Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълулон: "Моро ҳамчун захираи меҳнатии давлат бинанд, на чун бемор".ВИДЕО


Орзӯи зиндагии беҳтар гурӯҳе аз маълулонро дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе ҷамъ овард. Дар ин гирдиҳамоӣ намояндагони созмонҳои маълулон аз даҳ кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Қарор аст дар ин нишасти серӯза миёни созмонҳои маълулони ин кишварҳо табодули таҷриба сурат бигирад. Аз ҷумла дар мавриди пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи маъюбон.

Конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро 160 кишвари ҷаҳон имзо кардаанд, аз ҷумла ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Тоҷикистон.

Асадуллоҳ Зикрихудоев, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон мегӯяд, талош доранд, ки афроди маъюбро дар ҷомеа ҳамчун узви ҷудонашаванда ва баробарҳуқуқ қабул кунанд. "Мо эҳсос мекунем, ки дар аксари вақт ба мо ҳамчун шахси бемор, ки ба ӯ кумак даркор аст, рафтор мекунанд. Мо мехостем, ки моро ҳамчун захираи меҳнатии давлат бинанд",-афзуд Асадуллоҳ Зикрихудоев.

Намояндагон аз созмонҳои маъюбони кишварҳое чун Русия, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Олмон ва ғайра аз мушкилоташон дар кишварҳои худ гуфтанд. Ба гуфтаи онҳо, бархе аз мушкилоти онҳо шабеҳи гирифториҳои маълулони Тоҷикистон будааст.

Виталий Ковалев, раиси Иттиҳодияи маъюбони Молдова мегӯяд, "ҳамаи мо зодаи низоми шӯравием. Ва ҳамаи мо ин марҳилаи гузаришро як хел паси сар мекунем. Ҳарду кишвар қариб, ки аз як мушкилот гузашт, аз ин лиҳоз фикр мекунам, ки як мушкилот дорем ва онро ҳам бояд ба якҷоя ҳал кунем."

Маълулон дар орзуи зиндагии беҳтар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Масъулони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯянд, ин кишвар тамоми имконот барои пайвастан ба Паймони ҳуқуқи маълулонро дорад, аммо бояд чанд марҳиларо тай кунад. Пратибҳа Меҳта, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон дар ин ҳамоиш роҷеъ ба ин масъала гуфт, ки дар ин росто бояд баъзе масоил ҳаллу фасли худро ёбанд. Ин аст, ки ӯ гуфт, ҳамроҳ шудан ба ин конвенсия такмили қонунгузории миллӣ ҳамроҳ бо ислоҳи қонунро талаб мекунад.

Ба гуфтаи ин масъули СММ, "барои фароҳам овардани ҳамаи ин ҳуқуқ лозим аст, ки масоили молӣ ҳам ҳаллу фасл шавад. Ҳамчунин ба гуфтаи Пратибҳа Меҳта, барои фаро гирифтани ҳамаи одамони маъюб, бояд омори марбут ба маълулон такмил ва ҳамаи маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ шавад.

Пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон чи тағйиротеро дар зиндагии маълулони кишвар эҷод хоҳад кард? Конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро 160 кишвари ҷаҳон имзо кардаанд, аз ҷумла ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Тоҷикистон. Маълулони Тоҷикистон умедворанд, ки чархи узвияти кишварашон дар ин паймон ҳам базудӣ ба ҳаракат дарояд.

XS
SM
MD
LG