Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони раиси "Умед 88": аҳволаш дар боздоштгоҳ бад шудааст


Вазъи саломати Раҷабалӣ Одинаев, раиси боздоштшудаи ширкати “Умед 88”, дар СИЗО бад шудааст. Дар ин бора наздикони Одинаев рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Аммо мақомоти боздоштгоҳ то ҳол дар бораи вазъи саломати Раҷабалӣ Одинаев чизе нагуфтанд.

  • Раиси ширкати "Умед 88" ва чанд зердасташ як моҳи пеш дастгир шуда, таҳқиқи парвандаашон аз тарафи Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон идома дорад.

"Раҷабалӣ пайваста месулфад"

Саодат Одиназода, яке аз наздикони Раҷабалӣ Одинаев, рӯзи 14-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ қабл аз боздошт зери назари пизишкон буд ва дар боздошт вазъи саломаташ бад шудааст.

Ширкати “Умед-88”маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекард ва беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ин ширкат дар саросари Тоҷикистон фаъол буд.

Одиназода аз қавли вакилони дифои раиси ширкати “Умед 88” гуфт, "вазъи саломати Раҷабалӣ бо иллати осеби сутунмуҳра, бемории шуш ва сактаи қалб хуб нест ва боздошти ӯ боис ба авҷгирии бемориҳои мазкур мегардад. Ӯ дар боздошт пайваста месулфад ва мо намедонем, ки бо табиб таъмин шудааст, ё не."

Саодат Одиназода ҳамчунин гуфт, давоми як моҳи дар боздошт будани Раҷабалӣ Одинаев ширкати зертобеи ӯ 55 ҳазор сомонӣ қарзи давлатро баргардонда, дар садади додани боқимондаи маблағи қарз ҳастанд. Наздикони раиси ширкати "Умед-88" дар мактуби худ ба раиси ҷумҳур гуфтаанд, дар сурати аз ҳабси пешакӣ озод шудани Раҷабалӣ Одинаев, онҳо бо гарав мондани амволи ширкат, аз коршарикони хориҷии худ метавонанд дар муддати кӯтоҳ 40 миллион доллар маблағи қарзҳои давлатро бозпас диҳанд.

Дархости модар: "Раҷабалиро авф намоед”

Наздикони Раҷабалӣ Одинаев бо ирсоли ду нома ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хостаанд, ки барои озоди роҳбари ширкати “Умед 88” кӯмак намояд. Дар як мактуб, ки аз номи Бибиҷон Қандалиева, модари Раҷабалӣ Одинаев навишта шудааст, аз Эмомалӣ Раҳмон дархост шудааст, ки роҳбари ширкати “Умед 88”-ро авф намояд.

Хонум Қандалиева дар мактубаш ба Раисҷумҳур менависад, “ман дар ин нома тасмим нагирифтаам, ки фарзандамро таърифу тавсиф намоям, қазияи ӯро сӯе мегузорам, фақат ба ҳайси як модар аз шумо таваллову тазарруъ мекунам, ки писарам то рӯзи саршавии додгоҳ озод карда шавад, то тавонад қарзашро бигардонад ва тавонам аз дидори азизаш дар ин айёми пирӣ қудрату қувват бигирам, вагарна пур аз армон аз дунё, навмед меравам.”

Бибиҷон Қандалиева худро модари “зору парешону маҳзун бо ҳазор умеду орзу” унвон карда, гуфтааст, танҳо Эмомалӣ Раҳмон метавонад ӯро аз ин ҳол раҳо кунад.

“175 миллион сомонӣ: Арзиши амволи “Умед 88”

Дар мактуби дигаре наздикон ва кормандони ширкати “Умед 88” ба раиси ҷумҳур кафолат додаанд, ки дар сурати аз ҳабси пешакӣ озод шудани Одинаев, маблағи қарзи “Роғун” баргардонда мешавад.

“Мувофики хулосаи экспертизаи нархгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати ватании «Умед-88» дар айни ҳол маблағи зиёда аз 175 миллион сомонӣ нархгузорӣ карда шудааст ва илова бар ин, амволҳои хешу таборони номбурда низ метавонад маблағи муайянеро ташкил бидиҳад,”-омадааст дар мактуби кормандони ширкати “Умед-88.”

Кормандони ширкати “Умед 88” ҳамчунин навиштаанд, “Раҷабалӣ Одинаев дар ҳолати ғайриҳабсӣ будан метавонад, бо дарназардошти кафолати моликияти ширкат ва боварии соҳибкорони Федератсияи Русия, ки давоми ҳамкориҳои бисёрмуддат сазовор гардидааст, 40 миллион доллари ИМА-ро барои амалӣ намудани ин ӯҳдадориҳо тариқи шартномаи қарзии ( кредитӣ) бисёрсола бигирад.”

Як моҳ дар боздошт

Қазияи ширкати "Умед 88" ва боздошти раҳбаронаш як моҳ аст, ки идома дорад. Боздошти раҳбарони ширкати "Умед 88" -- яке аз ширкатҳои бузурги таъминкунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14-уми октябр раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро танқид кард, ба “Умед 88” 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонида натавонист.

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед 88" бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Раҳбари ширкати "Умед 88" дар тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат, муттаҳам дониста мешавад.

Раҷабалӣ Одинаев дар як нома аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат, ӯро раҳо кунанд.Одинаев ваъда додааст, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ қарзи нерӯгоҳи Роғунро, ки сабаби боздошти ӯ шуд, бармегардонад.

Коршиносон мегӯянд, ки ширкати "Умед 88" қурбони бозиҳои носолими рақибонаш шуд ва бо эҳтимоли зиёд роҳбаронашро тақдири дигар соҳибкорони зиндонӣ интизор аст. Боздошти раҳбарони ширкати "Умед 88"-ро гурӯҳе кори дасти рақибони онҳо дар бозори нафти Тоҷикистон медонанд.

Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис дод. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекард ва беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG