Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвандаи пурсарусадои даврони нахуствазирии Эрдуғон


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Парвандаи пурсарусадое, ки дар замони нахуствазирии Раҷиб Таййиб Эрдуғон боз шуда, боис ба барканории се вазир гардида буд, ҳоло дар замони раёсати ҷумҳурияш қатъ шудааст. Шореҳон мегӯянд, ин ҳанӯз поёни кор нест.

Додситонии Туркия дар бораи қатъи парвандаи пурсарусадое тасмим гирифт, ки ифтитоҳаш мунҷар ба истеъфои се вазири ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон шуда буд. Нашрияҳои чопи Туркия рӯзи 18 октябр хабар доданд, ки дар робита ба парвандаи фасод дар доираҳои ҳукуматӣ 53 мансабдор боздошт шуда буд, аммо додситонӣ рӯзи ҷумъа эълом дошт, муфаттишон дар бораи даст доштани ин афрод дар фасод далели мӯътамад пайдо накардааст.

Моҷаро моҳи декабри соли гузашта баъд аз он бархост, ки фарзандони се вазир дар ришваситонӣ айбдор шуданд. Ба дунболи ин Зафар Ҷаглаён -- вазири иқтисод, Муаммар Гулер – вазири умури дохилӣ ва Эрдуғон Байрактар – вазири муҳити зист ва шаҳрсозии Туркия аз мақомҳояшон истеъфо доданд. Ба гуфтаи пулис, аз ҷумла, Солеҳхон Ҷаглаён, писари вазири иқтисод, миёни 24 нафаре буд, ки барои ҷиноятҳои силсилаӣ дар робита бо парвандаи бонки давлатии “Халқбонк” боздошт шуданд.

Парвандаи фасоди молӣ боиси хашми нахуствазири вақти Туркия ва ҳоло раиси ҷумҳури ин кишвар -- Раҷаб Таййиб Эрдуғон шуда буд. Ӯ дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатии Туркия парвандаро "дасисае барои зарба ба истиқлол ва пешрафти Туркия" хонд. Нахуствазири Туркия аз расонаҳо ба хотири ин, ки ҷанҷоли фасоди молии ахирро "бузургтарин фасоди молииТуркия" номида буданд, интиқод кард ва гуфт, дастҳое аз хориҷ дар садади бадном кардан ва суқут додани ҳукумати ҳизби ҳокими Туркия аст. Ҳамон вақт Эрдуғон шахсан дастур дод, ки чанд тан аз додситонҳои барояш номатлуб аз тафтиши ин парванда канор гузошта шаванд.

Эрдуғон ҳамчунин талош намуд, то фаъолияти бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоро дар қаламрави Туркия қатъ кунанд, зеро онҳо дар бораи даст ба фасод задани худи нахуствазир ҳам маводи фаровон нашр карданд. Аз ҷумла дар YouTube сабти сӯҳбати телефоние пайдо шуд, ки дар он сиёсатмадор ва писараш роҳҳои чӣ гуна «шустушӯ» кардани маблағи бузургро меҷустанд.

Қудрат Шаҳидӣ, шореҳи масоили сиёсӣ, мегӯяд, Додситонии кулли Туркия барои қатъи парвандаи пурсарусадои фасод дар доираҳои ҳукуматӣ се далел овардааст: “Яке аз он далоил ин аст, ки ин 53 нафар, аз ҷумла, писарони се вазири кобинаи Эрдуғон дар як соли пеш, бар пояи қавонини Туркия муртакиби ҷурме нашуданд. Далели дувум – мадорик ва санадҳое, ки аз тарафи пулис ва додситонӣ дар робита ба ин парванда ҷамъоварӣ шудааст, кофӣ нестанд ва ноқисанд. Саввумин далел ин аст, ки ин 53 нафар ягон гурӯҳи ҷиноие ташкил накарда буданд. Ба ин далоил парванда баста шуд”.

Аммо мусоҳиби мо меафзояд, “баста шудани парванда ба он маъно нест, ки парвандаи ин афрод аз ин баъд дунбол нахоҳад шуд, эҳтимол дорад дар шаҳрҳои дигари Туркия афроде дигар шикоятҳое матраҳ кунанд ё санаду мадорики нав ҳам пайдо шаванд, ки боиси ифтитоҳи парвандаҳои тоза гардад. Аз сӯи дигар, ба навиштаи расонаҳои Туркия, ин поёни кор нест ва ҳизбҳои мухолифи ҳукумату иддае аз ҳомиёни ҳуқуқи башар дар ояндаи наздик ин парвандаҳоеро ба навъе дубора боз кунанд”.

Туркия кишварест, ки дар давоми нахуствазирии Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба пешрафтҳои иқтисодӣ даст ёфтааст. Шореҳон мегӯянд, маҳз ҳамин комёбиҳои иқтисодӣ ба ӯ имкон доданд, ки моҳи августи соли равон нахустин бор дар таърихи Туркия интихоби президентӣ аз тариқи раъйдиҳии оммавии мардум баргузор ва ӯ пирӯз гардад.

XS
SM
MD
LG