Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи муҳокимаи қотилони сарбоз Фирдавс Раҳматов


Фирдавс Раҳматов
Фирдавс Раҳматов

Додгоҳи низомии гарнизони вилояти Суғд рӯзи 4 сентябр ба баррасии қазияи марги сарбоз Фирдавс Раҳматовро шурӯъ мекунад.

Ин сарбоз дар қисми ҳарбии 04080 Вазорати дифои Тоҷикистон дар Конибодом хизмат мекард. Дар ин бора Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» хабар медиҳад. Фирдавс Раҳматов 7 маи соли 2015 ба хизмат даъват шуд ва расо баъди як моҳаш – рӯзи 7 июн ҷасади писар ба волидонаш супурда шуд. Санҷиши тиббӣ гуфтааст, ки ин сарбоз дар натиҷаи басташавии роҳҳои нафас ба ҳалокат расидааст. Вале волидонаш, ки ҷасадро хоксупорӣ кардаанд, бовар доранд, ки писар қурбони хушунат шудааст.

Инро баъдан прокурори низомии гарнизони ҳарбии вилояти Суғд Абдуқодир Нуров ҳам дар сӯҳбат бо матбуот хабар дод. Вай гуфт, ки Раҳматов дар натиҷаи лату кӯби ду сержант ва як сарбози қаторӣ ҷон додааст. Дар баробари ин гумонбарон, ба ҷавобгарӣ ҳамчунин се афсари қисми ҳарбӣ ҳам ҷалб шуданд. Дар додгоҳ аз ҷониби хонаводаи Раҳматовҳо ба ҳайси вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова ва Дилшод Ҷӯраев, кормандони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» баромад мекунанд. Бар тибқи иттилои расмӣ, гумонбарони лату кӯби маргбор Сержантҳои қисми ҳарбӣ - Комрон Раҳимов ва Раббонӣ Сулаймонов ва аскари қаторӣ - Айём Назаров мебошанд.

Видео аз моҳи июн:

Ғаниҷон Раҳматов, падари Фирдавс мегӯяд, писараш аз лату кӯби наваскарон шикоят мекард.

Фирдавс аз зарбулат фавтидааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Дар паи ин ҳодиса, Вазорати дифоъ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд. Дар вилояти Суғд моҳҳои июн-июли соли равонро аз давраҳои вазнинтарин меноманд, чун дар ин муддат якбора чор ҷасади сокинони маҳаллӣ аз артиш ба хона оварда шуд. Сабаби ин ҳодисаҳо ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш ва мавриди лату кӯб қарор гирифтани навсарбозон аз ҷониби кӯҳнасарбозон гуфта мешавад.

11 июни соли 2015 додситони низомии Суғд дар бораи куштори Раҳматов изҳорот дод:

Боздошти се сарбози тоҷик барои куштани ҳамхидматашон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

XS
SM
MD
LG