Пайвандҳои дастрасӣ

Барои саркашӣ аз пӯшиши либоси ягона тоҷирони бозорҳои Тоҷикистон 1000 сомонӣ ҷарима мешаванд. Оҷонсии давлатии "Тоҷикстандарт" ахиран огоҳӣ додааст, ки фурӯшандагон ҳатман бояд бо либоси ягона ба кор ҳозир шаванд. Талаби либоси ягона қоидаи нав нест, аммо иҷрои ҳатмии он акнун шадидтар шудааст.

Бархе намунаҳои либосҳои кории тоҷирону фурӯшандагон рамзҳои давлатии мисли парчаму нишони миллиро ҳам доранд, ки аз ҷониби ширкатҳои ҷудогона таҳия мешаванд. Маъмурияти фурӯшгоҳҳо дар ин охирҳо тариқи баландгӯякҳо батакрор ба тоҷирон таъкид мекунанд, ки қоидаи либоси ягонаро риоя кунанд, дар акси ҳол ҷарима мешаванд.

Арзиши як либоси корӣ то 80 сомонӣ

Либоси ягона ё нимтанае, ки аз матои оддии рангаш кабуд ё сабз ва як порча атлас ва бо гузоштани нишони миллӣ таҳия шудааст, барои тоҷирон бо маблағи аз 60 то 80 сомонӣ арзиш дорад.

Субҳи кории Сурайё Буронова ҳам мисли садҳо тоҷири дигар бо пӯшидани нимтанаи махсус шурӯъ мешавад. Нимтанае, ки аз матои оддии рангашкабуд ё сабз ва як порча атлас таҳия шудааст. Ин ҳамсӯҳбати мо, ки ба фурӯши мева машғул аст, мегӯяд, таъкиди ба такрори нозирони бозор ӯро водор кард ба пӯшидани либоси ягонаи корӣ одат кунад.

Сурайё Буронова​ рӯзи 13-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зарурати доштани либоси ягонаро мақомот ҳамчун ба хотири "риояи талаботи санитариву эстетикӣ" ҷорӣ кардаанд. Илова ба ин, бо ин либос фурӯшанда аз харидор фарқ мекунад”-афзуд ӯ.

Сурайё Буронова​ мегӯяд, бо нимтана ягон мушкил надорад ва ин ба кори савдо ҳам ҳеҷ таъсир намерасонад. Муҳим барои ӯ харидори зиёду даромади бештар аст. Аммо на ҳама тоҷирони бозор мисли Лайло Буронова​ ин қоидаро хуб қабул мекунанд. Бархе талаби либоси ягонаро як кори зиёдатӣ медонанд. Ҳарчанд аз тарси ҷарима ва ба мушкил дучор шудан иҷборан либоси пешниҳодшударо ба бар мекунанд ва ё дар дохили дӯконҳои худ намоишкорона меовезанд.

Ин гурӯҳи тоҷирон дар сӯҳбати бидуни микрофон ва навор гуфтанд аз қоидаву дастурҳои нав ба нави кор барои соҳибкорони хурду миёна, ки аз ҷониби мақомот ҷорӣ мешавад, хаста шудаанд. Ҳар тағйирот ё талаботи нав хароҷоту пардохтҳои иловагиро тақозо мекунад. Либоси ягона ё нимтанае, ки аз матои оддии рангаш кабуд ё сабз ва як порча атлас ва бо гузоштани нишони миллӣ таҳия шудааст, барои тоҷирон бо маблағи аз 60 то 80 сомонӣ арзиш дорад.

"Пулситонии дигар кам буд, ки боз либоси ягонаро бор карданд"

Саида, як фурӯшандаи бозоре дар пойтахти Тоҷикистон гуфт, ба онҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳолати надоштани либоси ягона ҳангоми савдо, на танҳо ба андозаи 1000 сомонӣ (тахминан 115 доллари амрикоӣ) ҷарима мешаванд, балки иҷозатномаи фаъолияти соҳибкориро ҳам аз даст хоҳанд дод. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳар рӯз дар баробари нозирони бозор, масъулони “Тоҷикстандарт” бо баргузории рейдҳои муштарак риояи ин талаботро назорат мекунанд.

“Пулситонии нозирони андозу чеки бозор кам буд, ки боз либоси ягонаро ба мо бор карданд. Мисли он, ки фикр мекунанд савдогар шудӣ, тамом -маблағ дорӣ ва тамоми қонуну қоида ба сарат бор мешавад”- нигаронӣ кард Саида. Танҳо дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 264 тоҷири бозор бо иттиҳоми “саркашӣ аз пушиши либоси ягона” ҷаримабандӣ шуданд. Масъулони "Тоҷикстандарт" бовар доранд, ин иқдом "симои фурӯшандаҳоро зебо нишон дода, хизматрасониро ҳам беҳтар хоҳад кард”.

Ҳадаф чист?

Ҳабибулло Ғуломзода, як масъули шӯъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ дар ин оҷонсӣ 13-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣгуфт, ҳарчанд қонунгузорӣ либоси ягона барои тоҷиронро аз қабл муайян карда буд, аммо риояи он ба сахти иҷро мешуд. Ҳоло Оҷонсӣ дар ҳамкорӣ бо тарроҳони Маркази хизматрасонии “Дунёи нав” намунаи гуногуни либосҳои ягонаи корӣ барои соҳибкоронро таҳия кардааст.

Ҳабибулло Ғуломзода ҳамчунин гуфт, барои онҳое, ки намехоҳанд нимтана пӯшанд, чанд навъи пешдоманҳоро таҳия ва пешниҳод кардаанд. Дар ин пешдоманҳо, дар баробари истифодаи порча аз атласу адрас ҳамчунин, нишони корхона ва ширкати фурӯшгоҳ инъикос ёфтааст. “Ҷаримаро оҷонсӣ муайян накардааст, балки тоҷироне, ки аз пӯшидани либоси ягона саркашӣ мекунанд, бар асоси моддаи 624 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима мешаванд. Аммо мақсади оҷонси ҷарима нест, балки риояи қоидаи савдо аст”,- гуфт Ғуломзода.

Дар Оҷонсии давлатии “Тоҷикстандарт” таъкид мекунанд, ки фурӯши либоси ягона барои тоҷирон маҷбурӣ нест ва фурӯшандаҳо метавонанд бо намунае аз либосҳои таҳиякардаи маъмурияти бозор дар дилхоҳ корхона либос фармоиш диҳанд. Масъалаи либоси ягона дар мактабу бозор ва ниҳодҳои давлатӣ дар чанд соли охир дар Тоҷикистон хеле доғ ва ҳамзамон баҳсбарангез шудааст.

Тоҷирон мегӯянд, ин қоида ва ҳам миқдори ҷарима барои як фурӯшандае, ки маблағи ночиз ба даст меоранд, хеле гарон аст. Таҳлилгарон ба ин боваранд, ки пушти ин ҳама дастурҳои нав ба нав, тиҷорати гурӯҳҳои мухталифи манфиатдор мечархад. Натиҷаи ин ҳама дастуру ҷаримабандиҳои нав, ба гуфтаи бисёре аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, ин мешавад, ки соҳибкоронро аз тиҷорату савдо гурезон мекунад.

Бозору тиҷорат дар солҳои охир бахшҳои аслии макони кору даромади садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон шудааст, ки аз бекории шадид ва ба хотири нарафтан ба муҳоҷирати корӣ ба Русия ба ин ҷо рӯ овардаанд. Бахши аслии кормандони бозор -- занону духтарони ҷавон ва миёнасол ҳастанд, ки таъмингари аслии хонаводаҳои худ мебошанд ва аз ҳисоби пули бозор фарзандони худро ба воя мерасонанд.

Бархе нозирон мегӯянд, ки мавзӯи назорати сару либоси кормандони бахши тиҷорат аз назари ҷилавгирӣ аз пӯшидани либоси мазҳабии мисли ҳиҷобу рӯсарӣ ҳам муҳим аст. Аксари бонувони корманди бозор дар макони кори худ одат доранд бо либоси миллӣ ва мазҳабӣ ҳозир шаванд.

Дар солҳои гузашта низ мақомоти тоҷик тарзи пӯшиши либоси ягонаро барои қишрҳои дигари ҷомеа муқаррар карданд. Дар соли 2007 вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастурамали либоси ягонаи мактабиро қабул намуд ва онро “ба хотири аз байн бурдани фарқи либоспӯшии байни кӯдакони табақаҳои дорову нодор ва сар задани ихтилофу нофаҳмиҳо” дар мактабҳо ва “ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона, ки зери падидаи сатру ҳиҷобӣ исломӣ дар кишвар паҳн шудааст”, унвон карда буд. Дар пайи он, соли 2009 либосҳои тавсиявӣ барои омӯзгорон ба тасвиб расид.

Дар соли 2014 мақомот барои зоирони тоҷик, ки ба Макка ва Мадина мераванд, ҳам либоси ягона таъйин карда буданд. Дар чанд соли ахир барои ронандагон ва пулчинҳои мусофирбарҳо дар пойтахти Тоҷикистон низ либосҳои вижа муқаррар шудааст.

Ахиран вазорати тандурустии Тоҷикистон пӯшидани либоси ягонаро барои ҳамаи кормандони тиб ҳатмӣ кард. Дар вазорати тандурустӣ рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки либоси ягонаи пизишкон бар асоси дастури Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, роҳандозӣ шудааст. Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки пӯшидани либоси ягона барои табибон зери назорати қатъии роҳбарияти вазорат хоҳад буд.

Масъалаи либоси ягона солҳои ахир дар Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта мешавад. Ҳоло аз хонандагони мактаб то донишҷӯёну хидматчиёни давлатӣ муваззафанд, ки дар вақти дарсу кор либоси муқаррашударо ба бар кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG