Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасиби заҳролуд барои сагҳои хиёбонӣ дар Хоруғ? ВИДЕО


Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, куштори сагҳои дайду ё бесоҳиб боис ба нигаронии сокинон шудааст.

Дидани онҳо хеле нороҳаткунанда аст. Соатҳо ҷон мекананд. Ҳама масъулин аз ин кор огоҳанд

Дар ин шабу рӯз дар Хоруғ сагҳои дайдуи зиёдро дидан мумкин аст, ки дар ҳолати ҷонканӣ ва хашму девонагии пеш аз марг қарор доранд. Бархе аз сокинон мегӯянд, ба хотири тоза кардани шаҳр аз сагҳои бесоҳиб, ба ин ҷонварон ҳасиби заҳролуд дода мешавад. Саг дар муддати чандин соат ва бо азият ҷон медиҳад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳасиби заҳролуд барои сагҳои хиёбонӣ дар Хоруғ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Акбаршоҳ Алимаҳмадов, як сокини шаҳри Хоруғ, рӯзи 30-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзона садҳо хурду калон дар маркази шаҳр гаштугузор мекунанд ва дидани ҳоли зори сагҳои заҳролудшуда онҳоро аз як сӯ нигарон ва аз тарафи дигар ваҳшатзада кардааст. Алимаҳмадов гуфт, баъзе аз сагҳои эҳтимол заҳрхӯрда “девона” ва дар фурсати пеш аз марг хеле хатарнок мешаванд.

Ӯ гуфт, агар мақомот мехоҳанд, шаҳрро аз сагҳои бесоҳиб тоза кунанд, набояд аз василаҳои хушунатомез, ки ҷонварро соатҳо азоб медиҳад, истифода кунанд. “Дар ҳасибчаҳо ишқор омехта карда, ба сагҳо медиҳанд. Онҳо ҳасибҳои заҳролудшударо дар партовгоҳ мепартоянд ва сагҳо аз онҷо мехӯранд. Дар як рӯз мефавтанд. Дидани онҳо хеле нороҳаткунанда аст. Соатҳо ҷон мекананд. Ҳама масъулин аз ин кор огоҳанд”, - гуфт Акбаршоҳ Алимаҳмадов.

Дар ҳоле ки сокинон мақомотро масъули ин ҳодисаҳо меноманд, намояндагони мақомот ин иттиҳоморо қабул надоранд. Дар идораи хоҷагии коммуналии шаҳри Хоруғ, ниҳоди масъули шаҳрдорӣ оид ба масоили ҷонварони хиёбонӣ, гуфтанд, касе махсус ҷонварҳои бесоҳибу ҳориро нобуд намекунад.

Ёрасен Ғуломасенов, масъули идораи манзиливу коммуналӣ дар шаҳри Хоруғ, рӯзи 30-юми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, идораи онҳо танҳо ба тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо аз ҷасади сагҳои кушташуда машғул аст. Вай гуфт, ки онҳо ҷасади сагҳои дайдуро дар партобгоҳи умумии шаҳр зери хок мекунанд. "Солҳои қабл сагҳои ҳорӣ аз тарафи афроди махсус тавассути милтиқҳои шикорӣ парронда мешуданд. Баъд аз соли 2012 ду милтиқеро, ки дар ихтиёри идора буд, аз тарафи мақомот мусодира шуд", - афзуд ӯ.

Аммо мавзӯи сагҳои хиёбонӣ ва бархӯрд бо онҳо яке аз масоили мавриди нигаронии сокинони Хоруғ шудааст. Маҳтоб, як сокини шаҳри Хоруғ, гуфт, рӯзе ба бозори марказӣ омад ва сагеро дид, ки ҳангоми ҷон додан даступо мезад. Маҳтоб гуфт, "маълум буд, ки дард мекашид ва мисли як инсон нола мекард. Набояд сагҳои бесоҳибро бераҳмона нест кард. Гузашта аз ин, одамоне ҳастанд, ки сагҳои худро хуб нигоҳубин мекунанд ва ҳамроҳ бо худ ба кӯча мебаранд. Вақте онҳо чунин ҳасибҳоро мебинанд, ҳатман мехӯранд ва онҳо низ мемиранд."

Алихон Латифӣ
Алихон Латифӣ

Ба қавли мутахассисон, аксаран дар сар задани чунин ҳодисаҳо худи одамон гунаҳкоранд. Чун, ба гуфтаи онҳо, дар нигаҳбонии ҷонварон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Алихон Латифӣ, муассиси торнамои “Даҳмарда”, ки дар бораи сагҳои чӯпонӣ дар Тоҷикистон пажӯҳиш мекунад, гуфт, бархе мисли бозича як муддат ҷонварро бо худ мегиранду сипас онро дар кӯча мепартоянд. Баъдан, ба гуфтаи ӯ, ҳамин гурӯҳи сагҳои дур аз назорат ба як манбаи хатар дар ҷомеа табдил меёбанд.

"Барои мисол, дар кишварҳои хориҷ чунин сагҳоро дар як макони махсус як муддат нигоҳ медоранд. Баъдан ба шаклҳои гуногун: ё дору дод, ё парронда мекушанд. Аммо инки онҳоро заҳролуд мекунанду азоб медиҳанд, дуруст нест", - шарҳ дод ӯ.

Мутахассисони ҳифзи муҳити зист мегӯянд, истифодаи туфанг дар несту нобуд кардани сагҳои ҳорӣ беҳтар аст. Чун ҷонварон азоби зиёд намекашанд ва ҳам гирифтори беморие намешаванд, ки ба одамон хатар эҷод кунанд. Ҳоло ба ҳисоби миёна барои куштани як саг бо истифода аз туфанг ҳудуди аз 40-50 сомонӣ харҷ мешавад. Аммо ин мутахассисон ин маблағро гарон медонанд ва мегӯянд, ин боис ба он шудааст, ки сокинон аз шеваҳои бераҳмонаи куштани ҷонварон кор бигиранд.

Масъулони идораи Хоҷагии коммуналӣ аз шеваи бераҳмона куштани сагҳо дар ҷойҳои серодам изҳори бехабарӣ мекунанд, аммо мегӯянд, танҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 саг кушта шудааст. Ба гуфтаи масъулин, тайи ин муддат аз ҳайвони девонаву дайду касе зиён надидааст.

XS
SM
MD
LG