Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон: Нуриддин Раҳмон аз сактаи қалб даргузашт. 10 АКС


Нуриддин Раҳмон

Нуриддин Раҳмон (Нуриддин Раҳмонов), бародари калонии президенти Тоҷикистон ва раиси хоҷагии “Раҳмонҷон” дар ноҳияи Данғара, дар 67-солагӣ даргузашт. Ҳукумати Тоҷикистон дар як эъломия гуфт, ки Нуриддин Раҳмон рӯзи 7-уми октябр бар асари сактаи қалб ҷон дод. Маросими дафни ӯ рӯзи 8-уми октябр дар ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.

Моро болои кӯрпачаҳое шинонданд, ки аз замони Шӯравӣ монда буд. Гуфтам, ки чаро инҳоро иваз намекунед, гуфт, ин ёдгорие аз гузашта ҳаст ва онҳоро набояд иваз кунем.

Аз ин пеш як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Данғара, маҳалли зисти Нуриддин Раҳмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мекашид ва барои табобат ба шаҳри Душанбе рафта буд.

Ҳоло барои гӯру чӯби Нуриддин Раҳмон як комиссия таъсис шудааст. Ба ҳайати комиссия намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон, нозирони роҳ ва кормандони пулис шомиланд.

Даҳ акси Нуриддин Раҳмон:

"Ҳамеша аз назари матбуот пинҳон монд"

Бархе аз ҳамсуҳбатони мо аз Нуриддин Раҳмон инсони хоксор ном бурда, гуфтанд, ки дар тӯли 25 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ӯ ҳамеша паси парда буд. Ҳарчанд бархеи дигар ба таъсиру нуфузи ӯ дар интихоби кадрҳо ишора мекунанд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, “Нуриддин Раҳмонов бо вуҷуди бародари шахси аввал будан ба ягон бозии сиёсӣ ҳамроҳ нашуд. Ӯ ҳамеша аз назари матбуот низ пинҳон монд, ба ҷуз чанд ҳолате, ки он ба сиёсат дахл надошт.”​

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки соли 2011 ҳамроҳи бародари раиси ҷумҳур сафари Ҳаҷ дошт, аз ӯ шахси хайрхоҳ ном бурд. Ӯ гуфт, ки “Нуриддин Раҳмонов то ба мақоми баланд расидани бародар ва баъд аз он шахсияти дурандеш ва дилсӯз боқӣ монд.”

Ба қавли раиси Шӯрои уламо, бародари раиси ҷумҳури Тоҷикистон се дафъа – солҳои 2011, 2012 ва 2016 – Хонаи Худоро зиёрат кардааст.

"Моро болои кӯрпачаҳое шинонданд, ки аз Шӯравӣ монда буд"

Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк”, аз камтарин рӯзноманигоронест, ки бо Нуриддин Раҳмонов аз наздик ошноӣ дошт ва барои матбуот низ бо ӯ мусоҳиба кардааст. Ӯ рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бародари президентро як инсони наҷиб дарёфта буд, ки ҳамеша бо таъби зариф атрофиёнро механдонд.

Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим

Ӯ гуфт, “вақте бори аввал дар хонаи падариаш меҳмон шудем. Моро болои кӯрпачаҳое шинонданд, ки аз замони Шӯравӣ монда буд. Гуфтам, ки чаро инҳоро иваз намекунед, гуфт, ин ёдгорие аз гузашта ҳаст ва онҳоро набояд иваз кунем. Гуфт, ин кӯрпачаҳо баракат доранд. Ягон карру фар надошт. Бисёр ботавфиқ буд ва ҳамеша хоҳиш мекард, ки дуо кунем.”

Аҳмади Иброҳим мегӯяд, вақтҳои ахир Нуриддин Раҳмон танҳо аз дарди пой шикоят мекард ва мегуфт, ки агар ин дард азияташ надиҳад, дигар ҳеҷ дарде надорад. “Ӯ дар ноҳияи Данғара банди корҳои хоҷагӣ буд. Фермаи мурғпарварӣ карда буд, ҷойҳои ноободро обод карда буд. Мурғпарварӣ, бедонапарварӣ ва кабкпарвариро дар Данғара ба роҳ монда буд”, - афзуд Аҳмади Иброҳим.

Нуриддин Раҳмон
Нуриддин Раҳмон

Аз механизатор то раҳбари "Раҳмонҷон"

Нуриддин Раҳмон соли 1950 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кор кардааст. Баъдан, ӯ роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба ӯҳда дошт.

Бародари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ягон мансаби давлатӣ надошт ва солҳои ахир бознишаста буд. Ду соли пеш писари 36-солааш Умедҷони Нуриддин, додситони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG