихроҷи кӯҳансолоне, ки ба ҳизб содиқ набуданд, идома дорад. Ба қавли Қурбонгул Мирзоева, раҳбари коммунистҳои Суғд, онҳо 3 ҳазор коммунистҳои собиқадорро аз ҳизби худ ихроҷ кардаанд, чун онҳо "солҳои охир робитаашонро бо ҳизб қатъ карданд ва ё муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд."

Чӣ ҷавононро ба сафи ҲКТ мебарад?

Фарзона Муродӣ, коршиноси маҳаллӣ дар умури ҷавонон мегӯяд, "солҳои охир, ки бо таъсири буҳрони ҷаҳонӣ мушкилоти иҷтимоӣ сангинтар шуд, дар Тоҷикистон хонаводае нест ягон узваш дар муҳоҷирати корӣ набошад. Ин вазъ насли калонсолро дилгир кардааст ва онҳо ба ёдовариву тарғиби давраи шӯравӣ мепардозанд. Ман гумон мекунам, ки ба ҳамин умед бархе ҷавонон ба ҳизби коммунистӣ, рӯ меоранд.”

Аммо ба бовари бархе дигар аз коршиносон, аз он, ки насли ҷавони имрӯза давраи шӯравиро надидаанд ва ба озодиҳои сохтори имрӯзӣ дар Тоҷикистон одат кардаанд, дигар ҷо кардани ақидаҳои коммунистӣ дар зеҳни онҳо имкон надорад.

Аз нигоҳи коршинос Моҳинисо Ҳорисова, дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ ҳизбҳои комунистӣ ҷойгоҳҳои сиёсии худро аз даст дода, худ ба худ аз байн мераванд, дар Тоҷикистон майдони фаъолият барои аҳзоби сиёсӣ, ба ҷуз ҳизби халқӣ - демократӣ, холӣ ба назар мерасад ва дар ин ҳол, ҷалби бархе ҷавонон аз сӯи Ҳизби коммунистӣ, мантиқист.

Вай дар як сӯҳбати худ гуфт: “Чун ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократӣ ва ҲСДТ хеле кам ва хеле суст кор мебаранд, бинобар ин, комунистҳо бо истифода аз ин фурсат ва шароит, афроди моил ба фаъолияти сиёсиро ба сафи худ ҷалб карда метавонанд."

Вале ин коршинос мегӯяд, бинобар бетавофутии ҷавонони тоҷик ба сиёсат, аз коммунистони ҷавон ҳам набояд интизороти зиёд дошт, ки ба майдон меоянд ва ҳадди аққал барои узвият дар як маҷлиси маҳаллӣ, кӯшиш мекунанд.

Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон 93 сол пеш таъсис шуда, дар тамоми 70 соли мавҷудияти Иттифоқи Советӣ ҳизби марказӣ ва ҳукмрон будааст. Баъди пошхӯрии шӯравӣ ин ҳизб аз нав сабтином шуд ва феълан шумори аъзояш 35 ҳазор нафар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG