Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи сиёҳ барои демократия." Эътироз ба зидди қонуни нав дар Гурҷистон


Тбилиси, 14-уми майи 2024
Тбилиси, 14-уми майи 2024

Ҳазорон сокини норозии Гурҷистон рӯзи 15-уми май ба зидди қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ" дар шаҳри Тбилиси эътироз карданд.

Бо вуҷуди мухолифати мардум ва танқиди Амрикову Иттиҳоди Аврупо, порлумони Гурҷистон рӯзи 14-уми май қонуни пешниҳодии ҳизби "Орзуи гурҷӣ"-ро пазируфт. Онро ба қонуни "агентҳои хориҷӣ"-и Русия монанд мекунанд, ки асосан барои саркӯби мухолифону созмонҳо ва расонаҳои мустақил истифода мешавад.

Бино ба қонуни нав, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст.

Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ қавл дод, ки ба қонун "вето" хоҳад гузошт, вале ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" ва ҳампаймонҳояш дар порлумон барои нодида гирифтани он нерӯи кофӣ доранд.

80 вакили порлумони Гурҷистон ба тарафдорӣ аз қонун рой дода, 30 нафар муқобил баромаданд. Пас аз қарори ниҳоии вакилон, мардуми норозӣ ва хашмгин саъй карданд, ки монеаҳои оҳании назди порлумонро шикананд, аммо бо ҳамлаи пулиси зидди шӯриш дучор шуданд.

Тбилиси, 14-уми майи 2024
Тбилиси, 14-уми майи 2024

Ба камияш 13 нафар дастгир шуд. Пулис баъзеи онҳоро бо зӯру хушунат гирифтааст. Аз ҷумла, пизишкони як шифохонаи Тбилиси гуфтанд, ҳангоми боздошт устухони охурак ва ҷоғи фаъол Давит Катсарава шикаст.

Вакили мудофеи Лазаре Григориадис, як ҷавони эътирозгар, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ҳангоми боздошт латукӯб кардаанд. "Чеҳрааш осеб дидааст, сараш низ захмист," - афзуд ӯ.

Ираклий Берадзе, донишҷӯйи Донишгоҳи Давлатии Илия, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман гурҷӣ ҳастам, яъне аврупоӣ" ва афзуд, "мо озодӣ мехоҳем, ҳамин. Ба зидди қонуни русӣ, режими русӣ эътироз мекунам ва барои озодӣ мубориза мебарам."

Пеш аз овоздиҳии ниҳоӣ дар порлумон миёни вакилони “Орзуи гурҷӣ” ва намояндагони мухолиф занозанӣ шуд.

Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тарҳи қонунро маҳкум карданд. Онҳо гуфтанд, Гурҷистон аз қонуни шабеҳи Русия, ки президент Владимир Путин барои саркӯби мухолифон ва ниҳодҳои мустақил истифода мебарад, пайравӣ кардаанд.

Ҷеймс О'Брайен, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, дар сурати ба иҷро даромадани қонуни нав дар Гурҷистон муносибати Вашингтон бо ин кишвари Қафқози Ҷанубӣ "зери хатар хоҳад уфтод". "Он вақт ёриҳои Амрико ба Гурҷистон мавриди бозбинӣ қарор мегиранд," – афзуд ӯ.

Гурӯҳе иборат аз 11 сенатори амрикоӣ дар баёнияе қабули қонунро "рӯзи сиёҳ барои демократияи Гурҷистон" номиданд.

Намояндагии Созмони Милал дар Тбилиси ҳушдор дод, ки қабули қонун "ба озодии баён таҳдид мекунад" ва аз мақомоти Гурҷистон хост, ки муносибати хушунатомезро бо эътирозгарон тафтиш кунанд. Ираклий Кобахидзе, сарвазири Гурҷистон, баръакс, эътирозгаронро ба "бемасъулиятии бузург" дар баробари кишвараш накӯҳиш кард.

Эътирозҳо ба зидди қонуни "агентҳои хориҷӣ" яке аз тазоҳуроти бузургтарин дар Гурҷистон аз замони истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 аст.

XS
SM
MD
LG