Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти 36 зани "танфурӯш" барои саркашӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа даҳҳо занро, ки дар ҷараёни амалиёти зидди танфурӯшон аз иҷрои амри кормандони пулис саркашӣ кардаанд, ҷазо додааст.

Дар маркази маъмуриии вилояти Хатлон 36 зан барои итоат накардан ба амри кормандони пулис, муҷозот шудаанд. Тайи ду ҳафтаи ахир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кӯчаву хиёбон ва тарабхонаю дискоклубҳои Қӯрғонтеппа ба манзури боздошти занони танфурӯш, рейд ва ё санҷишҳо роҳандозӣ карда ва даҳҳо занро боздошт намуданд. Ба иттилои додгоҳи Қӯрғонтеппа, муҷозоти ин занон тибқи шикояти маъмурони пулиси ин шаҳр сурат гирифтааст.

Ба иттилои додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, алайҳи 4 тан аз ин занон бар асоси моддаи 479, қисми яки ҳуқуқвайронкунӣ, яъне итоат накардан ба амри кормандони пулис, парванда боз шудааст. Ҳамчунин 12 нафар ба муддати аз 5 то 7 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум гардида ва боқимонда ҳар яке ба маблағи 120 сомонӣ, муҷозот шудаанд.

Сироҷиддин Саидвалӣ, раиси додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Гоҳо маст ҳастанд, ки итоат намекунанд, баъзеи инҳо, ки ҷарима ва ҳабси маъмурӣ шуданд, кӯдакҳои ноболиғ низ доранд. Ин занҳо дар дискоклубҳо буданд. Кори инҳо маълум аст. Дар ҷараёни рейдҳо ба кормандони милиса итоат накардаанд."

Аммо бархе аз ин занон, ки дар ҷараёни рейдҳо боздошт шудаанд, мегӯянд, ба ҷарима шудан ва пешгирии фоҳишагарӣ зид нестанд, вале тарзи сӯҳбат ва муносибати пулис бо онҳо нигаронкунанда аст.

Зайтуна, як зани 35-сола, ки 3 фарзанд дорад, низ дар миёни онҳое мебошад, ки аз сӯи додгоҳ ба маблағи 120 сомонӣ муҷозот шудаанд. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "пулис моро ҳақорат ё сухани қабеҳ намегӯяд, вале пайваста моро "ҳаром" ва "ифлос" мегӯяд, ки ин сӯҳбаташон хуб нест. Вале шахсан ман аз инки ҷарима мекунанд ва мехоҳанд, ки шумораи моро кам кунанд, зид нестам, чун дар ҳақиқат кори мо ифлос аст."

Занони фоҳиша мегӯяд, вақте, ки бо онҳо муносибати бад сурат мегирад, онҳо низ дар ҷавоб рафтори бад мекунанд.

Аммо нозири пулиси яке аз маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бо ин занон муносибати хуб доранд, аммо онҳо "пуррӯ ё нотарс" шудаанд ва дигар сухани кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба инобат намегиранд ва намехоҳанд, ки барои бозпурсӣ ба шӯъба бираванд.

Ин нозири пулис гуфт, ки занони гумонбар ба танфурӯшӣ муносибати бад доранд ва бинобар ҳамин онҳо маҷбур мешаванд барои пешгирӣ аз фоҳишагарӣ, ба мақомоти додгоҳӣ муроҷиат кунанд: "Ин танфурӯшҳо гапи ҳеҷ касро гӯш намекунад, мегӯяд, ки барои мо кор пайдо кунед, баъд аз ин роҳ мегардем, мегӯем, ки дар бозор кор кунед, аммо онҳо кор намекунанд."

Идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон мегӯяд, ки омори дақиқи занони фоҳиша дар ихтиёри онҳо нест, вале заноне, ки дар ҷараёни рейдҳои ҳафтаинаи онҳо боздошт мешаванд, 30 нафар ва гоҳо аз ин ҳам зиёд аст. Аксарияти онҳо аз шаҳру навоҳии вилоят Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъ мешавад ва даст ба танфурӯшӣ мезананд.

Тибқи иттилои расмӣ, занони дигаре, ки ба фоҳишагӣ даст мезананд, дар ҷодаҳо, истгоҳҳо ва дар алоҳидагӣ барои худ муштарӣ пайдо мекунад, чунки намехоҳанд дар амалиёти зидди занони танфурӯш боздошт шаванд.

Як созмони иҷтимоӣ, ки дар миёни занони танфурӯш бар зидди бемориҳои сироятӣ таблиғот мебарад ва дар се маҳаллаи Кӯрғонтеппа дафтари корӣ дорад, мегӯяд, ки ин занон аксаран аз нодорӣ ва пайдо накардани ҷои кори муносиб ба ин роҳ мераванд ва дар ниҳоят бархе аз онҳо ба бемориҳои мухталифи сироятӣ гирифтор мешаванд. Чанде пеш дар Хатлон барои ин занон дарси ахлоқ баргузор карда шуд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз фоҳишагӣ ва ҷалби занони танфурӯш ба масири дурусти зиндагӣ, гуфта мешавад.

Қонунҳои Тоҷикистон барои танфурӯши муҷозот таъйин кардааст. Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шадидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд.

Бар пояи ислоҳи ин қонун дар давоми як сол агар танфурӯш бори дуввум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун кормандони тиҷорати фаҳшо бо супоридани 400 то 800 сомонӣ раҳо мешуданд. Зеро дар қонунгузории кишвар танфурӯшӣ на ҷиноят, балки қонуншикании маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистондаллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахонаро ҷиноят мешиносад ва барои чунин аъмол муҷозоти сангинтарро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG