Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бичкова: Далер вақти ғизохӯрӣ "бисмиллоҳ" намегуфт, намедонам, чигуна "ҷиҳодӣ" шуд. ВИДЕО


Далер Иброҳимов
Далер Иброҳимов

Як модари рус дар Тоҷикистон, ки писараш ба Ироқ рафта, бенишон шудааст, мегӯяд, ҳоло ҷабри рафтори фарзанди 25-солаашро мекашад. Татяна Бичкова, сокини ноҳияи Муъминобод, ду сол пеш писарашро гум кард ва садои ӯро охирин дафъа моҳи феврали соли 2015 аз Ироқ шунид. Баъд аз ин, ӯ ва писари калониашро аз кор дар ниҳодҳои интизомӣ хориҷ карданд.

Ҳоло ин пурсиш пайваста дар забони Татяна Бичкова мечархад, ки вақте Далер хост, ба Ироқ биравад, чаро фикри онҳоро накард?

Далер Иброҳимов, писари хурдии Татяна Бичкова, соли 2014, баъд аз адои хидмати ҳарбӣ барои кор ба Русия рафт. Аммо моҳи феврали соли 2015 ғайриинтизор аз Ироқ занг зад ва гуфт, ки дар онҷо таълими динӣ мегирад. Ин нахустин ва охирин паёми Далер ба модараш аз Ховари Миёна буд. То ҳол дигар хабари зинда ё мурда будани ӯ ба модараш нарасидааст.

Бичкова мегӯяд, “бачаи ман намозхон набуд. Вақти ғизохӯрӣ бисмиллоҳ намегуфт. Аз дину оин огоҳ набуд. То ҳол барои мо муаммост, ки чигуна ӯ ба саффи ҷангҷӯёни исломӣ пайваст.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бибинед:

Модар: "Далер вақти ғизохӯрӣ бисмиллоҳ намегуфт, чигуна ҷиҳодӣ шуд, намедонам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Акси Далер Иброҳимов
Акси Далер Иброҳимов

Татяна Бичкова соли 1969 аз Ҳисор ба Муъминобод рафт. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар ҳукумати ноҳия ва идораи амнияти онҷо кор кардааст. "Ду моҳ пас аз онки Далер гуфт, дар Ироқ ҳаст, ба идораи амният рафта, бачаҳоро хабардор кардам. Гуфтам, ки бачаи ман ба Ироқ рафтааст. Нишастаму аризаамро навиштам”, - афзуд ӯ.

Аз се писари Татяна Владиморовна калониаш афсари нирӯҳои марзбонӣ буд. Ҳоло, баъд аз 20 соли хидмат, ӯро аз кор дур карданд. Такудавҳои модар барои ҷойи кор ёфтани фарзанди калониаш суде набахшид. Ба ӯ гуфтанд, ки тибқи қонун кор кардани писараш дар идораҳои интизомӣ номумкин аст.

Татяна Бичкова
Татяна Бичкова

Бо гузашти ду сол барои Татяна Бичкова ҳанӯз норӯшан аст, ки Далер Иброҳимов бо кадом ваҷҳ пайрави ақидаҳои ифротӣ шуд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ду моҳ пеш аз охирин суҳбат бо модар, Далер ба ӯ ваъда дода буд, ба Тоҷикистон бармегардад ва дар мақомоти интизомӣ кор мекунад.

Ҳоло ин пурсиш пайваста дар забони Татяна Бичкова мечархад, ки вақте Далер хост, ба Ироқ биравад, чаро фикри онҳоро накард?

Далер Иброҳимови 25-сола дувумин рустабор аз вилояти Хатлон аст, аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба Ироқ рафтааст. Ҳамсояҳои Татяна Бичкова мегӯянд, вақте аз ин хабар огоҳ шуданд, воқеан, дар ҳайрат афтоданд. Муслима Маҳмадова, як ҳамсояи Татяна Бичкова, гуфт, "Далер аҳли рӯҳоният набуд ва ба сари кас ҳам намеомад, ки ӯ рӯзе ба саффи “ҷиҳодиён” мепайвандад."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар маҷмуъ беш аз 1100 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Тобистони имсол мақомот ҳалокати беш аз сесад нафари онҳоро таъйид карда буданд. Аммо баъди хабарҳои Русия дар бораи ҳалокати чандин ҷангҷӯи тоҷик дар Сурия омори ниҳоӣ эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG