Пайвандҳои дастрасӣ

Дилдорҷон Рашидова: “Маро аз фарзандонам ҷудо накунед”


Дилдорҷон Рашидова. Акс аз вебсайти "Ахбори Қостанай" бо иҷозаи муаллифон гирифта шудааст

Як зани тоҷикро, ки бо се фарзандаш дар Русия ба сар мебурд, аз ин кишвар ихроҷ кардаанд ва фарзандони ӯ ҳамакнун бесаробон мондаанд. Дилдорҷон Рашидова, модари се фарзанд, ки аз соли 2002 дар шаҳри Екатеринбург ба сар мебурд, ҳоло дар марзи Қазоқистону Русия дар мавзеи Қарабалик қарор дорад.

Дилдорҷон Рашидова мегӯяд, дар ин муддат нафаре ҳам аз мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати шунидани мушкили ӯ ва ҳалли он бо вай дар тамос нашудаанд.

Рашидова рӯзи 29-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “нуҳ моҳ мешавад, ки пас аз убури марзи Русия бо Қазоқистон наметавонам дубора ба назди фарзандон баргардам”. Ин модари тоҷик мегӯяд, пас аз нопадид шудани шавҳараш бо фарзандон барои пайдо кардани рӯзӣ аз маҳаллаи Офтобрӯяи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ба Екатеринбург рафт ва то ба ҳол аз шавҳараш дараке нест.

“Ман соле ки ба Русия рафтам, кӯшиш мекардам, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоям дуруст бошад. Вақте қонуни “иҷозаи кор” баромад, ҳамонро сари вақт мегирифтам. Баъд “патент” баромад, “патент” гирифтам”, - гуфт ӯ. Рашидова мегӯяд, бори охир маҳз бо айби масъулони худи идораи муҳоҷирати Русия ё ФМС муҳлати санаи иқомати ӯ дар ҳудуди Русия гузашт ва ӯ ба рӯйхати афроди “мамнуъ-ул-вуруд” шомил шуд.

Хабарнигори "Ахбори Қостанай", ки ин аксро бардоштааст, мегӯяд, Дилдорҷон бо духтари хурдсолаш нуҳ моҳ боз тариқи телефон суҳбат мекунад
Хабарнигори "Ахбори Қостанай", ки ин аксро бардоштааст, мегӯяд, Дилдорҷон бо духтари хурдсолаш нуҳ моҳ боз тариқи телефон суҳбат мекунад

Вай гуфт, “мехостам шаҳрвандии Русияро бигирам. Муҳлати сабти иқомат ва ё “прописака”-и ман ахиран бо айби худи ФМС гузашт. Ман бояд РВП (иҷозатт муваққат барои зист) мегирифтам, барои ҳамин санадҳоям дар дасти маъмурони ФМС буд. Ба онҳо гуфтам, ки муҳлати сабт мегузарад ва ман бояд як бор марзро гузашта оям. Онҳо гуфтанд, ки худамон муҳалаташро дароз мекунем, аммо накарданд”.

Дилдорҷон Рашидова мегӯяд, ӯ ҳар се моҳ аз марзи Русияву Қазоқистон убур карда, муҳлати будубошашро дароз мекард, аммо ин бор чун муҳлати “регистратсия” гузашта буд, марзбонон ӯро аз ҳаққи вуруд ба Русия барои се сол маҳрум карданд ва ӯ ба назди фарзандонаш баргашта наметавонад. Вай мегӯяд, “ман дар Тоҷикистон хона надорам. Ба куҷо равам? Дар Екатеринбург як хонаро иҷора мегирем. Духтари хурдиам синфи севум мехонад. Писари дувумам синфи 9-ро хатм карду ният дорад, ба ягон коллеҷ дохил шавад. Писари калониам 24-сола аст ва ҳоло харҷи оиларо ӯ пайдо мекунад”.

Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, ки бидуни кадом огоҳӣ ва гуноҳ аз ҳудуди Русия ихроҷ карда мешаванд
Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, ки бидуни кадом огоҳӣ ва гуноҳ аз ҳудуди Русия ихроҷ карда мешаванд

Нуҳ моҳе, ки Рашидова дар ин сӯи марз дармондааст, фарзандони ӯро як пиразани 68-солаи рус нигоҳубин мекардааст. Рашидова мегӯяд, “ҳафт сол пеш ин зани рус дар кӯча монд. Ман ӯро мешинохтам ва ба хона даъват кардам. Ӯро нигоҳубин карда, якҷоя зиндагӣ доштем. Акнун ӯ кӯдакони маро ҳоло нигоҳ карда истодааст.”

Изтироб ва хавфи модар аз он аст, ки мақомоти парастории Русия (опека) дар набудани ӯ фарзандонашро ҳамчун бепарастор ба ятимхона насупоранд. Дар ин муддат ҳамкорон ва ошноҳои Рашидова барои раҳо шуданаш аз ин мушкил 70 ҳазор рубли русӣ ҷамъ овардаанд. Рашидова мегӯяд, ҳар моҳ ба назди сарҳадбонон меравад, “аммо онҳо мегӯянд, то ҳалномаи суд набошад, маро роҳ намедиҳанд. Ман гирён боз ба хобгоҳ бармегардам”.

Ба гуфтаи Дилдорҷон Рашидова барои баррасии қазияааш дар додгоҳ ӯ ба Русудан Тугуши Моисеевна ном зане беш аз 70 ҳазор рублро додааст, то қазияаашро тариқи суд ҳал кунад. “Аммо ин зан пулро гирифта, кори маро ҳал накард ва ҳоло бедарак шудааст”, - мегӯяд Рашидова.

Умаралӣ Назарови панҷмоҳа баъди боздошти модараш дар моҳи октябри соли 2015 дар бемористони Тсимбалина даргузашт
Умаралӣ Назарови панҷмоҳа баъди боздошти модараш дар моҳи октябри соли 2015 дар бемористони Тсимбалина даргузашт

Модари тоҷик мегӯяд, тӯли ин ҳам солҳо дар ду ширкат – як мағоза ва як коргоҳи тамизкории даромадгоҳи хонаҳо кор карда, зиндагии худ ва фарзандонашро таъмин ва харҷи таҳсили онҳоро пардохт мекард. Аммо мегӯяд, ҳоло дар вазъияте афтодааст, ки намедонад аз он чӣ гуна берун барояд. Ҳоло хонум Рашидоваро молики меҳмонхонаи “Заря” дар Қарабалик сарпаноҳ додааст ва ӯ муваққатан дар он ҷо ба сар мебарад.

Дилдорҷон Рашидова мегӯяд, дар ин муддат нафаре ҳам аз мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати шунидани мушкили ӯ ва ҳалли он бо вай дар тамос нашудаанд. Дар ҳамин ҳол, манобеи намояндагии Тоҷикистон дар Екатеринбург гуфтанд, ки барои ҳалли қазия касе муроҷиат накардааст, вале баробари шунидани хабар аз паяш шудаанд. Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия ҳам гуфтааст, ки дар ҳалли қазияи Дилдорҷон Рашидова ёрӣ хоҳад кард.

Муҳоҷирон мегӯянд, бар иловаи буҳрони сахти иқтисодӣ, тафтишу санҷиши онҳо аз сӯи мақомоти Русия ҳам афзудааст
Муҳоҷирон мегӯянд, бар иловаи буҳрони сахти иқтисодӣ, тафтишу санҷиши онҳо аз сӯи мақомоти Русия ҳам афзудааст

Ҳамасола даҳҳо ҳазор афроди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти рисқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Аммо дар ҳоли ҳозир тақрибан 300 ҳазори барои аз 3 то 10 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд. Ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни сафари моҳи феврали Владимир Путин ба Душанбе аз мақомоти Русия хоста буд, то теъдоде аз муҳоҷиронро афв кунанд.

Моҳи гузашта мақомоти Русия эълон карданд, ки дар муддати як моҳ муҳоҷирони тоҷик ҳақ доранд, будубоши худро дар ҳудуди ин кишвар қонунӣ кунанд. Ҳоло маълум нест, дар ин муддат чи қадар аз муҳоҷирон аз “афв”-и эълонкардаи Русия баҳраманд шудаанд. Вале бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, муроҷиати онҳо барои қонунӣ кардани будубошашон баръакс ё бо ихроҷ анҷомид, ё боздошт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG