Пайвандҳои дастрасӣ

Муштариёни бонкҳои Тоҷикистон ба як мушкили дигар рӯ ба рӯ шудаанд.

То ду соли пеш дар Душанбе саррофиҳои зиёде буд. Ҳар вақт мехостӣ, доллар ё рубл мехаридӣ. Ҳоло ин саррофиҳоро ба ихтиёри бонкҳо доданд. Яъне, моро дар миёни чор дарё тахтабанд кардаанду боз мегӯянд, ки доман тар накун

Худдории аксари бонкҳо аз конвертатcия ё табдили асъори хориҷӣ ташвиши онҳоеро, ки мехоҳанд барои наздикони худ ба хориҷа пул фиристанд, бештар намудааст. Ҳамакнун сокиноне, ки, барои мисол, мехоҳанд ба фарзанди донишҷӯи худ ба Русия пул фиристанд, бояд на бо сомонӣ, балки бо рубл вориди бонк шаванд.

Абдуқодири Рустам, нависандаи тоҷик, ҳар моҳ барои писари донишҷӯяш ба Екатеринбурги Русия пул мефиристад. Ӯ рӯзи 6-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин дафъа чанд соатро дар назди дари ду бонк талаф кард, то ба писараш барои хариди либоси зимистона пул равон кунад. Ҳам дар “Амонатбонк” ва ҳам дар “Имон Интернешнл” дархости ӯро барои қабули пули сомонӣ барои конвертатсия ба рубли русӣ ва интиқоли он ба Екатеринбург рад карданд. Ба ӯ гуфтаанд, бояд рубли русӣ пайдо карда биёрад. Худи бонк ҳам барои фурӯш рубли русӣ надоштааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бибинед:

Абдуқодири Рустам бо ҳайрат мегӯяд, вақте худи бонк асъори хориҷӣ надорад, пас, як сокини одӣ аз куҷо метавонад ин пулро пайдо кунад? “То ба мудирони ин бонк муроҷиат ва шикоят кардам. Коре карда натавонистанд. Чун аз кор дер монда будам, маҷбур доллар харидаву ба писарам фиристодам. Вале доллар ҳам роҳҳал нест, он ҳам ба қадри кофӣ дода намешавад. Ба ман бо мушкил 200 доллар дода шуд. Конвертатсия яке аз барномаҳои кори бонкҳо аст. Ба шикояту норозигии ман дар бонк гуфтанд, «мо намедонем, ба мо гуфтанд, ки конвертатсия накунед”, - афзуд ӯ.

Мисли фарзанди Абдуқодири Рустам дар Русия садҳо донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Мушкил дар интиқоли пул бо асъори миллӣ барои хонаводаи онҳо “дарди сар” эҷод мекунад. Абдуқодири Рустам мегӯяд, бонк дар ҳоле аз онҳо барои интиқол рубл талаб мекунад, ки ба ҷуз худи бонк дар ҷойи дигаре хариду фурӯши асъори хориҷӣ манъ аст ва ҷавобгарӣ дорад. Ӯ афзуд, “то ду соли пеш дар Душанбе саррофиҳои зиёде буд. Ҳар вақт мехостӣ, доллар ё рубл мехаридӣ. Ҳоло ин саррофиҳоро ба ихтиёри бонкҳо доданд. Яъне, моро дар миёни чор дарё тахтабанд кардаанду боз мегӯянд, ки доман тар накун.”

Ин силсилаи паёмадҳоест, ки мо пештар ҳушдор дода будем.
Шамсиддин Ҷалолов

Масъулини бонки “Эсхата” ва “Имон интернешнл” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ манъи конвертатсия ё мубодилаи асъорро зимни интиқоли маблағ ба Русия тасдиқ карданд. Ба гуфтаи як корманди “Имон интернешнл”, ин иқдоми муваққатӣ аст ва онҳо феълан имкони табдили ҳамагӣ 200 сомониро доранду бас. Аммо аз шарҳи сабаби манъи мубодилаи асъор зимни интиқоли пул ба Русия худдорӣ кард.

Вале як намояндаи бонки “Эсхата” гуфт, ба далели камбуди пули русӣ дар хазинаи бонк онҳо ду ҳафта боз дар интиқоли пул бо табдили асъор мушкил доранд. “Аз қабл тартиб ҳамин буд, ки ба хориҷ бо асъори ҳамон кишвар пул фиристода мешуд. Аммо барои осон кардани кори мардум мо сомонии онҳоро гирифта, табдил мекардем ва интиқол медодем. Ҳоло пули русӣ кам аст. Агар дар хазина бошад, шумо метавонед аз хазина харида фиристед. Агар рубл набошад, бояд бо худатон рубл биёред ва интиқол диҳед”, - гуфт ӯ.

Тағйироти нав дар кори баъзе аз бонкҳои кишвар зимни интиқоли пул ва конвертатсия ё мубодилаи он дар ҳолест, ки Бонки Миллии Тоҷикистон ягон дастуру супориши расмӣ дар ин маврид содир накардааст. Масъулини Бонки миллӣ рӯзи 6-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ин тасмими бонкҳо худсарона аст ва дар пайи шикояти мизоҷон ба тафтиши чанд бонк шурӯъ кардаанд.

Ба фарқ аз бонкҳои дигар, мизоҷони “Ориёнбонк” мегӯянд, дар ин бонк зимни интиқоли пул ба хориҷа табдили асъор ҳеч мушкил надорад ва муштариён метавонанд, барои интиқол роҳат бо пули сомонӣ ба бонк ворид шаванд. Бонкҳо масъулияти пайдо кардани пулро дар ҳоле ба дӯши худи мардум гузоштаанд, ки як сол боз бо дастури Бонки миллӣ, рубли русии аз хориҷ воридшуда баръакс ба таври автоматӣ конвертатсия мешавад. Ҳамакнун рублҳои ирсолкардаи муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон ҳам новобаста аз инки онҳо мехоҳанд ё на, бо пули миллӣ пардохт мешавад.

Лаҳзаи сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ бо Шамсиддин Ҷалолов
Лаҳзаи сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ бо Шамсиддин Ҷалолов

​Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки мушкили табдили асъор як паёмади дигари баста шудани фаъолияти саррофиҳои мустақил дар кишвар аст. Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси тоҷик гуфт, "ин силсилаи паёмадҳоест, ки мо пештар ҳушдор дода будем. Низоми муайяне буд, ки мардум роҳат як миқдор пули худро иваз мекарданд ва корҳои муҳимашонро анҷом медоданд. Ин масъулиятро бонкҳо ба дӯш гирифтанд. Аммо дуруст фикр нашуд, ки оё аз уҳдаи ин кор мебароянд ё на.”

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, сабаб қабл аз ҳама дар бемасъулиятии бонкҳо аст. “Тибқи барномаву оинномае, ки бонк дорад, бояд ҳама вақт тибқи вазифаҳои ба дӯш гирифтааш хидмат расонад. Вақте дар бонк сиёсати дурусти пулӣ ва молӣ ба роҳ монда намешавад, ин ба муфлисшавӣ ва нобоварии муштариён оварда мерасонад”, - шарҳ дод ӯ.

Саррофиҳои хусусӣ дар Тоҷикистон баста шуданд
Саррофиҳои хусусӣ дар Тоҷикистон баста шуданд

Ба таъкиди ин таҳлилгар, Бонки миллӣ ҳоло бояд талош кунад, пеши роҳи чунин “амалҳои носолим ва худсарона”-и бонкҳоро бигирад. Иқтисоддонҳо мегӯянд, бонкҳо бояд бештар сари баргардонидани эътимоди мардум фикр кунанд. Эътимоде, ки се соли ахир ин муассисаҳои молӣ тақрибан аз даст додаанд. Бонкҳои Тоҷикистон тайи ин солҳо марҳилаи сахтеро пушти сар мекунанд ва ду бонк комилан аз фаъолият монда, "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" пардохтнопазир шуданд.

Мушкили навбатии бонкҳо, дақиқтараш камбуди дарёфти пули русӣ ва манъи конвертатсия ё табдили асъор зимни интиқоли пул дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик ҳоло дар Донишгоҳҳои мухталифи Русия таҳсил мекунанд ва интиқоли пул аз Тоҷикистон ба Русия ҳам маъмулан маҳз барои ин қишр сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG