Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи миллиард долларии Иттиҳодияи Аврупо ба Осиёи Марказӣ


Дар остонаи нишасти 13-уми вазирони хориҷӣ дар Самарқанд раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могеринӣ бо пахши изҳороте гуфт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои Аврупо аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар изҳороте, ки рӯзи 8 ноябр аз ҷониби дафтари Иттиҳодияи Аврупо пахш шуд, гуфта мешавад, ки дар нишасти рӯзҳои 10 ва 11 ноябр дар Самарқанд, раҳбари олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва

Барои рушди устувори минтақа то соли 2020 дар ҳаҷми тахминан 1,2 миллиард евро кӯмак мерасонем.

амният Федерика Могеринӣ ва вазири Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ Невен Мимитса ширкат хоҳанд кард.

Дар остонаи сафар Могеринӣ гуфт: "Осиёи Марказӣ барои Иттиҳоди Аврупо аҳамияти стратегӣ дорад. Дар масъалаҳои гуногун, аз амният то мубориза алайҳи тундгароӣ ва ифротгароӣ, аз тиҷорат то дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ - Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа шарикони наздик мебошанд”. Могеринӣ гуфтааст, ки ин мулоқотҳо ба хотири баррасии дастовардҳои ахир ва баррасии нақшаву барномаҳои нави ҳамкорӣ муфид аст.

Кӯмаки молӣ ба Осиёи Марказӣ

Дар нақли қавл аз Невен Мимитса дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо гуфта мешавад, ки ин ниҳод омода аст ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми беш аз як миллиард доллар кӯмак ироа кунад. Мимитса гуфтааст:

"Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шарики асосӣ аст ва мо омодаем, ки ҳамкориамонро бо ин минтақа таҳким бахшем. Барои рушди устувори минтақа то соли 2020 дар ҳаҷми тахминан 1,2 миллиард евро кӯмак мерасонем. Ҳамроҳ бо шарикони Осиёи Марказиамон, мо ташаббусҳо ва ислоҳотеро, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, мудирияти хуб, идоракунии захираҳои обӣ, ривоҷи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва идоракунии сарҳадот равона карда шуданд, дастгирӣ мекунем."

Невен Мимитса аввал аз рост дар мулоқоти вазирони хориҷаи ИА ва ОМ
Невен Мимитса аввал аз рост дар мулоқоти вазирони хориҷаи ИА ва ОМ

Мулоқоти Самарқанд бештар ба баррасии масоили амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин ба нақши Иттиҳоди Аврупо дар минтақа нигаронида мешавад. Инчунин, дар Самарқанд Могеринӣ дар конфронси "Осиёи Марказӣ: гузашта ва ояндаи муштарак, ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва шукуфоии якҷоя" ширкат карда бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ мекунад.

Дар Самарқанд дар баробари дигар мақомоти минтақавӣ инчунин қарор аст вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳам иштирок ва суханронӣ кунад.

Human Rights Watch: Мурооти ҳуқуқи башар фаромӯш нашавад

Дар остонаи сафар ба Самарқанд созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон аз мақомоти баландпояи аврупоӣ даъват кард, ки аз ҳамкоронашон дар Осиёи Марказӣ мурооти ӯҳдадориҳои ҳуқуқиро тақозо кунанд. Ин созмон дар остонаи мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Самарқанди Узбакистон, ки қарор аст ҳафтаи ҷорӣ баргузор шавад, изҳороте пахш кардааст.

“Иттиҳодияи Аврупо бояд ба ҳуқуқи башар арҷ гузорад ва ин мавзуъ дар барномаи ҳамкориҳои Аврупо бо Осиёи Марказӣ бояд мавзӯи калидӣ бошад”-, гуфтааст Филипп Дам, раҳбари барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch.

Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили ҳуқуқи башар "нишондодҳои поин доранд" ва ҳукуматҳои ОМ дар амри пахши садои мунаққидон даст ба боздоштҳои сиёсӣ мезананд.

Дар робита бо Тоҷикистон гузориш мегӯяд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар баъди соли 2015 якбора бад шуд ва 150 фаъоли сиёсӣ пушти панҷара рафт. Human Rights Watch мегӯяд, дар миёни онҳо ҳуқуқшиносон, фаъолон ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд. Мақомоти тоҷик дар робита бо САҲА – Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз мавзеи тунде кор гирифтанд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG