Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини ректор барои 16000 доллар "пора" 8 сол зиндонӣ шуд


Дилшод Солеҳов

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Солеҳов, муовини аввали раиси Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ҷурми “гирифтани пора дар ҳаҷми калон” ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи 13-уми ноябр содир шуд. Вале пайвандони Солеҳов гуфтанд, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинӣ ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Шаҳрванди Тоҷикистон, ё донишҷӯи хориҷӣ?

Ҳама ҳалли корашро дар пора мебинад ва институти гирифтану додани пора шакл гирифтааст. Дар майнаи мардуми мо аз боғча додани пора ҷой шудааст. Вақте талаб ба пора ҳаст, он пешниҳод мешавад.
Абдумалик Қодиров

Мақомот муовини аввали ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ба он айбдор карданд, ки ӯ охири моҳи августи соли равон гӯё барои шомил кардани як довталаб ба сафи донишҷӯён 16 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Як манбаи огоҳ аз парванда рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилшод Солеҳови 45-сола ба падари довталаб ваъда кардааст, ки ӯро ҳамчун “донишҷӯи хориҷӣ” бидуни имтиҳони Маркази тестӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон хоҳад кард.

“Падару писар дар додгоҳ шоҳидӣ доданд ва мақомот низ сабтҳои фаврии худро пешниҳод карданд, ки пора гирифтани Солеҳовро собит мекунад”, - афзуд мусоҳиби мо.

Наздикон: Бо ҳукм розӣ нестем

Бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон

Шодӣ Сафаров, яке аз пайвандони Дилшод Солеҳов, рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳро қабул надоранд ва ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, “ҳасудон муваффақияти Дилшодро, ки ҳамчун олими ҷавон дар дохилу хориҷ шӯҳрат пайдо карда буд, дида натавонистанд ва ӯро мавриди тӯҳмат қарор доданд.” Ӯ афзуд, “амалан Дилшод он ҷавонро донишҷӯ накардааст ва пулро ҳам бо он мақсад нагирифтааст. Чанд далели бегуноҳии Дилшод ҳаст, ки додгоҳ онро ба инобат нагирифт. Умедворем, суди зинаи болоӣ онҳоро ба эътибор хоҳад гирифт”.

Соли 2014 дар Тоҷикистон Маркази миллии тестӣ фаъол шуд ва мақомот гуфтанд, ки ин марказ фасод ҳангоми дохил шудани донишҷӯён ба мактабҳои олиро аз миён мебарад. То таъсиси Маркази миллии тестӣ вуруд ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи имтиҳони шифоҳӣ ва хаттӣ баргузор мешуд ва ҳар донишгоҳу донишкада бевосита худаш масъули қабули довталабон буд. Пас аз таъсиси марказ, масъулияти қабули довталабон ба уҳдаи ин идораи нав гузашт.

Талаби пора кам шуд, вале роҳҳои нав ихтироъ карданд

Мақомот мегӯянд, воқеан, пас аз таъсиси ин марказ ҳангоми дохил шудани довталабон ба донишкада ва донишгоҳҳо фасод кам шуд, вале баъзе афрод “роҳҳои нав”-е барои вуруди довталабон пайдо карданд. Мақомоте, ки парвандаи Дилшодро тафтиш карданд, гуфтанд, ӯ мехост, аз квотаи донишҷӯёни Ҳинд истифода барад, зеро танҳо довталабони хориҷӣ ҳаққи бе имтиҳони Маркази миллии тестӣ ворид шудан ба донишгоҳҳои кишварро доранд.

Аммо масъулини Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳамчун донишҷӯи хориҷӣ ворид кардани як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ин муассиса рад мекунанд.

Нигора Муқимӣ, як масъули Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи 14-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “барои ба даст овардани фоидаи муфт “ихтироъ” ҳам мекунанд, лекин агар мушоҳида кунед, зуд ба даст меафтанд. Ҳар кирдори бад сазои худро дорад ва бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳатман кирдорашон ошкор мешавад.”

Ниёз ба як муборизаи ҷиддӣ ҳаст. На ба хотири намоиш, балки ба хотири ислоҳ. Агар ин мубориза сурат бигирад, ҳатман вазъ тағйир меёбад.

То замоне мубориза ҷиддӣ гирифта нашавад...

Оҷонси давлатии мубориза бо фасод, ягона ниҳоде дар Тоҷикистон аст, ки соли 2006 махсус барои мубориза бо фасод таъсис ёфт. Ба ҷуз ин ниҳод, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Додситонии кул низ салоҳияти ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба фасодро доранд.

Талошҳои, ба истилоҳ, дастҷамъонаи Тоҷикистон дар мубориза бо фасод ҳанӯз дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ мақоми ин кишварро тағйир надодааст. Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Transparency International дар раддабандии соли 2016 оид ба фасодпазирӣ Тоҷикистонро дар зинаи 151 қарор дода буд, ки нисбат ба соли 2015 15 зина қафо мебошад. Дар раддабандии соли 2015 Тоҷикистон мақоми 136-ро дошт.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, то замоне ки мубориза бо фасод ҷузъӣ ва намоишӣ ҳаст, ҳатман фасодкорон дар ҷустуҷӯи роҳи нав мешаванд ва фасод бетағйир боқӣ мемонад. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи Қодиров, аз зеҳни ҷомеа “пораро ҳамчун роҳи ҳалли мушкил” дур кард. Ӯ гуфт, “зоҳиран, хотирбинӣ дар маъракаи мубориза бо фасод ба назар мерасад. Ҳама ҳалли корашро дар пора мебинад ва институти гирифтану додани пора шакл гирифтааст. Дар майнаи мардуми мо аз боғча додани пора ҷой шудааст. Вақте талаб ба пора ҳаст, он пешниҳод мешавад. Як роҳашро бастанд, роҳи дигарашро пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, ниёз ба як муборизаи ҷиддӣ ҳаст. На ба хотири намоиш, балки ба хотири ислоҳ. Агар ин мубориза сурат бигирад, ҳатман вазъ тағйир меёбад.”

Беш аз 600 донишҷӯи хориҷӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки масъулашро барои “кашфи нави роҳи пора гирифтан” боздошт карданд, аз маъруфтарин донишгоҳҳои кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин донишгоҳ беш аз 6 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки дар миёни онҳо наздики 600 донишҷӯи хориҷӣ ҳастанд.

Дар пажӯҳишҳои солҳои ахир оид ба вазъи коррупсия дар Тоҷикистон, бахши маориф яке аз фасодзадатаринҳо ном бурда мешавад. Дар гузашта борҳо боздошти масъулин ва кормандони ин соҳа барои гирифтани пора расонаӣ шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG