Раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон вазъияти кишварҳои Осиёи Марказиро дар масоили тундгароӣ ва ифротгароӣ, "хеле нигаронкунанда" гуфт. Ҳидоят Бишчевич ин матлабро рӯзи сешанбеи 11 октябр зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалии “Роҳҳои ҳалли мушкилоти тундгароӣ ва ифротгароӣ – назари Осиёи Марказӣ”, баён кард. Вай ин мавзӯъро ба ҳаммарз будани ин кишварҳо бо Афғонистон марбут донист ва гуфт, ки “вазъияти мавҷуд дар Афғонистон хоҳу нохоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон таъсири амиқи худро мегузорад.”
Раҳбари Иттиҳоди Аврупо роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин вазъиятро пешниҳод кард ва гуфт, ки тариқи густариш додани демократия дар кишвар метавон аз тундгароӣ ва ифротгароӣ ҷилавгирӣ намуд. Вай гуфт, Тоҷикистон, ки таҷрибаи талхи ҷанги дохилиро дошт, дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм метавонад ин таҷрибаро истифода кунад .
Ҳамчунин Ҳидоят Бишчевич ба ҳамкории ҷомеаи маданӣ бо давлати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи тундгароӣ таъкид кард ва гуфт, “ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад ва ба давлати Тоҷикистон дар мубориза бо тундгароӣ мусоидат ва ҳамкорӣ кунад”.
Раҳбари раҳбари намояндагии ИА дар Тоҷикистон роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин вазъиятро пешниҳод кард ва гуфт, тариқи густариш додани демократия дар кишвар метавон аз тундгароӣ ва ифротгароӣ ҷилавгирӣ кард.
Ба гуфтаи ҷаноби Бишчевич, коршиносони Аврупо омодаанд ба давлати Тоҷикистон ва ҷомеаи мадании ин кишвар дар заминаи ҷилавгирӣ аз тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеа ва мубориза алайҳи ин падидаҳо, тавсияҳои худро ироа кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Нигина Баҳриева, раиси созмони "Нотабене", баргузории ҳамоиши мазкурро таҳти сарпарастии Иттиҳоди Аврупо муҳим хонд ва гуфт, ки “Иттиҳодияи Аврупо аз соли 2009 то кунун ҳамин гуна нишастҳо баргузор мекунад, ки ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон аст”.
Дилафрӯз Самадова, вакили дифоъ дар ҳамоиши “Роҳҳои ҳалли тундгароӣ ва ифротгароӣ - назари Осиёи Марказӣ”, ба риояти вазъи ҳуқуқи башар ба ҳангоми мубориза алайҳи ифротгароӣ дар Тоҷикистон таъкид кард.
Хонум Самадова бо такя ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ гуфт, ки “донишҷуёни “фаъол” ба хонаводаи яке аз фаъолони ҳизби мамнӯи наҳзати илсомӣ ҳамла карда ва тухм партофтаанд, ки ин нақзи ҳуқуқи башар аст”. Ба гуфтаи вай, “дар ин гуна ҳолатҳо набояд аз ин гуна роҳҳо ва шеваҳо истифода шавад. Зеро ҳуқуқи инсон поймол хоҳад шуд.”
Ҳамоиши байналмилалии “Роҳҳои ҳалли мушкилоти тундгароӣ ва ифротгароӣ – назари Осиёи Марказӣ”, бо ширкати намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, масъулони ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи мадании кишвар субҳи рӯзи душанбе дар толори меҳмонхонаи “Шератон” дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР ХОҲАД ШУД