Пайвандҳои дастрасӣ

HRW Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқи башар даъват кард


Қарор аст рӯзи панҷшанбеи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе 9-умин музокироти сатҳи баланди мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар, баргузор шавад. Интизор меравад барои ширкат дар ин ҷаласа аз Брюссел Питер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Тайво Клаар, раиси бахши Осиёи Марказӣ дар департаменти умури хориҷӣ, ташриф биёранд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дар қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел, хабар доданд. Намояндаи идораи Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо барои гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи башар, даъват шудаанд.

Намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон гузориши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар хусуси шиканҷа шудани вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шуҳрат Қудратовро рад кард ва онро беасос донист.

Дар остонаи ин нишаст созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки ба Тоҷикистон фишор оваранд, то дар ин кишвар саркӯбҳои сиёсӣ хотима ёбанд. Охирин музокироти миёни Аврупову Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар июни соли 2016 баргузор шуда буд.

Рӯзи 10-уми октябр Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар ин созмон бо пахши изҳороте гуфт, ки музокироти охирини ду ҷониб дар марҳилае барпо шуд, ки Тоҷикистон дар таърихи навини худ давраи шадидтарини саркӯбҳои ҳуқуқи башарро пушти сар мекард.

Human Rights Watch мегӯяд, шаш рӯз пеш аз музокироти ҳуқуқи башари Тоҷикистону ИА дар Душанбе, додгоҳ дар Тоҷикистон раҳбарони ҲНИТ-ро ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Ин ҳизб сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва террористӣ эълон шуд, вале худи аъзо ва раҳбарияти ҳизб ҳеҷ гоҳ бо иттиҳомоти зидди худ ва ҳизбашон розӣ набуданд.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

“Додгоҳҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ буданд ва муҷримон мавриди шиканҷа қарор гирифтанд”,- омадааст дар изҳороти созмони ҳуқуқи башар. Ба иттилои ин созмон, дар давоми ду соли охир беш аз 150 фаъоли сиёсӣ ба зиндон маҳкум шуданд ва вазъи ҳуқуқи башар рӯ ба бадшавӣ овардааст.

Стив Свердлов дар гузориши худ инчунин аз сарнавишти вакилони дифоъ Шӯҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба навиштаи ӯ, бо ҳукмҳои ноодилона маҳкум ба зиндон шудаанд. Ин созмон мегӯяд, ки аз тарси фишору саркӯбҳо бисёре аз фаъолони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ аз Тоҷикистон фирор кардаанд.

Human Rights Watch аз мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва дигар аъзои ҷомеаи байналмилалӣ хостааст, ки фишорро болои Тоҷикистон дар заминаи ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар афзоиш диҳанд, чун, ба қавли ин созмон, “нороҳатии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла ИА дар ин замина, ба сахтӣ шунида мешавад”. Фаъолони ҳуқуқ аз Аврупо хостаанд, ки аз Тоҷикистон посух ва иқдоми қотеъро дар заминаи мурооти қонун ва ҳуқуқи башар тақозо кунанд, то ин ҳама даъватҳо натиҷа диҳад.

Дар робита бо интиқод ва нигарониҳои марбут ба афзиши ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки мувофиқ бо меъёрҳои қонун амал карда, дар зиндонҳои кишвар ҳеҷ нафаре бо иттиҳомоти сиёсӣ маҳкум нашудааст.

Мақомоти тоҷик ҲНИТ ва аъзои онро дар фаъолиятҳои тахрибкорона муттаҳам карда, масъулияти ошӯби мусаллаҳонаи сентябри соли 2015 дар Душанберо ба дӯши ин ҳизби сиёсӣ вогузор кардааст. ҲНИТ, ки баъди ин ғайриқонунӣ эълон шуд, ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомотро қабул накардааст ва пайваста мегӯяд, ки ошӯби мусаллаҳона баҳонае барои бастани ҳизби сиёсии мухолифин дар Тоҷикистон будааст.

Суҳайлӣ Қодиров, намояндаи Идораи ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар мавриди 150 фаъолони сиёсие, ки ба иддаои созмонҳои ҳуқуқи башари хориҷӣ гӯё дар маҳбас қарор доранд ва маҳбуси сиёсӣ ҳастанд, гуфт, “ин афроде, ки аз онҳо маҳбуси сиёсӣ ном бурда мешавад, онҳо сиёсӣ нестанд ва бар асоси ҷиноятҳое, ки содир кардаанд, тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон ба солҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шудаанд". Суҳайлӣ Қодиров хабарҳо дар хусуси шиканҷа шудани вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шуҳрат Қудратовро низ рад кард ва онро беасос донист.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ.

Раҳматуллоҳ Зоиров, ҳуқуқшиноси тоҷик ва раиси ҲСДТ мегӯяд, тайи чанд сол аст, ки чунин музокироти ҳайати мақомоти Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад, вале дар он намояндагони созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи башар ҳузур надоранд ва кадом масъалаҳои калидӣ оид ба ҳуқуқи башар дар кишвар баррасӣ мешавад, барои ҷомеа норӯшан боқӣ мемонад.

"Мо намедонем дар музокираи соли гузашта кадом масъалаҳо баррасӣ шудаанд ва мақомоти давлатӣ кадом проблемаҳои мавҷуди ҳуқуқи башарро ҳаллу фасл карданд. Агар намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо оид ба масъалаи ҳуқуқи башар дар ибтидо бо созмонҳои ҳуқуқи башари маҳаллӣ мулоқот мекарданд ва пешниҳодои онҳоро ба эътибор мегирифтанд ва баъдан бо мақомоти давлатӣ музокира менамуданд, натиҷаи беҳтар медод",-афзуд ҷаноби Зоиров.

Дар ҳамин ҳол, Маҳбуба Абдуллоева, намояндаи Дафтари матбуоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ки дар ин музокира танҳо намояндагони мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG