Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод ба Путин: Оилаҳои камкӯдак андозбандӣ шаванд. САДО


Ба баррасии президенти Русия Владимир Путин тарҳи андозбандӣ ё муҷозоти пулии ҳамсароне ироа шудааст, ки аз таваллуди кӯдак худдорӣ ва ё бо як фарзанд иктифо мекунанд. Муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи демография ва муҳоҷират гуфтаанд, ки ин меъёр метавонад барои вусъат бахшидани суръати таваллуд дар Русия мусоидат ва аз таҳдиди бӯҳрони демографӣ ҷилавгирӣ кунад. Пешгӯиҳои пессимистона ин аст, ки то соли 2050 ҷамъияти Русия 20 дар сад кам хоҳад шуд.

Оилаҳои камкӯдак андозбандӣ шаванд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00
Линки мустақим

Замоне ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам андоз барои бефарзандиро ҷорӣ карда буд, ки ҳамчун "Андози шаҳрвандони муҷаррад" маъруф буд. Бар асоси ин муқаррарот, ки соли 1941 ҷорӣ шуд, аз маоши мардону занони оиладори бефарзанди то 45-50-сола бояд 6 дар сади маошашонро ҳар моҳ ба фоидаи давлат ихтисор мекарданд.

Муҷозоти бефарзандӣ

Нашрияи “Известия” рӯзи 10 май навишт, ки Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавии Русия тарҳеро таҳия ва ба баррасии президент Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки ҷорӣ кардани андоз ба оилаҳои камфарзандро дар назар мегирад.

Омори расмӣ мегӯяд, ки аз миёни 146 миллион аҳолии Русия дар соли 2015 - 8 дарсадашон муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо будаанд.

Дар таҳияи ин пешниҳод гурӯҳи мутахассисон кор кардаанд. Ҳанӯз ҳаҷми андози пешниҳодшаванда мушаххас нест ва инчунин маълум нест, ки посух ва вокуниши Путин ба ин пешниҳод чӣ мешавад.

Дар санади мазкур инчунин тадбирҳои кӯмакрасонӣ ва ё ташвиқи оилаҳои серфарзанд дар назар гирифта шудааст. Муаллифони ташаббус гуфтаанд, ки хонаводаҳои серфарзанд бояд ба хотири таъмини таваллуди бист дар сади кӯдакони Русия дастгирӣ шаванд.

Дар тарҳ, аз ҷумла, гуфта шудааст, ки хонаводаҳои серфарзанд вобаста ба шумори кӯдакон дар оила метавонанд бо пули нақд ва ҳам ҳавасмандиҳои молии дигари зарур барои рушди кӯдакон, аз ҷумла, тақдими асбобҳои мусиқӣ, роҳхаати истироҳат дар фароғатгоҳҳо, билети консерваторияву фитнес-клубҳо қадрдонӣ шаванд. Инчунин пешниҳод шудааст, ки ба дафтарчаҳои меҳнати волидон солҳои тарбияи фарзандон ворид ва ҳамчун соли корӣ ҳисоб карда шавад.

Як дигар пешниҳод ин аст, ки хонаводаҳои серфарзанд дар манотиқи аз назари рушду пешрафти саноативу иқтисодӣ ояндадори кишвар бо хонаву ҷой таъмин шаванд. Дар сурати рад шудани пешниҳоди зист дар чунин маҳалҳо, аз ҳисоби таваллуди фарзанди чоруму панҷуми 20 дар сади қарзи бонкии хонахарӣ ҷуброн шавад.

“Ин пешниҳод пуштибонӣ намешавад”

Таҳлилгари радиои озодӣ Мерҳат Шарифҷон мегӯяд, ки пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз барои бефарзандӣ ё яккафарзандӣ дар шароите садо медиҳад, ки вазъи Русия ҳам аз назари коҳиши аҳолӣ ва ҳам камбуди маблағу тангдастии иқтисодиаш дар паи таҳримҳои Ғарб, ки сабабаш ишғоли Қрим ва пуштибонии ҷудоиталабон дар Украина аст, сангин шудааст. Бо пешниҳоди ҷорӣ кардани андози нав шояд донишмандони наздик ба ҳукумат мехоҳанд якбора дар ҳалли ин ду масъала саҳм гузоранд. Аз сӯи дигар, гуфт ӯ, андешаи ҷорӣ кардани чунин як андози муҷозоткунанда хилоф бо қонунҳои дунявӣ ва башарӣ аст:

“Ин андозро ба ҳеҷ сурат набояд ҷорӣ кунанд. Масалан, агар сӯҳбат аз Олмон ё ягон давлати дигари пешрафта бошад, ки даромади аҳолӣ баланд асту оила барои таваллуди фарзанди чоруму панҷуму шашум имкони молӣ дораду ба ҷои таваллуди фарзанд як миқдор пулашро ба давлат месупорад, гапи дигар аст. Вале чӣ тавр мешавад як оилаи соҳиби як фарзанд ва дорои даромади пастро барои камкӯдакӣ муҷозот кард? Ин оила бе ин ҳам аз як маош ба маоши дигар базӯр рӯз мегузаронад”.

Дар ҳоле, ки пешниҳоди Институти демография ба баррасии президенти Русия ирсол шудааст, бархе донишмандони дигари рус дурустии ин пешниҳод ва муваффақияти онро зери суол бурдаанд. Аз ҷумла, Андрей Коротаев, мутахассиси Мактаби олии иқтисодии Русия ба хабаргузории Рамблер гуфтааст, ки ин пешниҳод аз ҷониби ҷомеа пазируфта намешавад ва ҳатто шояд мавриди интиқод ҳам қарор гирад. Вай гуфтааст, барои санҷидани дурустии ин тадбир нахуст бояд ба таври таҷрибавӣ пешниҳоди мазкур дар як минтақаи хурди Русия санҷида шавад.

Суръати таваллуд 2,3 дарсад коҳиш ёфт

Пешниҳоди демографҳои рус барои ҷилагвриӣ аз бӯҳрони демографӣ дар ҳолест, ки дар паи таҳлилҳои вазъи таваллудҳо маълум шудааст, ки аз соли 2012 то соли 2016 камтарин нишондоди таваллуди кӯдак дар ин кишвар ба соли гузашта рост омадааст. Ин ба он маъност, ки соли 2016 мизони таваллуд дар Русия 2,3 дар сад коҳиш ёфтааст. Омори давлатӣ мегӯяд, ки соли 2016 дар Русия 53 ҳазор кӯдак камтар назар ба соли 2015 чашм ба дунё кушодааст.

Хонаводаи муҳоҷирони ӯзбак дар Санкт-Петербург
Хонаводаи муҳоҷирони ӯзбак дар Санкт-Петербург

Сабабаш дар болоравии синни таваллуди занҳо ва тағйирёбии муносибати ҷавонон ба масъалаи оилаву фарзанддорӣ гуфта мешавад. Ҳисоб шудааст, ки шумори занҳои синни 20 то 29-сола, ки 60 дарсади кӯдакони Русияро ба дунё овардаанд, дар солҳои 2010−2015 то 1750 ҳазор нафар кам шудаанд.

Чанд сол пеш ҳукумати Русия барои суръат бахшидани шумори таваллуди фарзанд ва афзоиши аҳолӣ тадбирҳои ташвиқотиро рӯи даст гирифт. Аз ҷумла, кӯмаки пулии ҳангуфт ва ё имкони харидории хона, пули ҳармоҳа барои фарзади сеюм, пешниҳоди сохтмони манзили хусусӣ ва имтиёзҳои дигар пешниҳод шуд. Вале бо ин вуҷуд, ба назар мерасад, ки хоҳишмандони таваллуди зиёди фарзанд дар Русия чандон зиёд набудааст.

Хориҷиҳо - 11 % кӯдакони таваллудшуда дар Русия

Таҳлилгарони масоили демография дар хабаргузории РБК соли 2015 навиштанд, ки аз рӯи суръати кунунии таваллуди кӯдак дар Русия тахмин задан мумкин аст, ки то соли 2050 ҷамъияти ин кишвар метавонад то 20 дарсад коҳиш ёбад, дар ҳоле, ки хости ҳукумат дар 33 соли оянда ба 15 дар сад афзоиш додани шумори аҳолӣ мебошад. Ин ҳисобҳо бо назардошти мавҷи муҳоҷирати фаъоли хориҷиҳо ба Русия карда шудааст, ки соле ба ҳисоби тахминӣ беш аз 300 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Дар миёни ин муҷоҷирон, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Омори расмӣ мегӯяд, ки аз миёни 146 миллион аҳолии Русия дар соли 2015 - 8 дарсадашон муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо будаанд. Соле дар Русия ба ҳисоби тахминӣ то 17 миллион шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла беш аз 1 миллион тоҷикистониҳо ворид мешаванд ва аз онҳо на камтар аз 10 миллион нафарашон барои кору зиндагӣ мемонанд. Ҳар тифли 9 ва ё 11 дар сади кӯдакони таваллудшударо фарзандони муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд, мегӯяд омори расмии Русия. Омори вилояти Маскав собит кардааст, ки дар бештарини ҳолатҳо кӯдакони хориҷии таваллудшуда дар соли 2015 дар ин қаламравро кӯдакон шаҳрвандони Украина, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил додаанд.

Як бахши донишмандону муҳаққиқони масоили демографӣ дар Русия аз роҳи ҷалби муҳоҷирони хориҷӣ то андозае коҳиш додани шиддати бӯҳрони демографӣ дар ин кишварро пешниҳод мекарданд. Ин пешниҳод имтиёзҳои ҳуқуқиву молӣ ба муҳоҷиронро пешбинӣ мекард, ки барои таваллуди фарзанд дар Русия ва гирифтани шаҳрвандии ин кишвар ҳавасманд бошанд. Вале аз сӯи дигар, мизони баланди таҳаммулнопазирии муҳоҷирон дар ҷомеаи ин кишвар, муборизаҳои сиёсатмадорону сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, аз назари созмонҳои ҳуқуқи башар, ба обрӯи Русия таъсиргузор шудааст. Бисёр муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо иқрор мешаванд, ки аз бекории шадид дар кишварҳои худ маҷбур ҳастанд ба Русия барои кор бираванд, вале агар имконияти беҳтари дигаре буд, маҳалли корро дигар мекарданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG