Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳар баъди талоқ дар балкони ҳамсараш маскун шуд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба як мард иҷоза дод, ки дар айвони хонаи ҳамсари собиқаш зиндагӣ кунад.

Манзиле, ки бояд Муҳсинҷон Турсунов, шавҳари Матлуба Қаробоева дар он маскун шавад, якҳуҷрагӣ буда, 27 метри мураббаъ масоҳат дорад ва ба ҷуз айвон ё балкон дигар ҷойи зист надорад.

Суд қарор кардааст, ки ӯ ҳамроҳи мо зиндагӣ кунад. Балкони мо шароити дуруст барои зиндагӣ надорад

Бар асоси қарори додгоҳ, аз моҳи ноябри имсол, пас аз ду соли талоқ ин мард дубора бояд ба ин хона баргардад.

Матлуба аз қарори додгоҳ норизост


Матлуба Қаробоева, сокини 45 солаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз 16 соли зиндагии муштарак, бинобар ҷангҳои тӯлонӣ, ду соли пеш аз ҳамсараш талоқ гирифт. Аммо ҳоло додгоҳ сарчашмаи ба гуфтаи ӯ ҷанҷолҳоро дубора бо ӯ ҳамхона кард. Хона ба номи Қарабоева аст, аммо азбаскӣ ҳамсари пешинаш ҷойе барои зист надорад, зоҳиран додгоҳ аз рӯи инсондӯстӣ бо қароре балконро барои ин мард беҳтар аз кӯча донист.

Матлуба Қарабоева мегӯяд, ки дар хона бо се фарзанд- ду кӯдак аз Муҳсинҷон Турсунов ва як фарзанд аз ҳамсари якумаш, зиндагӣ мекунад.

“Мо аз ҷангу ҷанҷоли зиёд ҷудо шудем. Ҳозир суд қарор кардааст, ки ӯ ҳамроҳи мо зиндагӣ кунад. Балкони мо шароити дуруст барои зиндагӣ ҳам надорад. Охир дар якхонагӣ ҳеҷ имкони зиндагӣ нест. Ман ба маскуншавӣ розӣ нестам. Ба додгоҳи болоӣ шикоят кардам, ки маскун шудани ӯро дар хонаи мо манъ кунад”,-гуфт ӯ.

Ба зангҳои такрории мо Мӯҳсинҷон Турсунов, шавҳари ин зан посух надод. Аммо нафаре, ки аз баҳси ин ду оила хабар дорад, бидуни зикри номаш гуфт, ҳоло Мӯҳсинҷон дар як хобгоҳ зиндагӣ мекунад ва воқеан, ҷойи зист надорад. Ба гуфтаи ӯ, Мӯҳсинҷон Турсунов ба он хотир барои маскун шудан ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки дар харидории ин хона саҳм дорад.

Пас аз талоқ зиндагӣ зери як бом сахт аст

Дар Тоҷикистон маъмулан занҳо барои маскун шудан дар хонаҳои собиқ шавҳарашон ба додгоҳ муроҷиат мекунанд ва мавридҳои хеле кам иттифоқ меафтад, ки як мард барои маскун шудан дар манзили зисти собиқ ҳамсараш ба додгоҳ муроҷиат кунад. Дар ҳама ҳолат, пас аз талоқ ҷонибҳо намехоҳанд, ки бо ҳамсари собиқ дар зери як бом зиндагӣ кунанд.

Зимнан, созмони ҷамъиятии “Дилафрӯз”, як созмони дифоъ аз ҳуқуқи занон дар вилояти Хатлон ба Кумитаи занон ва парлумон пешниҳод кардааст, ки банди марбут ба маскунӣ дар Кодекси оиларо тағйир диҳанд.

Райҳона Ҳақбердиева, раҳбари ин созмон 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз сӯҳбат бо даҳҳо зани маскуншуда ба хулосае расиданд, ки зиндагӣ дар хонаи шавҳари собиқ мантиқ надорад. Аз ин рӯ, мегӯяд ӯ, пешниҳод ин аст, ки манзили мавриди баҳс ба фурӯш гузошта шавад ва ҷонибҳо аз он саҳм бигиранд.

“Зан аз ҳамон хонае, ки бо ҷанҷол берун шудааст ва он ҷанҷол боиси талоқ гаштааст, чӣ тавр боз рафта он ҷо зиндагӣ мекунад. Кӯдакон зери ҷангу ҷанҷол тарбияи дуруст намеёбанд. Пешниҳоди мо буд, ки ҳамин масъала аз рӯи мантиқ ва вобаста ба урфу одати мо дида шавад. Дар дигар миллатҳо шояд зиндагӣ дар хонаи собиқ шавҳар мушкил набошад, вале дар мо ин хеле кори сахт аст”.

“60 дар сади маскуншудаҳо ба хонаи шавҳар намераванд”

Лутфулло Абдуҷабборзода, вакили дифои тоҷик мегӯяд, дар нӯҳ моҳи ахир аз ҳуқуқи даҳҳо муштарӣ барои маскун шудан дар манзили ҳамсарҳои собиқи онҳо ҳимоят кардааст.

Ӯ гуфт: “Дар ҳақиқат бисёре аз занҳои талоқгирифта ба ҷуз зиндагӣ дар хонаи шавҳари пешина ҷое надоранд. Дар хонаи волидайн пас аз талоқ барои зан ҷой нест. Ӯ маҷбур аст, дар хонаи ҳамсари собиқаш маскун шавад. Баъзе занҳо барои ниқорситонӣ аз шавҳари пешин дар хонаи ӯ маскун мешаванд . Манзилро мегиранд, вале он ҷо ҳам зиндагӣ намекунанд. Фақат он ҷоро банд месозанд. Бахши дигари занҳо барои пулситонӣ аз ҳамсарҳои собиқ дар хонаи онҳо маскун мешаванд. Хонаводаи шавҳар агар барояшон пули муайян диҳад, аз маскун шудан даст мекашанд. Аз сад, шаст дар садашон мақсад надоранд дар хонаи ҳамсари пешин зиндагӣ кунанд. Аз рӯи таҷрибаи ман танҳо чил дар сад аз ноилоҷӣ дар хонаи шавҳари собиқ зиндагӣ мекунанд.”

Соли гузашта дар Тоҷикистон наздики 9 ҳазор ҷуфт аз ҳам пошидаанд. Тибқи иттилои Вазорати адлия аксари хонаводаҳои аз ҳампошида гирифтори баҳсҳои манзил ва алимент шудаанд. Бахши умдаи онҳое, ки барои алимент ва маскун шудан даъво кардаанд, занҳо будаанд.

Мӯҳсинҷон Турсунов аз камтарин мардони тоҷик аст, ки барои маскун шудан дар хонаи ҳамсари собиқаш ба додгоҳ шикоят бурдааст.

XS
SM
MD
LG