Пайвандҳои дастрасӣ

Табибон дар додгоҳ барои марги Саодат Саломова посух медиҳанд


Маросими ҷанозаи Саодат Саломова. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 9-юми январ ба бозбинии парвандаи таҳқиқи марги Саодат Саломова, ҳунарманди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар вилояти Суғд шурӯъ кард. Тибқи таҳқиқоти додситонӣ, табибон барои иштибоҳ дар ташхис ва табобати Саломова, ки марги ин ҳунарпешаро дар пай дошт, гумонбар мешаванд.

Додситонӣ Ҳотам Отабоев, духтури Маркази вилоятии алайҳи сил ва Меҳрӣ Юсупова, дастёри озмоишгоҳ (лаборантка)-и чунин марказ дар шаҳри Хуҷандро “барои номатлуб иҷро намудани вазифаи касбиашон, ки боиси марги инсон шудааст”, мутобиқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор эълон кардааст.

Мавзӯи сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқод қарор мегирад.

Саодат Саломова, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва духтари ҳунарвари шинохта Сайрам Исоева 1-уми апрели соли 2017 баъди ҳудуди 2 моҳи табобат дар хонааш ва бемористон дар синни 50- солагӣ дар Маркази пешгирӣ аз бемориҳои сили вилояти Суғд аз хунравии мағзи сар даргузашт.

Дар пай ташхисҳои биологӣ ва додгоҳиву тиббӣ маълум кардааст, ки Саломова гирифтори бемории сил буд, дар ҳолеки баъд аз марг нодуруст будани ин ташхис маълум шуд. Дилафрӯз Самадова, намояндаи ҷабрдида мегӯяд, марги мармузи Саодат Саломова аҳли оила ва дӯстону пайвандони ӯро дилхун карда ва ҳоло онҳо талош доранд ҳақиқати маргашро маълум кунанд.

Ӯ афзуд: “Модар ва ҳама пайвандону дӯстони Саодат мехоҳем, ки адолат барқарор шавад. Он табибоне, ки дар маълум кардани бемории ӯ ва табобаташ хато карданд ва ӯро ба марг расониданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. То ки ин гуна иштибоҳ ва хатоҳое, ки боиси ҳалокати беморон мешавад, аз ҷониби табибон дар оянда такрор нагардад.”

Дилафрӯз Самадова.
Дилафрӯз Самадова.

Хонум Самадова дар иртибот ба ҷараёни таҳқиқи марги Саломова рӯзи 9-уми январ варақаи матбуотие паҳн кард. Ӯ мегӯяд, аз ҳамон рӯзи аввали интиқоли Саодат Саломова, 19-уми март соли 2017, ки ӯро дар ҳолати вазнин, беморхонаи шаҳри Хуҷанд бурданд, табибон дар маълум кардани бемориаш ба иштибоҳ роҳ доданд.

Ӯро гирифтори бемориҳои “сили иртишоҳи шуш, МБС +, туберкулёмаи мағзи сар” эълон ва табобат таъин карданд. Қабл аз ин ҳам аз 30-уми январ Саодат Саломова, ки ҳарорати баландаш паст намешуд, таҳти назари табибон дар манзилаш табобат мегирифт, вале аҳволаш беҳ неву бадтар гардид.

Баъдтар ташхиси биологӣ ошкор кардааст, ки балғами ташхисшуда аслан ба Саломова на, ба каси дигар тааллуқ доштааст ва иштибоҳи асосии табибон ҳам дар таъини табобат аз ҳамин иштибоҳ сарчашма мегирад.

Ҳамчунин бино ба парванда, консилиум (мушовара)-и табибон дар рӯзҳои охири зиндагии Саломова ба натиҷае расидааст, ки ӯ гирифтори бемории сил мебошад ва табибон ӯро 10 рӯзи охири умраш дар Маркази вилоятии пешгирӣ аз бемории сил, воқеъ дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ғафуров пурра бо табобати зидди ин беморӣ фаро гирифта буданд.

"Ҳама талошҳо барои наҷоти Саломова буд"

Бо Ҳотам Отабоев, табиби Маркази пешгирӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд воқеъ дар Деҳмой, ки муолиҷаи Саодат Саломова зери раҳбарии ӯ ҷараён мегирифт, натавонистем тамос бигирем. Яке аз наздикаш гуфт, ки ӯ дар толори додгоҳ аст.

Яке аз бемористонҳо дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз бемористонҳо дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Вале Даврон Мадаминов, мудири Маркази вилоятии пешгирии аҳолӣ аз бемории сил мегӯяд, барои аз чанголи марг раҳонидани Саломова ҳар чӣ аз дасташон меомад, карданд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳолати бемор вазнин буд ва дар шӯъбаи эҳё буд ва табобати мо ба хотири он буд, ки ӯро аз он ҳолат берун орем. Ҳама мутахассисонро даъват кардем, фармудаҳову машваратҳои онҳоро сад дар сад иҷро кардем. Мутаассифона, наҷот додани Саломова муяссар нагардид."

Аммо аз гуфтаи табибони ин марказ маълум мешавад, ки Саодат Саломова то бахши эҳё интиқол ёфтан, бо доруву дармонҳои алайҳи бемории сил фаро гирифта шуда буд. Оё ин табобат ба бадтар шудани вазъи сиҳатии ӯ чӣ асари манфие гузошт ва билохира аз по афтонд, додгоҳ маълум хоҳад кард.

"Он чиро ташхис кардем, ки фиристода буданд"

Роҳат Шодибоева, мудири Маркази пешгирии аҳолӣ аз бемории сил дар шаҳри Хуҷанд ташхисеро, ки гузоштаанд, дуруст медонад. Вале ӯ мегӯяд, он ташхисро бар пояи балғаме анҷом додаанд, ки ба онҳо бурда буданд, вале онро худ нагирифта ва соҳиби онро ҳам бо чашми худ надидаанд.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9 январ гуфт: "Меҳрӣ Юсупова -- лаборанткаи мо танҳо натиҷаи ташхисро маълум мекунад ва аз рӯи он табибони марказ диагноз гузоштанд, ки соҳиби балғам гирифтори бемории сил мебошад". Хонум Шодибоева афзуд, он маҳлули ташхисшудаву натиҷаҳои онро то ҳол нигоҳ медоранд ва дар ташхису натиҷагирии онҳо иштибоҳе нарафтааст.

Балғамро ба номи Саломова кӣ пешниҳод кӣ ва чаро?

Аслан Саломова, ки ба гуфтаи бархе табибон, бо нишонаҳои қабл аз хунравии мағзи сар ба бемористон интиқол ёфтаву биноба ташхиси додгоҳиву тиббии ҷасадаш, аз хунравии мағзи сар даргузашт, гирифтори чӣ беморӣ шуда буд ва чӣ табобат мегирифт? Чӣ ӯро ба марг расонид, бемории сил, иштибоҳ, хато ё бепарвоии табибон ?

Марям Исоева.
Марям Исоева.

Ин саволҳоест, ки наздикони Саломова баъд аз фавти ӯ дар беморхона матраҳ карда, вале посухи аниқ нагирифтаанд. Ҳоло онҳо дар додгоҳ талош доранд табибон ҳақиқати марги ӯро ошкор кунанд. Табибони ҳамсӯҳбати мо низ имрӯз аз посух ба ин суолҳо худдорӣ карданд.

Бегоҳи рӯзи 9-юми январ, дар ҳоле, ки ин гузориш таҳия мешуд, Дилафрӯз Самадова, намояндаи ҷониби ҷабрдида гуфт, ки баъди нимарӯз додгоҳ ба баррасии парвандаи марги Саодат Саломова оғоз карда, дар рӯзи аввал танҳо 2 айбдоршавандаро мавриди бозпурсӣ қарор дод. Ӯ афзуд, ки додгоҳ фардо мурофиаро идома хоҳад дод.

Мавзӯи сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқод қарор мегирад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар танҳо дар нимсолаи аввали соли гузашта 31 мавриди иштибоҳи табибонро ошкор карда, нисбати чунин табибон ҷазои маъмурӣ ё ҷарима содир шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG