Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни интихоботи президентӣ ва "оғози даври нави" Бердимуҳаммадов (ВИДЕО)


Яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Ашхобод
Яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Ашхобод

Дар Туркманистон 12-уми феврал интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва интизор меравад, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои 7 соли дигар раиси ҷумҳур боқӣ бимонад. Интихобот соати 7 субҳ ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд ва ба гуфтаи Кумиссиёни марказии интихоботи Туркманистон дар зарфи 3 соат бештар аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар раъй додаанд.

Ҳангоми раъйдиҳӣ дар як мактабе дар шаҳри Ашхобод Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, интихобот “сарнавишти мардум дар ҳафт соли ояндаро муайян мекунад”. Раиси ҷумҳури Туркманистонро аъзои хонавода ва аз ҷумла писараш ҳамроҳӣ мекарданд, ки як сол пеш вакили мардумӣ интихоб шуд. “

Телевизиони Туркманистон раъйдиҳии раиси ҷумҳурро нишон доданд.
Телевизиони Туркманистон раъйдиҳии раиси ҷумҳурро нишон доданд.

Дар сурати интихоб шудани ман, сиёсати пешгирифтаи мо барои боло бурдани некӯаҳволии мардум идома мекунад” – гуфт Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Раъйдиҳӣ соати 7 субҳ оғоз ёфт ва қарор аст, соати 7 шом ба поён расад.

Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ дар шаш соати аввали раъйдиҳӣ бештар аз 74 дар сади мардум дар интихобот ширкат карданд. Аммо хабарнигорони Радиои Озодӣ дар пойтахти Туркманистон мегӯянд, ки дар чанд ҳавзаи раъйдиҳӣ шумораи ками мардумро диданд. Рӯзи 10-уми феврал бахши туркмании Радиои Озодӣ гузориш дод, ки ба донишҷӯён дар як мактаби Ашхобод вазифа додаанд, ки баргаҳои раъйдиҳиро ба нафъи раиси ҷумҳур пур кунанд.

Туркманҳо Президент интихоб мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

​Дар интихобот 8 номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ шудаанд, ки инро вонамуд кардани интихоботи “демократӣ” дар Туркманистон арзёбӣ мекунанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тамоми бахшҳои ҷомеаро зери назорат дорад ва Туркманистон яке аз кишварҳои пӯшидаи ҷаҳон ба шумор меравад.

Михал Романовски, коршинос аз Бунёди Маршалл дар Амрико мегӯяд, “Ҳамаи интихоботҳои 25 соли пеш фиреб буд, чун дар кишвар на мухолифони воқеӣ вуҷуд доранд, ҷомеа саркӯб шудааст ва матбуоти мустақил тақрибан нест.”

Ба ғайр аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки аз соли 2006 раиси ҷумҳури Туркманистон аст, 7 номзади дигар, раисони ҳукуматҳо, вакилон ва мудирони баъзе аз ширкатҳоро ҳамчун номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кардаанд. Бори аввал аст, ки дар таърихи Туркманистон дар варақаҳои раъйдиҳӣ номзадҳои бештар аз як ҳизбро ҷой додаанд.

Нозирон мегӯянд, ҳеҷ яке аз интихоботҳои порлумонӣ ва ё раиси ҷумҳур дар ин кишвар мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ набудааст. Дар интихоботи соли 2006 ба гуфтаи Кумиссиёни марказии интихобот 89 дар сад ба тарафдории Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раъй доданд, дар интихоботи соли 2012 аз он ҳам бештар ва 97 дар сад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти 59-солаи кунунии Туркманистон, ки аз соли 2007 инҷониб зимоми қудратро дар даст дорад, мехоҳад, даври севум низ кишварашро раҳбарӣ кунад.

"Интихоботи 12 феврал истисно нест"

Дар маҷмӯъ, дар интихоботи президентии Туркманистон, ҳудуди 2 ҳазору 600 қитъа ва ҳавзаи овоздиҳӣ таъсис шуда, ҷараёни овоздиҳиро 3 ҳазору 223 нозири маҳаллӣ назорат мекунанд. Инчунин, Ишқобод нозиронро аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо даъват кардааст. Аммо то кунун ҳеч яке аз интихоботҳои ин кишвар аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ озод ва одилона арзёбӣ нашудааст.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch низ дар остонаи интихоботи президентии Туркманистон бо нашри як изҳорот баргузории интихоботи озоду шаффоф ва боадолатро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ зери суол бурд. Ин созмон ду рӯз пеш гуфт, дар Туркманистон барои интихоби озоди раҳбари давлат ҳеч шароит фароҳам нест.

"Кишваре, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунад..."

“Дар Туркманистон ягон бор интихоботи озоду боадолат баргузор нашудааст ва интихоботи 12 феврал низ истисно нахоҳад буд”, - гуфт Ҳю Уиллямсон, раҳбари Дидбони ҳуқуқи башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ. Ба гуфтаи вай, хулосаи созмон ба назорати пайвастаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон асос ёфтааст: “Дар кишваре, ки ҳуқуқи инсон сахт поймол мешавад, озодии баён, матбуот ва гирдиҳамоиҳо вуҷуд надорад, фикр мекунем, интихоботи озод низ баргузор нахоҳад шуд.”

Навбатпоӣ барои харидории орду шакар дар Туркманистон. Моҳи декабри 2016
Навбатпоӣ барои харидории орду шакар дар Туркманистон. Моҳи декабри 2016

Уиллямсон ҳамчунин қайд кард, ки мақомоти Туркманистон ба созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар иҷозат намедиҳанд, ки вориди ин кишвар шаванд. “Шарикони байналмилалии Туркманистон бояд ба Ишқобод фишор оварда, риояи ҳуқуқи асосии инсон ва иҷрои ислоҳоти деринтизорро талаб кунанд", - изҳор дошт ӯ.

Мушкили иқтисодӣ ва боди таҳдид аз Афғонистон

Туркманистон дар ҳоле интихоботи президентӣ баргузор мекунад, ки моҳҳои охир ин кишвар рӯзҳои начандон хубро паси сар гузошт. Дар бисёре аз фурӯшгоҳҳои Ишқобод маводи ниёзи аввалия камчин шуда, барои дарёфти чунин мавод навбатпоии зиёд мушоҳида гардид. Ҳоло бонкҳои ин кишвари пули сокинонро бо маҳдудият медиҳанд.

Вебсайти Stratfor навиштааст, вазъи мушкили иқтисодӣ ва боди таҳдидҳо аз тарафи Афғонистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро водор кардааст, ки зимоми ҳукуматро ҳарчӣ бештар дар қабзаи худ ҷо кунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ ва тағйири Қонуни асосӣ дар соли гузашта, ки интихоби президентро аз панҷ то ҳафт сол тамдид карда ва садди интихоби танҳо то ҳафтодсолаҳоро аз байн бурд, нашрияи бритонёии Guardian гуфтааст, баъид ба назар мерасад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пирӯзи интихоботи 12 феврал нашавад. "Вақте баъд аз марги Сафармурод Ниёзов ба қудрат расида буд, кеши шахспарастиро аз миён бурд, вале бо гузашти замон парастиши худро ба роҳ гузошт. Дар кишвар матуботи озод нест ва ин шояд баъд аз Куриёи Шимолӣ кишвари дувуми пӯшида дар ҷаҳон бошад", - таъкид кардааст нашрия.

Баъди Туркманбошӣ... Боз Туркманбошӣ?

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҳоли иҷрои суруд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҳоли иҷрои суруд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти 59-солаи кунунии Туркманистон, ки аз соли 2007 инҷониб зимоми қудратро дар даст дорад, яке аз номзадҳои асосии интихоботи 12 феврал аст ва мехоҳад, даври севум низ кишварашро раҳбарӣ кунад.

Вай соли 2006, баъд аз марги раҳбари пешин Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ), дар садри Туркманистон нишаст ва дар интихоботи президентии соли 2012 бо дарёфти тақрибан 97 дар сади раъй пирӯз шуд. Бердимуҳаммадов дар гузашта дар мақомҳои муовини раиси ҳукумат ва вазири беҳдошт кор кардааст.

XS
SM
MD
LG