Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи даъвои Раҳматовҳо зидди вазорати дифоъ анҷом меёбад


Фирдавс Раҳматов
Фирдавс Раҳматов

Интизор меравад, ки рӯзи 26 июл додгоҳи низомии горнизони шарҳи Душанбе қарори худро аз рӯи аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида эълон кунад. Додгоҳи гарнизони Душанбе бояд мавқеашро дар робита бо талаби пардохти ҷубронпулии маънавӣ баъди марги сарбоз Фирдавс Раҳматов эълон кунад. Чанде пеш волидони сарбоз Дилором ва Ғаниҷон Раҳматовҳо аз Вазорати дифои Тоҷикистон тақозо карда буданд, ки ҷуброни маънавии марги писари худро дар ҳаҷми 238 ҳазору 800 сомонӣ пардохт кунад. Дар ин бора ба радиои Озодӣ рӯзи 25 июл ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»​ хабар дод.

Дар ин мурофиа вакилони созмони "Эътилофи созмонҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа" аз ҳуқуқи наздикони Фирдавс Раҳматов ҳимоят мекунанд.

Фирдавс Раҳматов, ки дар қисми ҳарбии 04080 Вазорати дифои Тоҷикистон дар Конибодом хизмат мекард, рӯзи 7 майи соли 2015 ба хизмат даъват шуд ва расо баъди як моҳаш – рӯзи 7 июн ҷасадаш ба волидонаш супурда шуд. Дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд cе сарбозро дар лату кӯбу марги Фирдавс Раҳматов гунаҳкор донист ва ҳар яке аз онҳоро мутаносибан аз 17 то 18 сол ба зиндон маҳкум карда буд. Сержант - Раббонӣ Сулаймонов ба 18 сол, сержант -Комрон Раҳимов ба 17.5 ва сарбози қаторӣ- Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати дифоъ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд.

XS
SM
MD
LG