Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти писари Кӯлобиев. 17 сол пеш дар Шӯрообод чӣ рух дод?


Бегмад Кӯлобиев, падари Шавкат Кӯлобиев

Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб Шавкат Кӯлобиев – сокини 39-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бо гумони қасди куштори пайвандони Зафар Икромов, муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ дар 17 соли пеш боздошт карданд.

Қонун дар нӯги автомат буд. Рости гап, аз тарси боевикҳо коре аз дасти милиса намеомад.

Шавкат Кӯлобиев, ки ҳафтаи гузашта боздошт шуд, писари Бегмад Кӯлобиев – сардухтури собиқи ноҳияи Шӯрообод аст. Худи Бегмад Кӯлобиев соли гузашта бо иттиҳоми даст доштан дар куштори ду сокини деҳаи Шоҳони Болои Шӯрообод дар соли 1997 ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Пайвандонаш ин иттиҳомро сохта медонанд ва мегӯянд, ки Кӯлобиев ҷарроҳ буд ва ҳеҷ вақт силоҳ надошт.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб рӯзи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шавкат Кӯлобиев бар асоси аризаи Амирхон Икромов, раиси собиқи ноҳияи Шӯрообод ва бародари Зафар Икромов, боздошт шудааст. Дар аризаи Икромов, ки ҳоло мақомот тафтиш мекунанд, гуфта мешавад, миёнаҳои моҳи августи соли 2000-ум Кӯлобиев ҳамроҳ бо писараш бо автомати “Калашников” ба манзили зисти онҳо омада, қасди куштани ӯро доштанд. Амирхон Икромов дар аризааш тахмин кардааст, ки эҳтимол автомат як тир дошт ва ба ҳамин хотир Кӯлобиев ҳамроҳ бо писараш дигар тир напарронданд, ҳарчанд бо ҳадафи куштани онҳо омада буданд.

Амирхон Икромов
Амирхон Икромов

Дар замони ин ҳодиса Шавкат Кӯлобиев 23 сол дошт, вале пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар Душанбе донишҷӯ буд. Хонаводаи Икромов ва Кӯлобиев дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб гуфт, “ҳоло Шавкат Кӯлобиев дар боздошт қарор дорад ва парвандаи ӯ бар асоси моддаи 32-104-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне сӯиқасди куштор бо нишондоди шоҳидону хонаводаи Икромовҳо таҳқиқ мешавад.”

Амирхон Икромов, раиси собиқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯрообод), даъвогари аслӣ дар ин парванда рӯзи 11-уми ноябр дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Бегмад Кӯлобиев бо Саттор Абдулхайров, раиси онвақтаи Шӯъбаи амнияти ноҳия, ки бо лақаби “Кӯри Саттор” шинохта мешуд, ошноӣ дошт ва ӯ пайваста мавриди азияти онҳо қарор дошт. Икромов он замон раиси хоҷагии деҳқонӣ буд ва мегӯяд, танҳо “барои итоат накардан ва гап гардондан” миёни онҳо ҷанҷол бархоста буд.

Роҳ ба сӯи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Роҳ ба сӯи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Икромов мегӯяд, он замон ба мақомот ариза дода буд, вале аз тарси Саттор Абдулхайров касе аризаашро баррасӣ накард. Ӯ мегӯяд, дар ин бора дубора соли 2011 замони раиси ноҳия будан ариза дод ва, инак, бо пайдо шудани далелҳо Шавкат Кӯлобиев боздошт шуд. Ӯ аз шарҳи далелҳо “ба хотири халал нарасондан ба тафтишот” худдорӣ кард.

Марги “Кӯри Саттор” шоҳидонро нотарс кард?

Шавкат Кӯлобиев дар ҳоле боздошт мешавад, ки соли гузашта додгоҳи Хатлон падари ӯро барои даст доштан дар куштори Нуралӣ Шеров ва писараш Муҳаммад, сокинони деҳаи Шоҳони Болои Шӯрообод 24 сол зиндонӣ кард. Ба гуфтаи мақомот, ин ҳодиса соли 1997, яъне 20 соли пеш содир шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Кӯлобиев ин ҷиноятро дар ҳамдастӣ Саттор Абдулхайров содир кардааст. Мақомот мегӯянд, сокинон аз Абдулхайров метарсиданд ва аз ин рӯ ҳангоми зинда буданаш аз шаҳодат додан нисбат ба ӯ худдорӣ мекарданд.

Ҳабси Кӯлобиев ва боздошти писарашро мақомот ба маъракаи “ошкор кардани ҷиноятҳои солҳои пеш” рабт медиҳанд, ки чанд соли ахир ҷараён дорад. Наздиконаш ин тасмимро кори дасти бадхоҳон медонанд, ки бо бод додани коҳи кӯҳна аз онҳо қасд ситонанд.

Зафар Икромов
Зафар Икромов

Қарасоч Кӯлобиева, ҳамсари Кӯлобиев рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш ҳамчун ҷарроҳ ба Саттор Абдулхайров кумак кардааст, вале ҳеҷ гоҳ дар даст силоҳ надошт. Ӯ гуфт, нисбат ба шавҳараш хонаводаи Икромовҳо хусумат доранд. Ба гуфтаи ҳамсари Кӯлобиев хусумати Амирхон Икромов аз соли 2010 оғоз шуд. Замоне ки ӯ раиси ноҳия таъин шуд ва Бегмад Кӯлобиев сардухтур буд.

Ӯ гуфт, “барои сарфи нодурусти пул дар ҳукумат Икромовро танқид кард ва аз ҳамон замон миёнашон хусумат пайдо шуд. Касе ёд надорад, ки шавҳару писари ман атвомат доштанд. Касе садои тирро нашунидааст. Ин ҳамааш тӯҳмат аст. Замони ҳодиса писари ман донишҷӯ буд ва дар Душанбе қарор дошт. Ба ғайри гапи холӣ, Икромовҳо дигар ҳеҷ далел надоранд. Писарам панҷ кӯдаки хурдсол дорад, намедонам, ки онҳоро саробонӣ мекунад.”

Акбар Самадов, як пулиси собиқадор, ки дар ноҳияи Шӯрообод ва дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ кор кардааст, гуфт, дар бораи даст доштани Кӯлобиев дар куштор чизе намедонад, аммо он шабу рӯз вазъ ба ҳадде буд, ки ҳар силоҳдор ба осонӣ метавонист нафареро қатл кунад. Самадов гуфт, “қонун дар нӯги автомат буд. Рости гап, аз тарси боевикҳо коре аз дасти милиса намеомад.”

“Ҳеҷ ҷиноят беҷазо намемонад”

Неъматулло Назиров
Неъматулло Назиров

Ҳоло маълум нест, ки парвандаи “сӯиқасди куштор”-и Шавкат Кӯлобиев ба чӣ меанҷомад. Баҳсу норӯшаниҳо атрофи он зиёд аст, вале парванда дар ҳоле боз шудааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ ошкор кардани ҷиноятҳои солҳои пешро аз авлавиятҳои кори тафтишотии худ қарор додааст. Кормандоне, ки дар ошкор кардани ҷиноятҳои солҳои пеш саҳм мегиранд, аз ҷониби раҳбарияти ВКД қадрдонӣ мешаванд.

Дар се моҳи ахир ин вазорат аз боздошти омилони чанд ҷинояти вазнин хабар дод. Аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ дар моҳи сентябр хабар дод, ки Неъматулло Назиров, сокини 42-солаи деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуроободро барои куштори гурӯҳе аз сарбозон бо супориши Мулло Абдулло дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ боздошт кардааст. Ҳангоми боздошти Мансур Назаров, як сокини 50-солаи шаҳри Конибодом вазорати корҳои дохилӣ дар як гузориш таъикд кард, ки “бинобар нооромиҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ солҳо ӯ беҷазо монда буд”. Назаровро Вазорати корҳои дохилӣ дар куштори Рауф Маҷидов як соҳибкор дар 23 соли пеш муттаҳам донист.

Нуралишоҳ Назаров: “Боздошти ҷинояткорон осон набуд”

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бо сабабҳои гуногун ҷиноятҳои солҳои пеш нокушода монданд, ки ҳоло вазорат барои боз кардани онҳо ҷиддан иқдом кардааст.

Нуралишоҳ Назаров
Нуралишоҳ Назаров

Собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ мегӯянд, бо далелҳои ноамн будани кишвар даҳҳо ҷиноят нокушода мондааст ва феълан фурсати варақ задани парвандаҳои кӯҳна расидааст. Нуралишоҳ Назаров, генерали мустаъфии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, замони ноамниҳо ҳама ҷиноят сабт мешуд, вале имкони идома додани тафтишот ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон вуҷуд надошт.

Ӯ гуфт, “он вақт имконият набуд, вазъият ҳамин хел буд. Ҳар ҷое ҷиноят ҳаст, ҳатман ҷабрдидае ҳаст, ки ҳоло бо фаро расидани вақту имконият омада шикоят мекунанд. Тамоми ҷиноятҳо ба қайд гирифта мешуданд. Он замон нисбат ба ҷиноят милиса ё прокуратура кори ҷиноятӣ боз мекард. Бисёре аз ҷинояткорон узви гурӯҳи ҷиноӣ буданд ва ё мақоме доштанд, ки имкони ба ҷавобгарӣ кашиданашон набуд. Ҳоло ҳамон қабил одамонро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ки бисёр кори хуб аст.”

Соли 1992 то 1997 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ буд ва ҳарфи қумондонҳо дар муқоиса ба ҳарфи қонун болотар буд. Ҳарчанд соли 1997 ҷанги дохилӣ анҷом ёфт, аммо ба гуфтаи мақомот таъсири қумондонҳо то солҳои 2014 дар Тоҷикистон пойбарҷо буд ва мақомот бо сабабҳои дубора ноамн накардани кишвар аз таҳқиқи парвандаҳои пурсару садо худдорӣ мекарданд.

Мақомот мегӯянд, дар нооромиҳои ҷангӣ ва авзои бади ҷангӣ даҳҳо ҷинояте содир шудааст, ки ҳоло бо навбат омилонашон ошкору боздошт мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG